Муҳовара бо муовини сардори департаменти техникии ширкати
«Помир энерҷӣ» Гулнора Хушқадамова
Ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, то чӣ андоза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ гаштааст?
- Тоҷикистон дар масири ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ гомҳои устувор гузошт. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мизони таъмини ниёзи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва сокинон бо неруи барқ алҳол ба 97 дарсад баробар аст. Неругоҳҳои барқӣ 42,7 мегаватт барқ тавлид менамоянд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Себзор», ки то охири соли оянда дар назар аст, сокинон ва корхонаҳо пурра дар тамоми фаслҳои сол ба неруи барқи босифату арзон дастрасӣ пайдо мекунанд.
Бо назардошти рушди саноати кӯҳӣ дар вилоят сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Чарсем» дар ноҳияи Шуғнон ва «Санобод» дар ноҳияи Рӯшон ба нақша гирифта шуда, лоиҳаҳо дар марҳилаи асосноккунӣ қарор доранд. Тоҷикистон манбаи обҳои саршор буда, баъди бунёди пурраи шоҳкории аср - НБО «Роғун» кишвари мо ба тавлидкунанда ва содирсозандаи калонтарини барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар ҳоли ҳозир ширкати «Помир энерҷӣ» ба бештар аз 5 ҳазор хонавода барқ медиҳад.
- Вале ёд меояд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар шаҳру деҳоти вилоят норасоии шадиди барқ вуҷуд дошт?
- Ба қавли шоир: «Бубин тафовути раҳ аз куҷо то ба куҷост». Баъди аз байн рафтани таъминоти мутамарказ ва бамаротиб коҳиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсоли барқ бар асари қатъи воридоти маводи сӯхти дизелӣ сокинони шаҳру деҳот ба норасоии шадиди барқ рӯ ба рӯ шуданд. Бахусус, дар фасли сармо ҳатто дар маҳаллаҳои шаҳр аз рӯйи реҷа ҳамагӣ се-чор соат барқ дода мешуд. Бархе аз сокинони шаҳр дар зимистон ба деҳот мекӯчиданду хонаводаҳои кӯдакдор маҷбур буданд дар манзилҳои истиқоматии бисёрошёна ҳам бухорӣ шинонанд. Дарахтбурӣ хусусияти оммавӣ гирифта, ҷангалзорҳо хароб шуданд.
Дар чунин вазъияти сахту сангин, ки дар айни замон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ авҷ дошт, моҳи марти соли 1994 дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон рӯйдоди муҳиме ба вуқуъ пайваст, ки таҳлилгарони дохилу хориҷи кишвар онро оғози эҳёи саноат ва энергетикаи кишвар унвон карданд. Бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо чархаи аввали НБО «Помир-1» ба истифода дода шуд. Бо ин амал барои рафъи буҳрони энергетикӣ дар вилоят асос гузоштанд. Дар қатори ҳамкасбон ва сокинони вилоят дар ин маросими таърихӣ ва тақдирсоз ширкат доштаму онро ҳамеша бо ҳаяҷон ба ёд меорам. Суханони Сарвари давлат, ки дар рӯзи офтобии наврӯзӣ ҳозиронро ба оғози тавлиди барқ дар неругоҳи бузургтарини вилоят табрик гуфта, бо боварӣ дар бораи ояндаи дурахшони кишвар ҳарф мезаданд, дар дили ҳозирон эҳтироми бузург бармеангехтанд.
Бо мусоидати Сарвари сулҳовару созанда ва бунёдкор дар заминаи шабакаҳои барқии вилоят ширкати консессионии «Помир энерҷӣ» таъсис ёфт, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи фаъолияти минтақавӣ шароити мусоид фароҳам сохта, дар дохилу хориҷи кишвар чун намунаи муваффақи ҳамкории самарабахши бахши хусусӣ ва Ҳукумати кишвар эътироф гардидааст. Дар натиҷаи фаъолияти босамари ин ҳамкорӣ чор агрегати НБО - и калонтарини барқӣ дар вилоят «Помир-1» бо иқтидори 28 мегаватт пурра ба кор андохта шуд. Ба мақсади таъмини фаъолияти муназзами ин Неругоҳ дар тамоми фаслҳои сол ва танзиму пур намудани оби рӯди Ғунд дар зимистон обанбори Яшикӯл бунёд ёфта, болои рӯдхона иншооти махсуси зидди яхсел сохта шуданд. Ҳамчунин, иқтидори Неругоҳи барқи обии Хоруғ ба номи Ватаншо Қаландаров, неругоҳҳои Намадгут ва Шуҷанд пурра барқарор ва зиёда аз 10 неругоҳи хурди барқӣ сохта шуданд, ки ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи вилоят мутааллиқанд. Манзилҳои рӯшану гарми сокинон ва фаъолияти муназзами корхонаҳои тавлидотӣ самараи дастовардҳои энергетикӣ мебошанд.
Дар баробари манобеи саршори об дар тавлиди барқ аз неруи Офтоб низ, истифода мешавад. Дар маркази ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб неругоҳи офтобии 200 кВт сохта шуд, дар мавзеи Аличур ҳам бунёди чунин неругоҳи хурд бо иқтидори 1,5 кВт дар назар аст.
Шумо солҳо директори департаменти техникӣ будед ва кадом дастовардҳои кормандони бахши техникиро махсус зикр кардан мехостед?
- Ҳанӯз чанд сол пеш наздик ба 60 дарсади хатҳои интиқоли барқ куҳнаву фарсуда буданду талафоти барқ пайваста меафзуд. Дар давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар ҳудуди видоят ба масофаи бештар аз 250 километр хатҳои нави интиқоли барқи 35 кВт ва зиёда аз 560 километр хатҳои нави барқии 10 ва 0,4 кВт бо истифода аз кабелҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, зеристгоҳҳо ва нуқтаҳои зиёди барқтақсимкунӣ васлу насб гардиданд. Тайи солҳои охир ба масофаи 136 км хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 110кВт кашида шуда, ширкат ба шабакаи ягонаи барқии ҷумҳурӣ пайваст гардид. Ин тадбирҳо талафоти неруи барқро кам намуда, барои таъмини беҳтари ниёзи мардум ба барқ мусоидат карданд.
Кормандони бахш ҳамеша дар иҷрои вазифаҳои пешгузоштаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва ширкат муваффақ ва пешгом ҳастанд. Масалан, вақте бо маблағгузории Бонки рушди Олмон дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб бунёди НБО «Тоҷикистон» дар марҳилаи оғоз қарор гирифт, ба таъмиру навсозии шабакаҳои барқии ноҳия камари ҳиммат баста, дар давоми камтар аз як сол онро ба сифати баланд анҷом доданд. Дар масофаи 33 км хатҳои интиқоли барқи 10 кВт ва дар масофаи 160 км хатҳои тақсимкунии барқ бо истифода аз кабели замонавии махсус ва зеристгоҳҳои зиёди барқӣ васлу насб гардиданд.
Дар мавриди хизматрасонӣ ба истифодабарандагони барқ гузаштан ба системаи билингиро яке аз дастовардҳои муҳими ширкат мешуморам. Ин усул аз байн бурдани омили инсонӣ ва автоматикунонии пурраи пешниҳод намудани ҳисобварақро ба муштарӣ дар бар мегирад. Тамоми истифодабарандагони барқ бо ҳисобкунаки электронӣ таъмин гардида, назоратчӣ дар рӯзи муайян бидуни кушодани муҳри ҳисобкунак ва ҳузури ҳатмии муштарӣ таҷҳизоти махсусро ба ҳисобкунак наздик меораду дар як лаҳза нишондодҳо оид ба масрафи барқ, ҳаққи пардохт ва қарздории муштарӣ ба шакли ҳисобварақи электронӣ ба пойгоҳи ягонаи ширкат ва телефони дастии муштарӣ ворид мешаванд. Чунин шакли шаффофи хизматрасонӣ эътимод ва боварии муштариёнро ба ширкат таҳким бахшид. Маданияти истифодаи неруи барқ хеле боло рафту муштариён кӯшиш менамоянд, ки барқро сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи истифодаи онро сари вақт пардохт намоянд ва ин аст, ки қарздории муштариён дар назди ширкат дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ қариб вуҷуд надорад.
Суҳбаторо М. ШОҲҶАМОЛ,
ВМКБ