Бо афзоиши сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулот барои кӯдакон, амсоли фархак - уребчаҳо сол аз сол меафзояд. Чунин маҳсулоти серхаридор ба ҷумҳурӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, истеҳсоли босифати дохилӣ қариб ки ғайриимкон буд. Оне, ки ашёи хом барои истеҳсоли фархакҳо бо арзиши гарон аз хориҷи кишвар дастрасшуда, хароҷоти асосиро намепӯшонд, соҳибкорони ватаниро то андозае аз ин навъи тиҷорат дилсард карда буд. Хушбахтона, соли равон дар фазои тиҷорати ватанӣ ҶДММ «Афзалият групп» ҷаҳиши бузурге дар ин самт ба амал оварда, корхонаи истеҳсоли уребчаҳоро дар масоҳати умумии 11 ҳазору 845 метри мураббаъ ба кор андохт.
Ин коргоҳ дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии шаҳри Душанбе мақом дошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 «Солҳои рушди саноат» 17 марти соли 2022 бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корҳои лоиҳакашии коргоҳ бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шуда, он аз ду қисм – коргоҳи истеҳсолию анборхона ва қисми маъмурӣ иборат аст. Намои берунӣ ва дохили коргоҳ зебову замонавӣ тазйин ёфта, ҳуҷраҳои кории барҳавои он шабеҳи дафтарҳои кории муосиртарини дунё мебошанд.
Коргоҳ аз ду ошёна иборат буда, дар он 11 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва озмоишгоҳ барои санҷиши маҳсулоти истеҳсолшуда мавҷуд аст. Он бо арзиши 15 миллион сомонӣ бунёд ёфта, таҷҳизоти истеҳсолӣ аз технологияҳои ширкати «Фамеканика Машинери» - и шаҳри Пискараи Ҷумҳурии Итолиё дастрас ва насб гардидаанд. Ҳоло дар коргоҳ дар як баст дар як рӯз 216 ҳазор уребча (фархак) истеҳсол мегардад. Иқтидори пурраи истеҳсоли уребчаҳо дар як шабонарӯз 864 ҳазор ададро метавонад ташкил намояд. Роҳбарияти коргоҳ тасмим доранд, ки барои ноил гардидан ба ин ҳадаф шуруъ аз моҳи сентябр бо ҷалби мутахассисони соҳа фаъолиятро дар се баст ба роҳ монанд. Дар умум дастгоҳи истеҳсолӣ дар 1 дақиқа метавонад то 600 уребча истеҳсол намояд.
Директори генералии ҶДММ «Афзалият групп» бонуи ҷавону кордон Аниса Қаноатова то расидан ба маснади роҳбарӣ барои андӯхтани таҷрибаи ғании коргоҳҳои истеҳсолӣ ва омӯхтани роҳу усулҳои босамари тиҷорат борҳо ба кишварҳои Италия ва Туркия сафар намудааст.
- То соли 2020 ҶДММ «Афзалият групп», ки соли 2013 таъсис ёфтааст, дар самти воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва фурӯши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурда дошт. Бо беш аз 10 брендҳои ҷаҳонӣ ҳамкории тиҷоратӣ доштем, ки якеи онҳо фабрикаи машҳури қаннодии «Рошен» буд, ки воридоти маҳсулоти онро ширкати мо роҳандозӣ менамуд. Ҳине, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон солҳои 2022 – 2026 - ро «Солҳои рушди саноат» эълон доштанд, роҳбарияти ширкат тасмим гирифт, ки самти фаъолияти худро пурра тағйир диҳанд. Дар ин миён бозори молу маҳсулотро ба хубӣ омӯхта, ба хулосае омадем, ки талабот ба маҳсулоти гигиенӣ чӣ дар хориҷи кишвар ва чӣ дар Тоҷикистон сол ба сол меафзояд. Аз ин рӯ, коргоҳи мазкурро бо риояи талаботи ҷаҳонӣ созмон дода, ба истеҳсоли уребчаҳо бо унвонии «Комфорт Бэби» шуруъ намудем. Ҳадафи мо маҳсулоти аълосифати ватаниро бо нархи дастрас ба аҳолӣ пешниҳод намудан аст, - иброз дошт Анисабону.
Шумораи умумии кормандон зиёда аз 40 нафар буда, бонувон асосан дар қисми маъмурият фаъолият менамоянд. Дар ошхонаи зебою барҳавои коргоҳ кормандон як маротиба бо ғизои гарми ройгон таъмин мегарданд. Чанде пеш мутахассисони итолиёвӣ дар машғулияти омӯзишии соҳавӣ муддати 7 моҳ ба кормандон нозукиҳои пеша омӯзондаанд ва ҳамкорӣ дар ин самт то имрӯз ҷараён дорад.
- Дар озмоишгоҳи коргоҳ маҳсулоти истеҳсолшуда аз 8 намуди санҷиш мегузарад, амсоли рутубатнокӣ, хушкӣ, мустаҳкамии гӯшакҳои уребча, нармӣ, ба ҳассосият устувор ва ғайра. Нахуст ашёи хомро аз санҷиш мегузаронем ва мебинем, ки оё онҳо ба меъёрҳои ҷаҳонии маҳсулоти гигиенӣ ҷавобгӯ ҳастанд, ё на. Мекӯшем, то ашёи хоми босифатро аз хориҷи кишвар ворид созем. Барои истеҳсоли уребчаҳо асосан моддаи селлюлоза, ки бо усулҳои махсус аз дарахт ҳосил менамоянд, зарур аст. Асосан онро мо аз Канада, Туркия ва Тайван дастрас менамоем. Умуман, барои истеҳсоли уребчаҳо 18 намуди ашёи хом истифода бурда мешавад. Дар соҳаи истеҳсолот панҷ намуди саноати вазнин аст, ки яке аз онҳо истеҳсоли маҳсулоти гигиенӣ маҳсуб меёбад, ки хусусият, намуди зоҳирӣ, шакли маҳсулот ва дигар ҷанбаҳо бояд ба инобат гирифта шаванд. Шахсан ман, ки модари чор фарзандам, уребчаҳоро зиёд истифода мебурдам ва онҳо ба назар чунон одӣ ва таҳияашон содда менамуд, ки камбудӣ ва бартариҳои онро муайян кардан бароям ғайриимкон буд. Ҳине, ки бо саноати коркарди он ошноӣ пайдо намудам, мураккабии кор маро ба ҳайрат овард, - афзуд мусоҳибам.
Арзиши маҳсулоти истеҳсолкардаи коргоҳ аз маҳсулоти воридотӣ нисбатан арзон буда, дар қиёс бо онҳо сифати хубтареро дорост.
- Бо боварии том мегӯям, ки сифати уребчаҳои мо беҳтар ва нархи арзонтар доранд, зеро ҳоло коргоҳ на барои ба даст овардани суд, балки барои ошно намудани мардум бо маҳсулоти босифати ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои аврупоист. Нафароне, ки як маротиба аз маҳсулоти мо истифода бурданд, талабгори ҳамешагии он мегарданд. Барои содироти маҳсулот пешниҳодҳо низ шуданд, аз ҷумла ба Россия ва Ӯзбекистон. Аммо ҳадафи аввалиндараҷаи коргоҳ таъмини пурраи бозори дохилист. Дар сурати бо иқтидори пурра ба кор андохтани дастгоҳҳо метавонем маҳсулоти хешро ба хориҷи кишвар низ содирот намоем, - афзуд Анисабону.
Дар баробари истеҳсоли уребча (фархак)-ҳо роҳбарияти корхона тасмим доранд, ки дар оянда хатҳои истеҳсоли собуни кӯдакона, шампун, упо, сачоқчаҳои намнок ва дигар маҳсулоти гигиении барои навзодон заруриро таҳти тамғаи «Комфорт Бэби» ба роҳ монанд.
- Барои дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори сипос менамоем, ки аз фонди раиси шаҳри Душанбе бо фоизҳои паст қарз ба даст оварда, чунин коргоҳи истеҳсолиро мавриди истифода қарор додем. Дар ин росто, дар шароити афзоиши рақобати тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, маҳдудиятҳо дар масири интиқоли молу коло ва ғайра аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ амри саривақтӣ буд ва ин иқдом бахусус ба соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, - бо хушнудӣ афзуд Аниса Қаноатова.
Ситора Ашӯрова