Хуршедаи Қодир пас аз хатми донишгоҳи Пунаи кишвари Ҳиндустон чун мутахассиси бахши иқтисодӣ корро аз Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «амонатбонк» оғоз намуд. Сипас, дар кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муовини сардори раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ фаъолияташро идома бахшид. Шуруъ аз соли 2020 муовини раиси кумита аст.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдор оид ба ҷалби сармоягузорӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатӣ муайян гардида, аз ҷониби давлату Ҳукумат барои рушду нумӯи ин самтҳо шароитҳои мусоид фароҳам меорад, - гуфт дар оғози суҳбат Хуршедабону.
79 ҳазор бонуи соҳибкор
Рушду такомули самтҳои иқтисодӣ, бахусус соҳибкорӣ ва саноатикунонии босуръат дар мамлакат зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин раванд тадбирҳои мушаххас мавриди амалӣ гардондани он роҳандозӣ шудаанд. Албатта, роҳандозии самти корӣ, муҳайё намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда, дурнамою барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳавиро тақозо менамоянд, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои дахлдор амалӣ гашта истодаанд.
Чанде пеш Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки зимни тарҳрезии он таклифу пешниҳод ва назари соҳибкорон ба эътибор гирифта шуд.
Ҳамчунин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2023–2027» дар асоси супориши Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ таҳия намудааст, ки алҳол мавриди баррасӣ қарор дорад, - ироа дошт мусоҳибам.
Ба гуфтаи мавсуф, таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, рақобатпазирӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии барнома буда, барои расидан ба он якчанд вазифаҳои зарурӣ, аз ҷумла такмили конунгузорӣ ва низоми ҳимояи давлатии манфиатҳои қонунии соҳибкорон, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва баланд бардоштани қобилияту малакаи касбии соҳибкорон амалӣ карда мешаванд.
- Соли гузашта таҳти раёсати раиси Шурои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҷаласаи 22-юми Шуро доир шуд, ки дар он аз ҷониби Раиси Шуро таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дастур дода шуд. Аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ лоиҳаи барнома таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳолати моҳи январи соли 2023 беш аз 340 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли гузашта 1300 нафар зиёд аст. Аз ин шумора 79 ҳазорро бонувон ташкил медиҳанд.
Дастгирии соҳибкорони навкор ва соҳибкорзанон
Хуршедаи Қодир мегӯяд, ки дар назди Кумита Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва бахшҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ фаъолият доранд, ки тавассути мутахассисон ва соҳибкорони муваффақи кишвар ба онҳое, ки акнун ба ҷодаи соҳибкорӣ қадамҳои нахустини хешро мегузоранд, мусоидати амалӣ мерасонанд. Соҳибкорони навкор ба чорабиниҳои омӯзишӣ ҷалб мегарданд, тарзи омода намудани нақшаҳои тиҷоратиро меомӯзанд ва барои дастрасӣ доштан ба маблағ барои татбиқи лоиҳаҳо ва ҳамкорӣ бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ роҳнамоӣ мешаванд.
- Фаъолияти соҳибкории бонувон асосан ба самти истеҳсолӣ равона шудааст. Аз он ки солҳои 2022 - 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, соҳибкорзанон низ талош бар он доранд, ки саҳми худро дар рушди саноатикунонии кишвар гузоранд. Маблағ, ки воситаи асосии пешбурди ҳама гуна кор аст, аксари бонкҳо ба хотири дастгирии соҳибкории бонувон бо фоизҳои паст қарзҳои бонкӣ медиҳанд. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» барои соҳибкоронест, ки самти кориашон ба истеҳсолот равона шудааст.
Соли гузашта аз 260 субъекти соҳибкорӣ, ки дар 53 шаҳру навоҳии кишвар амал дорад, беш аз 400 млн сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо шуда, ки аз ин 46 лоиҳа ба соҳибкории бонувон рабт дорад, – иброз медорад мавсуф.
Ҷалби сармоягузорӣ
Беҳтар гаштани фазои сармоягузорӣ, афзоиши воридоти сармоя, ки тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ тасдиқ шудаанд, гувоҳ аст.
Рақобатпазирии ҷалби сармоя дар кишвар тавассути пешниҳоди шарту шароити мусоид ва имтиёзу сабукиҳои дахлдор дараҷабандӣ гардида, таваҷҷуҳи сармоягузоронро барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок равона менамоянд. Дар оянда низ ҳамкориҳо, пешниҳоди лоиҳаҳо, имтиёзҳо ва тарғибу ташвиқ дар ин самт метавонад сармоягузорони бештарро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ҷалб намояд ва ин раванд мунтазам ба талаботи муосир мутобиқ кард а шуда истодааст. Иштирок ва пешниҳоди маҳсулот дар форуму намоишгоҳҳои хориҷию ватанӣ ба он хотир аст, ки шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд ва сармоягузорон бештар ҷалб шаванд.
- Рушди бахши хусусӣ, фазои солими соҳибкорӣ имрӯз яке аз бахшҳои калидии сиёсати иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ эътироф гардидааст. Дар баробари ислоҳоти татбиқшаванда, маърифати ҳуқуқии соҳибкорон низ беҳтар шуда истодааст. Савияи дониши соҳибкоронро дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ (бизнес - план) баланд бардошта, ҷиҳати ҳамқадами замон будани фаъолияти онҳо тадбирҳои назаррас роҳандозӣ мегарданд, - меафзояд Хуршедаи Қодир.
Воқеан, имрӯз соҳибкорони муваффақ дар рушду нумӯи кишвар саҳм мегузоранд ва интизор меравад, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф хоҳанд шуд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО