19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Комёбе дар соҳаи андоз

sfgdgd  3333

   Алимзода Сулҳия Ҳомид, сардори Нозироти андози шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, сармушовири мақомоти андоз дараҷаи 3, алҳол дар ҷумҳурӣ ягона бонуест, ки чунин вазифаи масъулро бар уҳда дорад.

Сулҳия, ки наврасияш дар солҳои ноамнӣ гузашта буд, амалӣ шудани орзуҳо, комёбиҳои худро марбут ба талошу ҷоннисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳ медонад, ки тавонист Ватани гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба биҳишти рӯйи Замин табдил диҳад.

„ Донишҷӯи нокоми замони ҷанг

1-уми сентябри соли 1992 Сулҳия Алимзода дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба таҳсил оғоз кард. Аммо вазъ ноором гашт.

Моҳи ноябри соли 1992 волидон 5 духтарашонро ба қатора шинонда, равонаи Хуҷанд карданд…

Хайрият, ки Иҷлосияи XУI Шурои Олӣ баргузор гардиду озодмарди дилсӯзи халқу Ватан – Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард. Маҳз ҷасорату матонат ва хиради волои ин шахси наҷиб Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз сарафкандагӣ наҷот дод.

„ Кӯшиш

Сулҳия соли 1993 оиладор ва сипас соҳиби се фарзанд шуд. Бисёр мехост, ба ягон донишгоҳ шомил гардад. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро пазируфт ва ғоибона ба шуъбаи иқтисодшиносӣ дохил шуд. Ҳамзамон, дар ширкати истеҳсолии тиҷоратии «Алоқа»-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун муҳосиб кор мекард.

Баъди ба Хуҷанд омадан, модари Сулҳия дар мақомоти андоз кор ёфт. Он солҳо дар гӯшаву канори шаҳр бозору бозорчаҳое пайдо шуда буданд, ки мардум бештар колои куҳна мефурӯхт, то нонпулие пайдо намояд. Боре модар ҳамроҳи Сулҳияву набераҳояш ба бозорчае рафт ва андозситониро оғоз кард. Аксари тоҷирон бонувон буданд ва аз андозсупорӣ бо ҳар баҳона сар мепечиданд. Чанд зани чаканафурӯш аз Сулҳия хоҳиш карданд, ки ба модар бигӯяд, то ба онҳо сабукӣ диҳад. Аммо модар ҳамоно вазифаи хизматии худро иҷро мекарду ба илтиҷову илтимосҳои занон ва духтараш эътибор намедод. Ҳамон вақт Сулҳия аҳд кард, ки ҳаргиз бо роҳи модар намеравад ва корманди андоз намешавад…

Вале, баъди чанд сол, вақте ки ӯ ба мақомоти андози вилояти Суғд ба коромӯзӣ омад, нофаҳмиаш нисбат ба кормандони мақомоти андоз ба муҳаббат табдил ёфт.

Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ хеле фаъол буд ва азбаски амалияи муҳосибӣ ҳам дошт, супоришҳои роҳбариятро зуд ва бекаму кост иҷро мекард. Кори нав ба худаш ҳам писанд омад. Дар интиҳои таҷрибаомӯзӣ маслиҳаташ доданд, ки пас аз хатми Донишгоҳ ба мақомоти андоз ба кор ояд.

„ Дар иҳотаи оилаи хушбахт

Солҳои 1999 - 2009 дар вазифаҳои нозир, нозири калон, сардори гурӯҳ, сармутахассиси гурӯҳи баҳисобгирии андозҳои мақомоти андози вилояти Суғд кор кард. Ба туфайли худомӯзӣ ва баҳраварӣ аз донишу малакаи устодон дар роҳи иҷрои ҳар вазифае, ки ба зиммааш мегузоштанд, устуворона қадам мениҳод. Модари меҳрубону кордон ёру ёвараш буд.

„ Роҳбар

Дар мақомоти андози шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Идораи андози вилоят бо сари баланд кор кард. Ин аст, ки бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардид.

Соли 2016 Сулҳия Алимзода сардори Нозироти андози шаҳри Бӯстон таъин шуд. Идораи нозироти андоз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошт ва барои кори пурмаҳсули андозситонон шароити хуб мавҷуд набуд. Бо ташаббуси Сулҳия барои сохтмони бинои нав замин ҷудо карданд. Хушбахтона, дар ҳамон соли аввали роҳбарии ӯ нақшаи андоз дар шаҳр барзиёд иҷро гашт ва аз ин ҳисоб барои сохтмон 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Соли 2017 сохтмон оғоз ёфт. Иншоот бо сифати баланд ва бо тарҳи мақбул қомат афрохт ва аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Сулҳиябону аз 2 октябри соли 2018 то соли 2021 муовини сардор – сардори шуъбаи ташкили андозбандии раёсати андоз дар вилояти Суғд, сардори нозироти андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Баъдан, дар Душанбе, дар вазифаи сардори Раёсати баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.

„ Сахтгирӣ на ба ҳама писанд аст

Сулҳия Алимзода соли 2020 сардори Нозироти андози шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Шаҳр, ки маркази вилояти Суғд аст, аз уҳдаи иҷрои нақшаи андоз дар вақтҳои охир набаромада буд. Роҳбари навро мебоист роҳи ҳал ҷӯяду нақшаро иҷро кунад. Таҷрибаи андӯхтааш ва шиносоии комилаш бо вазъи иқтисодии шаҳр имкон дод, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи мушкил барояд ва исбот созад, ки як бонуи масъулиятшинос дар мақомоти андоз метавонад ком¬ёб шавад.

- Ман медонистам, ки дар шаҳр имконияти пурраю барзиёд иҷро кардани нақшаи андоз мавҷуд аст, аммо баъзе ширкатҳо ва соҳибкорони бузург бо ҳар роҳу восита аз андозсупорӣ саркашӣ ва ё ҳисоботи нодуруст пешниҳод мекарданд. Ба кормандон гуфтам, ки барои ошкор кардани чунин камбудиҳо далер бошанд ва ман дар ҳама ҳолат тарафдори онҳо хоҳам буд. Ниҳоят, бо кӯшишҳои зиёд тавонис¬тем дар Хуҷанд манбаъҳои нави андозҳоро дар¬ёфт ва ба андозбандӣ ҷалб намуда, нақшаҳоро ҳам барзиёд таъмин созем, - мегӯяд Сулҳия.

Моҳи августи соли 2021 Сулҳия Алимзодаро бори дуюм сардори Нозироти андози шаҳри Бӯстон таъин намуданд. Қариб ду сол аст, ки дар ҳамон биное, ки бо ташаббуси худаш бунёд ёфта буд, кор мекунад.

   Ӯро дар ин ҷо кормандон хуб мешиносанд ва эҳтиромашро ба ҷой меоранд, зеро ӯ ҳамчун сарвар ба ҳамкоронаш дар кору рӯзгорашон ҳамеша роҳнамою маслиҳатдеҳ, дастгиру ёвар буда, дар мушкилиҳо ҳимоятгар аст.

                                                                                                             Ҷӯра ЮСУФӢ,

                                                                                                               Шаҳри Бӯстон

 

 

 

 

 

:.  Иқтисод 28.10.2022 12:07 663

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz