Шаҳло Раҳимзода, дар баробари иҷрои вазифаи сардори идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати департаменти рушд ва омори бонкии раёсати «Амонатбонк», инчунин, соли шашум аст, ки роҳбари шурои бонувони бонк мебошад. Тавре иброз намуданд, имрӯз дар Бонк зиёда аз 1300 нафар бону фаъолияти босамар дорад.
Ба зимма доштани корҳои ҷамъиятӣ вазифаи пурмасъул аст. Вай тавонист ба дили занону духтарони бонк роҳ ёбад, онҳоро ба ҳам қарину дӯст ва ҳамрозу наздиктар гардонад. Имрӯз Шаҳло барояшон роҳнамо ва устоди хубу ғамхор аст.
Бо таваҷҷуҳ ва эҳтироми зиёд нисбат ба зан-модар Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур додаанд, ки дар фаъолияти бонкӣ, бахусус «Амонатбонк» шумораи бонувон зиёд карда шавад. Дар партави ҳамин эътимодҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Бонк мекӯшем, ки чи дар фаъолияти касбӣ ва чи дар иҷрои уҳдадориҳои ҷамъиятӣ содиқона кору пайкор намоем-мегуяд Шаҳло.
Сол аз сол шумораи бонувон дар бонк меафзояд. Алҳол шумораашон 45 дарсадро ташкил медиҳад. Роҳбарияти бонк кӯшиш намуда истодааст, ки теъдоди занону духтаронро боз ҳам зиёд намоянд. Дар баробари дастгоҳи марказӣ қариб дар ҳамаи филиалҳо бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд.
- Дар Бонк тариқи озмун аз шумораи хатм¬кунандагони макотиби олӣ бештар духтарони болаёқату кордон ва дорои дониши хуб ба кор қабул карда мешаванд. Албатта, забондонӣ, тарз ва одоби муошират, савияи ҷаҳонбинӣ ва дигар малакаҳои инфиродӣ вақти қабул ба кор ба назар гирифта мешаванд, - мегӯяд мусоҳиб.
Шаҳло хатмкардаи факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Айни замон, ба корҳои илмӣ дар риштаи бонкдорӣ машғул аст. Барои фаъолияти хубу босамараш аз ҷониби роҳбарияти бонк бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадр шудааст. Соли 2015 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Аз падар иродаи қавӣ ва меҳри беандоза нисбат ба Ватану миллат ва аз модару хушдоман барои расидан ба мақсад, заҳмат кашидану сабр карданро омӯхт. Маҳз дуои ҳамешагии онҳо дар зиндагӣ роҳнамояш гардиданд.Шаҳлобону фарзандони хешро низ дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбият намудааст. Писаронаш дар мактабҳои олӣ ва духтаронаш дар мактаби миёна мехонанд. Донандаи хуби забонҳои русиву англисиянд. Шаҳло Раҳимзода ҷонибдори ҷалби бештари занон ба корҳои бонкдорист. Саводу интизоми бонувони бонк барояш чун асоси пешрафти касбӣ маънидод мешавад.
Далер САФАР