Рушди ҳамаи соҳаҳо, таъмини шароити зиндагии шоиставу пурсаодат, бунёдкорию ободонӣ аз иқтисодиёти қавӣ вобаста аст. Омор бо баробари пайдоиши нахустин давлатҳо бунёд шуда, бо тақозои замон инкишоф ёфтааст. Ҳанӯз аз замони қадим ҳокимони давр дарк карда буданд, ки ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти давлатдорӣ маълумоти дақиқ доштан дар бораи нуфуси аҳолӣ, майдони кишт, саршумори чорво ва миқдори силоҳу аслиҳа ва ғайра ҳатмист.
Дар замони муосир, бахши омор ё баҳисобгирӣ дар тамоми кишварҳо ниҳоди махсуси давлатӣ ба шумор рафта, мутахассисон пайваста барои рушди устувори ин соҳа талош меварзанд.
Тоҷинисо Манонова сармутахассиси раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи он мутахассисонест, ки имрӯз дар самти соҳаи омор фаъолияти босамар дорад.
Номбурда соли 1980 дар ноҳияи Темурмалик чашм ба дунё кушодааст. Пас аз хатми мактаб ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, унвони донишҷӯро соҳиб мегардад, вале бино бар сабаби оиладоршавӣ муваққатан аз таҳсил дур монда ба тарбияи кӯдакон машғул мешавад.
- Дар оила шаш духтару як писар будем. Имрӯз шукрона ҳама соҳибмаълумоту хонаободем. Падарам он вақт дар шуъбаи омори ноҳия фаъолият мекард. Ёдам ҳаст, тариқи телефон аз хона омори пахтаву дигару дигарро аз хоҷагиҳо мегирифт, то нимашаб ҳамроҳаш назди гӯшӣ нишаста интизори ҳисобот будем. Баъди ҷамъбаст бозам тариқи телефон ба маркази вилоят ҳисобот медоданд, ки бароям бисёр шавқовар буд. Шояд ҳамин пеша аз падар бар ман гузашта бошад, - бо табассум иброз медорад Тоҷинисо ва меафзояд, - модарам омӯзгори фанни забон ва адабиёт буданд ва ба мо аз интихоби касб дарс мегуфтанд. Ҳар вақт навбати ман мешуд, дар бораи касби интихобнамудаам - ҳуқуқшинос бо шӯру ҳавас сухан мегуфтам.
Аз овони хурдӣ ташаббуспешаву навовар, дӯстдори варзишу қобили хона буд. Тавре иқрор меояд қиблагоҳ ӯро «паҳлавондухтари ман» гуён навозишаш мекард.
- Аз таҳсил дар Донишгоҳ канор рафтам, вале дар ин миён дар Литсейи касбии дӯзандагӣ касби тарроҳиро аз худ кардам. Фаъолияти меҳнатиям соли 2000-ум дар фабрикаи «Суман» оғоз гардид. Баъдан корро дар Хонаи кӯдакони №1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун мураббӣ идома додам, - иброз дошт Тоҷинисо.
Баъд аз таваллуди фарзанди сеюм дар Агентии омор ба кор баромад. Маъракаи барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 дар ҳаёташ нақши муҳим бозид.
- Эълони корманди шартномавӣ барои барӯйхатгирии аҳолиро тариқи телевизион шунида, ба идораи Агентии омори ноҳияи Сино омадам ва ба кор сар кардам. Баъди ба анҷом расидани маъракаи барӯйхатгирӣ ҳамчун корманди штатӣ (оператори барӯйхатгирии аҳолӣ) дар ин ниҳод мондам. Кор душворӣ надошт, зеро дар ин самт аллакай таҷриба доштам. Ҳама он маълумотҳое, ки замони барӯйхатгирӣ дастӣ сабту ҷамъоваригашта, акнун дар шакли электронӣ ба барнома ворид менамудем, - изҳор медорад Тоҷинисо.
Хуб мефаҳмид, ки барои идомаи фаъолият соҳиби таҳсилоти олӣ будан шарт ва зарур аст. Аз ин ваҷҳ ҳамон сол таҳсилашро дар Донишгоҳ барқарор намуд ва дар маъракаи бузурги дигар - барӯйхатгирии кишоварзии ҷумҳурӣ ширкати густарда варзид.
- Оғози кор бо ширкат дар ду маъракаи муҳими оморӣ бароям таҷрибаи хуб гардид. Маҳз дар ҷараёни ҳамин чорабиниҳои бақайдгирӣ, савия ва малакаи кориву донишамро дар соҳаи омор устувор намудам. Пас аз хатми Донишгоҳ ва соҳиби диплом шуданам корро ҳамчун мутахассис ва мутахассиси пешбар дар шуъбаи кадрҳо идома додам, вале ҳисобу китоб ва ҷамъоварии омору арқоми мухталиф бароям ҷолибтар буд. Аз ин рӯ, барои гиифтани маълумоти иқтисодӣ камар бас¬там.
Барои мутахассиси хуби соҳа шудан маълумоти иқтисодӣ мебоист ва соли 2018 ба факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, соли 2021 онро бо ихтисоси молия бомуваффақият хатм намуд.
Бо гирифтани тахассуси иқтисодӣ корро дар раёсати нарх ва буҷети хонавода ба симати сармутахассис идома дод. Алҳол дар раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии Агентии омор масруфият дорад.
Ба гуфтаи мутахассиси варзидаи соҳаи омор Тоҷинисо Манонова Тоҷикистон тавонист нишондиҳандаҳои омори миллиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ дар баробари ҳамаи бахшҳои давлатдорӣ, фаъолият ҷиҳати ҷамъоварии омори дақиқу саҳеҳ ба тарзи бесобиқа густариш ёфта, аз ҷониби давлату Ҳукумат ба ин ниҳоди давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷамъоварии маълумоти сифатноки оморӣ барои таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, демографию экологӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар, қабули қарор дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва сари вақт паҳн намудани маълумоти боэътимоди оморӣ аҳамияти хосса дорад.
фаъолият дар раёсати мазкур барояш писанд аст. Дар ин идора маълумоти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ таҳлил мегарданд ва дар ҷамъбаст дар як нишондиҳанда инъикос меёбанд. Ин бонуи сарвқомат ба ҷуз вазифаи асосӣ капитани дастаи волейболи бонувони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар бозии шоҳмот ва шиноварӣ моҳир аст. Инчунин, дар кафедраи омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба донишҷӯён аз фанни омор дарс мегӯяд.
- Дар Агентӣ ҳафтае 2–3 маротиба, баъд аз кор як соат ба варзиш машғул мешавем. Барои ин дар коргоҳ тамоми шароит муҳайёст. Варзишгарон аз тарафи корхона бо сарулибоси варзишӣ таъминанд. Дар мусобиқаҳои байниидоравӣ ширкат меварзем. Бонувон низ дар баробари мардон бояд ба варзиш бипайванданд. Ин бисёр муҳим аст, ҳам барои саломатӣ ва ҳам барои зебо мондани зан. Лоақал ҳар саҳар 15–20 дақиқа ба гимнастикаи бадан машғул шудан манфиатбахш аст. Тамрини субҳгоҳӣ барои тамоми рӯз ба инсон неруи тоза мебахшад, - меафзояд Тоҷинисо Манонова.
Кас аз дидани чунин бонуи фаъоли ҷомеаи навин хуш мешавад. Бонуе, ки рӯзгори шоиста дораду баҳри соҳибмаълумот гаштан пайваста мекӯшад. Се писари худро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбият намуда, тарзи ҳаёти солимро таблиғ мекунад ва худ намунаи ибрати дигарон аст. Кӯшишу ғайрати пайвастаи бонуи кордону бофаҳм ва фаъоли Агентии омор Тоҷинисо Манонова намунаи ибратест барои духтарони навкор.
Далер САФАР