Муҳандиси барқ Муътабар Холматова, сардори шуъбаи назорату тақсимоти барқи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», аз ҷумлаи бонувони бофазле мебошад, ки ҳаёту корзораш барои ҷавонон намунаи ибрат асту шоистаи пайравӣ. Воқеан, дар мисоли ин бонуи кордон метавон мушоҳида намуд, ки инсонҳо, хосса бонувон, қодиранд дар муқобили ҳама гуна носозгорӣ истодагарӣ карда, худсоз бошанд.
Ба гӯшаи хотираш намеомад, ки рӯзе муҳандиси барқ мешавад. Замони шуравӣ духтароне, ки аз навоҳӣ ба пойтахти кишвар барои идомаи таҳсил меомаданд, аксар пешаи омӯзгориро мепазируфт ё пизишкиро. Муҳандисӣ кори мардона маҳсуб меёфт. Албатта, дар ин миён баъзеҳо сохтмончӣ, муҳандис ё агроном мешуданд, аммо ангуштшумор буданд чунинҳо.
Муътабар ба ҳангоми наврасӣ дар дил орзуи табиб шудан мепарварид. Мехост духтур шаваду модари беморашро шифо бахшад. Аз ин рӯ, аъло мехонду бо рафтори намуна, қобилияти омӯзиш ва шеваи ширини гуфтор аз ҳамсабақонаш фарқ мекард Ҳоло низ, агар дар суҳбаташ як дам нишинӣ, аз лаҳни шоиронааш лаззат мебарӣ. Дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои эҷодиву конфронсҳо иштироки фаъол дошт. Фанҳои дақиқро меписандид, хусусан физикаю математикаю кимиёро. Дар кашидани нақшаҳои муҳандисӣ низ аз беҳтаринҳо буд. Дар викторинаҳои физикӣ пайваста ғолиб меомад. Аз ин рӯ, рафта-рафта орзуи наврасиаш дар ҷавонӣ дигар гашт. Муҳандиси барқ будан хост.Ба ин мақсад, соли 1982 ҳуҷҷатҳояшро ба Институти политехникӣ (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ) супурд. Аз сабаби он ки дар оила фарзанди ягона буд, модараш намехост яккадухтари ба ноз парвардааш муҳандис, хосса муҳандиси барқ бошад. Мегуфт, ки ин пешаи занона несту хеле хатарнок аст. Мисли мардон болои симчӯб чун мебароӣ? Модар то дер ин хулосаашро тасаввур карда наметавонист. Муътабар ҳини таҳсил дар Донишгоҳ низ миёни омӯзгорону донишҷӯён зуд эҳтироми хоссаро соҳиб шуд. Ҳама эҳтиромаш менамуданд. Ба хотири навҷӯиву навоварӣ ва таҳсили аъло идрорпулии бештар мегирифт. Бо дипломи сурх ба зодгоҳаш - шаҳри Конибодом баргашт. Корро дар шабакаҳои барқ ҳамчун муҳандис-ҳуҷҷатгузор оғоз бахшид. Байни 3 бону Муътабар ягона зани маҳаллӣ ба шумор мерафт. Ӯ собит сохт, ки тоҷикдухтарон низ аз тоифаи баору номус ва талошпешаанду ҳама гуна масъулияти ба дӯш доштаашонро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд. Баъди ду сол оиладор шуд, ба пойтахт кӯч бастанд. Бо вуҷуди он ки дониши хуб дошту собиқаи корӣ, як муддат бекор монд, аз рӯйи ихтисос кори муносиб наёфт. Он замон дар чунин идораҳо бештар мардуми русзабон кор мекарданд, мардуми маҳаллӣ, хусусан занонро намехостанд ва барои роҳ надодан ба идораҳои барқӣ садҳо баҳона пеш меоварданд. Бо ҷустуҷӯи зиёд соли 1989 дар заводи «Тоҷиккабел» ба симати муҳандис – технолог ба кор пардохт. Ин ҷо низ тоҷикзан танҳо ӯ буд, аммо тавонист бо фурӯтанию кордонӣ бо русзабонҳо забон ёбад. Баътар дар шабакаҳои барқии марказӣ аз муҳандиси қаторӣ то ба вазифаи сардори шуъбаи назорат ва тақсимоти барқ сабзид. Фаъолияташ дар ин коргоҳ ба солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад. Дар кишвар барқ намерасид, маҳдудият ҷорӣ буд. Чун назорат ва тақсимоти барқро ба зимма дошт, силоҳбадастон баъзан таҳдидаш мекарданд, то барқро дар кӯчаҳои онҳо хомӯш насозанд. Муътабар Холматова дар ин рӯзҳои сангин ҳам коргоҳашро тарк накард. Соли 2005 ба ширкати «Барқи Тоҷик» даъват намуданд. Ва ҳоло вазифаи масъулиятнок, истеҳсоли барқи неругоҳҳо ва ба тамоми кишвар бурда расондани онро назорат мебарад.Дар ин баробар, кам намудани талафоти барқ дар худи неругоҳҳо ва истгоҳҳои барқӣ низ ба зиммаи ӯву кормандони шуъба мебошад. Имрӯз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони кишвари соҳибистиқлолу озоди мо дар иҷрои ҳама гуна вазифа пешсафанду аз иқболи баланди худ меболанд. Муътабар Холматова аз зумраи онҳост ва дар симои ӯ ҷавонон масъулиятшиносӣ, покиву адолатро мебинанд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ