Бонуест, ки ҷасораташ дар истодагарӣ пайи ҳадаф аз ягон мард кам нест. Занест, дар ҳифзи мақсаду орзуҳояш чун сипар устувор. Бонуе, ки баробари мардон заҳмат мекашаду дар роҳи интихобнамудааш матин аст. Бонуе, ки бо вуҷуди рӯ ба рӯ гардидан бо мушкилиҳо ҳаргиз таслим нагашта, баръакс сермаҳсултар мешавад. Бонуе, ки дар шебу фарози илми иқтисодиёт малакаву маҳораташ пухтаву таҷрибааш бештар гардидааст.
Бо он ки парвардаи яке аз хонаводаи шинохтаи кишвар аст, як бонуи заминиву самимӣ дидамаш. Шаҳноз Исмоилова, муовини директори Департаменти қарздиҳии раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», бо вазну тамкини хос дар суҳбат аз кӯдакиҳо, айёми ҷавониву таҳсил, панду андарзҳои бибиву дастгирии волидон ва аз пирӯзиҳои касбиаш сухан оғоз намуд.
Моми бузург
Аз айёми тифлии хеш бо хушҳолӣ ёд меорад. Дар он овон дар тарбияи маънавияш саҳми моми бузургашро кам намедонад. Чун панду насиҳатҳои бибиаш дар ниҳоди ӯ поктинативу худогоҳӣ ва меҳнатдӯстиву ватанпарвариро ҳанӯз аз замони кӯдакиаш бедор сохта буд.
-Азбаски бибиам саводи кофӣ доштанд, ҳанӯз замони 13 сол доштанашон, ба дарсгӯӣ пардохтаанд. Он замонҳо курсҳои маҳви бесаводӣ амал мекардаанд ва ӯ дар чунин курсҳо барои калонсолон дарс мегуфтааст. Ҳамин заҳматҳояшон буд, ки унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро молик шуданд. То охирин лаҳзаҳои умрашон, ки беш аз 90 сол умр диданд, доимо саргарми мутолиаи маҷаллаву рӯзномаҳо буданд. Кӯшишу талошашон барои илмомӯзии мо низ кам набуд, - бо хушҳолӣ ёд меорад он овонро Шаҳнозбону.
Фараҳманд аз он аст, ки бибиаш доимо ӯро ба сӯи илмомӯзиву хирадмандӣ раҳнамун месохт. Дар зиндагӣ барояш омӯзгори хубе буд. Зиндагӣ ва фаъолияти моми бузург барояш дарси ибрат гардида.
Волидон
-Замоне, ки ҳанӯз ҷавон будаму зиндагиро ба маънии томаш дарк намекардам, ягона меҳрубону муттако ва раҳнамову ҳидоятгарам модарам буд. Аз он овон то имрӯз талош варзидаанд, то моро дар роҳи ростиву устуворӣ ва ҳадафмандӣ ба воя расонад, - мегӯяд бону Шаҳноз.
Ӯ дар оилае ба воя расидааст, ки аҳли он аз сиёсату муносибатҳои дипломатӣ огаҳии хуб дошта, барои фарзандон дар ин роҳ замина ба амал овардаанд. Модараш Марҳабо Ҷабборӣ, ки мактаби сиёсатмадории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гузаштааст, Шаҳнозро дар самти хизматчии давлатӣ аллакай аз хурдӣ омода намуд.
-Бо вуҷуди он ки модарам - олим, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар вазифаҳои ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазири кишвар оид ба соҳаҳои иҷтимоӣ фаъолият мебурданд, ҳамоно барои мо – фарзандон вақт ҷудо карда, дар тарбияамон саҳм мегирифтанд. Барои соҳибилм гардиданамон заҳмати зиёд кашиданд. Ду хислати модарам бароям зиёд писанд аст. Аввал ин, ки ҳамеша бо одамон меҳрубонона ва бо лутфу марҳамат сухан меронанд, дувум, ростқавлу хоксор мебошанд. Аз ҳама ҷиҳат модар барои ман идеал аст, - ифтихормандона иброз медорад ӯ.
Бо ёд овардан аз хислатҳои накуи модар, хотираи кӯчакеро низ аз овони мактабхониаш қисса мекунад, ки то чӣ андоза ба илмомӯзии на ин ки фарзандон, балки толибилмон аҳамияти ҷиддӣ доштани модарро инъикос менамояд.
-Он ҳангом дар синфи 6 таҳсил мекардам. Модарам, ки омӯзгори Донишгоҳи омӯзгорӣ буданд, пайваста аз ҳоли таълиму тарбияи мо - фарзандон дар мактаб огоҳ мегаштанд. Рӯзе ба таълимгоҳ омада, хабар ёфтанд, ки аз набудани муаллими забони русӣ танқисӣ мекашем, дарҳол ба омӯзиши ин забон ба ҳамсинфонам шуруъ намуданд. Намехостанд, ки вақти толибилмон баръабас равад, - мегӯяд Шаҳнозбону.
Дар баробари модар, аз саҳми падар дар таълиму тарбия низ ёд меорад. Падараш Шавкат Исмоилов – олим, ҳуқуқшиноси варзида, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, аввалин вазири адлияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, дар Парлумони кишвар ҳамчун раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният низ ифои вазифа намудааст. Инчунин, дар таҳия намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд.
-Қиблагоҳ дар лаҳзаҳои зарурӣ меҳрубонӣ мекарданду гоҳе ҳам сахтгир буданду ҳастанд. Вале ҳамеша талош бар он доштанд, ки фарзандонашонро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангу оин ба воя расонад, - бо ифтихор ироа медорад Шаҳноз.
Иқтисодчӣ
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм карда, бо ҳидояти волидон ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон супурда, бо ихтисоси иқтисоддон Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм менамояд. Фаъолияташро ба ҳайси муҳосиб дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Интурист Тоҷикистон» оғоз бахшидааст.
Соли 2010 барои омӯхтани коргузории бонкӣ ҳамчун мутахассис – коромӯзи раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба кор мепардозад. Малакаву кордониашро ба назар гирифта, зина ба зина ба вазифаҳои масъул, аввал ба шуъбаи мониторинг ва ҷамъбасти ҳисоботҳои Департаменти қарздиҳӣ, баъдан ба шуъбаи лоиҳаҳои инвеститсионии Департаменти мазкур мегузаронанд. Баъди чанде сардори шуъбаи лоиҳаҳои инвеститсионии дохилӣ ва хориҷии Департаменти қарздиҳии раёсати бонк таъин мекунанд. Аз соли 2021 то ин замон ба сифати муовини директори Департаменти қарздиҳии раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолият менамояд.
Ӯ ҷонибдори ҷалби бештари занон ба корҳои бонкдорист. Саводу интизоми кормандро чун асоси пешрафти касбӣ маънидод мекунад.
Вакилбону
Шаҳноз дар баробари муовини директор буданаш, ҳамчунин, аз соли 2021 муовинии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат»- ро дар коргоҳ бар зимма дорад. Аз соли 2011 узви ҲХДТ буда, соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №29, ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб гардидааст. Сараввал аъзои Комиссияи ҷавонон, варзиш ва рушди сайёҳӣ буда, ҳоло бошад раиси Комиссия оид ба назорат ва риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо бар зимма дорад.
-Замони суҳбат бо интихобкунандагон ҳеҷ аз хотирам намеравад. Дар аввалин вохӯриам бо мардуми маҳаллаи Навобод, ки онҳоро бо барномаи пешазинтихоботиам мебоист шинос мекардам, модарам ҳамроҳӣ намуданд. Аммо, вақте суханронӣ оғоз ёфт, ӯро гум кардам. Ҳарчанд ҳарос доштам, аммо пиндоштам, ки модарам канорам ҳаст ва суҳбатро ба итмом расондам. Пас аз вохӯрӣ, вақте модарамро дидаму аз ин амалашон пурсон шудам, гуфтанд, бояд миёни ҷомеа самимӣ бошию худат сухан карданро ёд бигирӣ. Ин дарсе буд, ки аз модарам омӯхтам, - хушҳолона иброз медорад Шаҳноз Исмоилова.
Сармоя
Шукргузориаш василаи пешрафту пирӯзиҳояш дар зиндагист. Орзуяш хушбахтии фарзандон ва сарбаландӣ дар фаъолият аст. Бар он назар аст, ки имрӯз барои шинохта шудани як зан дар ҷомеа дар баробари саводу дониш ва ҳунару истеъдоди кофӣ доштан, фарзандони солеҳу солеҳа низ мебояд ба камол расонд.
-Шукр, оилаи солиму се фарзанд дорам. Духтарам Амира донишҷӯ асту пайрави пешаи худам. Писарам Суруш хонандаи синфи 9, бо баҳои аъло таҳсил дорад, забондону иштирокдори олимпиадаҳои байналмилалӣ буда, дар оянда барномасоз шудан мехоҳад. Самина 9 сол дораду орзуяш табиб шудан аст. Бо онҳо меболам. Сармояе, ки ҳеҷ гоҳ ба итмом намерасад, баръакс, бо гузашти солҳо меафзояд, ин додани тарбияву дониши хуб ба фарзандон аст, - чунин мепиндорад Шаҳноз Исмоилова.
Бунафша РАҲМОНОВА