Дар баробари рушди тиҷорату савдо ва ифтитоҳи бозору мағозаҳо дар ҳар гӯшаю канори пойтахт, ҳамчунин, бино ёфтан ва ба фаъолият пардохтани марказҳои бузурги хизматрасонӣ ва савдои хуштарҳу замонавӣ ба волоияти фарҳанги шаҳрдорӣ ҳусни тозае зам менамоянд.
Маркази савдо ва хизматрасонии «СиёмаМолл» аз зумраи чунин марказҳои боҳашаматест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дари худро ба рӯйи мизоҷон боз намуд. Ин марказ 19 ноябри соли 2021 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Масоҳаташ 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар дохили он беш аз 85 мағоза, ки дар онҳо молҳои дорои брендҳои байналмилалӣ ба фурӯш гузошта шудаанд, фаъолият дорад. Маъмурият аз 30 нафар корманд иборат буда, дар маҷмуъ, беш аз 500 нафар фаъолият дорад, ки аксар бонувонанд, мегӯяд менеҷер ва маркетологи Маркази савдо Муродҷон Мамадҷонов.
Ҳамчунин, дар марказ тӯйхона барои гузарондани ҷашну маросимҳои хурсандӣ ва ҷойҳои махсус барои шустушӯи нақлиёт амал менамоянд, ки шаҳрвандон метавонанд аз хизматрасонии ин нуқтаҳо истифода баранд.Ширкатҳои машҳури байналмилалӣ ва бузурги тиҷоратие, ки алҳол дар кишвар фаъолият доранд, аз зумраи «Хонаи ман», «Волна», «LC Waikiki», «Ёвар» ва дигарон маҳсулоти худ ро дар нуқтаҳои фурӯши ин марказ пешкаши мизоҷон менамоянд. - Ҳадаф аз бунёди маркази нави савдо чӣ буд? Чаро чун дигар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ва дилхушию фароғатӣ на дар маркази шаҳр, балки дар канортари пойтахт боз гашт? - мепурсем аз Муродҷон Мамадҷонов, ки посухаш чунин буд:
- Ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз маркази пойтахт каме дуртар аст ва, албатта, на ҳар сокини ноҳия имкони истифода аз ҷойҳои фароғатию истироҳатӣ дорад. Аз ин хотир, роҳбарият тасмим гирифт, то дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ низ чунин як маркази дилхушӣ ва фароғатиро барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон мавриди истифода қарор диҳад. Дар «СиёмаМолл» барои истифодабарандагони хизматрасониҳо ва тоҷирон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Нархҳои хизматрасонӣ ва молу маҳсулоти ба фурӯшбаровардашуда барои харидорон арзону дастрас мебошад. Ба ин васила як гӯшаи шаҳр низ обод мегардад ва мардуми ин мавзеъ аз хизматрасониҳои наву замонавии истироҳатӣ бархӯрдор мешаванд.
«СиёмаМолл» яке аз калонтарин марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе буда, тобеи ширкати тиҷоратии «Авесто» мебошад, ки ин гурӯҳи тиҷоратӣ беш аз 15 ширкати машҳурро дар бар дорад. Ҳамчунин, дар дохили марказ кошонаҳои ҳусн барои занону мардон ва кӯдакон амал менамоянд. Кӯдакон барои шуғл варзидан ба бозиҳои батутӣ, тирпарронӣ ва тамошои филмҳои ҷолиби тасвирӣ дар маркази дилхушӣ метавонанд фароғат дошта бошанд. Ба хотири болидахотирии аҳолии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои Иди Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи байналмилалии кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ консертҳои ройгон пешкаш гардиданд. Роҳбарияти марказ дар оянда ба тоҷироне, ки брендҳои замонавии аврупоиро ба кишвар ворид менамоянд, имкони ба иҷора додани нуқтаҳои фурӯшро дод. Ширкати «KFC» низ тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик дари ошхонаи зудтайёри худро боз намояд.Тарабхонаи «Зайтун», ки дар тобеияти «СиёмаМолл» фаъолият дорад, дар муддати кӯтоҳ бо таомҳои миллию аврупоӣ ва дигар хӯрокҳои кишварҳои дунё муштариёни худро пайдо намуд.Дӯстдорони маҳсулоти қаннодӣ, ки ҷашнҳои хурсандии хонавода ва дӯстонро бе кулчақанду шириниҳои коргоҳҳои «Арка», «Бобуна» ва «Шоколатӣ» тасаввур карда наметавонистанд, акнун чун солҳои пешин барои харидории номгӯи шириниҳо ба маркази пойтахт намераванд. Маҳсулоти наву хушсифати ин коргоҳҳои қаннодӣ дар нуқтаҳои фурӯши марказ ҳар рӯз пешкаши харидорон мегарданд.Ба гуфтаи болозикр, молу маҳсулоте, ки дар мағозаҳои маркази савдо ва хизматрасонии «СиёмаМолл» ба фурӯш гузошта шудаанд, аз нигоҳи нархгузорӣ ҳеҷ фарқе аз бозору мағозаҳои шаҳр надоранд. - Вобаста ба инобат гирифтани шароити рӯзгори аҳолие, ки дар атрофи маркази савдо ва берун аз он зиндагӣ мекунанд, молу маҳсулот нархгузорӣ шудааст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки бархе аз молҳои мағозаҳо аз ҷиҳати сифат ва нарх ҳатто аз бозори «Корвон» фарқ доранд. Яъне, аз ин мағозаҳо молҳои хушсифати арзонро низ пайдо намудан мумкин аст. Ин ҷо танҳо фарқ дар он аст, ки хизматрасонӣ ба таври замонавӣ роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи илми маркетинг ҳам ин аст, ки вобаста ба тақозои давр ба шуури одамон дар мавриди бозордорӣ ва бозаргонӣ ҳамин гуна бояд таъсир гузошт, то онҳо низ ҳамқадами замони худ бошанд, - иброз медорад Муродҷон Мамадҷонов. Дар маркази «СиёмаМолл» он чизе, ки бештар диққати мизоҷону харидоронро ба худ ҷалб мекунад, ин тозаю озода будани дохил ва атрофи бино, инчунин, аз нигоҳи бехатарӣ кафолат доштан мебошад. Марказ бо ширкати «Тотол Сервис», ки аслан ба тамизкорӣ шуғл дорад, ҳамкориро роҳандозӣ намудааст. Сари ҳар вақт аз ҷониби кормандони ин ширкат маркази мазкур поккорӣ ва дезинфексия мешавад. Бозор ё шакли замонавии бозордорӣ муаррифгари ҳар миллат мебошад. Хариду фурӯш ё тарзи хизматрасоние, ки имрӯз ҷорист, ин ҳам яке аз шаклҳои бозордорист. Аз ҷиҳати маркетинг (бозоршинос) ин тарзи бозордорӣ ҳамқадами замон будан аст. Ҳар тиҷорат харидори худашро дорад. Вақте чунин марказҳо таъсис меёбанд, нигоҳи мардум ҳам ба бозордорӣ дигар мешавад.Воқеан, солҳои пеш назари мардум ба фурӯшгоҳҳои бузург, ба истилоҳ «супермаркетҳо» дигар буд. Ҳоло бошад, истеъмолгарон дар шароити орому тоза харид намуданро авло меҳисобанд. Амал намудани фурӯшгоҳҳои бузург ва бозорҳои дар шакли таърихибуда ҳеҷ таъсире ба ҳам намерасонанд. Баръакс, рақобат бар он боис мешавад, ки маҳсулоти хушсифат вориди бозор мегардад, дар охир иброз дошт мавсуф.
АНОҲИТО