19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Дурнамои саноат

 

Мусоҳиба бо Дилафрӯз Шарифова - сардори шуъбаи Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • „ - Барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва коҳиш додани шиддати омилҳои беруна ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ нақша - чорабиниҳо таҳия гардиданд ва онҳо чӣ гуна амалӣ мегарданд?

- Дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида, дар доираи он барномаҳои соҳавӣ, барномаҳои саноатикунонии босуръати кишвар, рушди металургияи ранга ва сиёҳ, рушди саноати хӯрокворӣ, рушди соҳаи мошинсозӣ, рушди саноати сабук ва соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла то давраи соли 2025 ва дар доираи ин барномаҳо нақша - чорабиниҳо таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд.

Амалишавии Барномаи саноатикунонии бо­суръати кишвар барои солҳои 2020 - 2025 барои сиёсати Ҳукумати кишвар марҳилаи калидӣ ба ҳисоб рафта, ба гузариши босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, баланд бардоштани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ равона гардидааст.

  • „ - Мо ба марҳилаҳои фарогиртари рушди соҳаҳо қадам мезанем ва ҳадаф аз эълони Солҳои рушди саноат низ тавсеаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бахусус дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллист. Барои амалисозии ин иқдом ба кадом масъалаҳо бояд бештар таваҷҷуҳ намоем?

- Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли зиёдшавӣ дошта, ҷиҳати расидан ба ин мақсад нақша-чорабиниҳои ташкиливу техникии Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар вобаста ба самтҳои рушди соҳаҳои саноат аз ҳисоби ташкили кластерҳои саноатии дорои давраи пурраи истеҳсолот - аз коркарди ашёи хоми дохилӣ то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва ба кор даровардани корхонаҳои нави бо техника ва технологияҳои муосир муҷаҳҳазгардида чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ мебояд, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дорои ашёи хоми истеҳсолианд, коргоҳҳои коркард вобаста ба минтақаи ҷойгиршавӣ сохта шаванд, ҷиҳати ташкили кластерҳои саноатии дорои сикли пурраи истеҳсолот аз коркарди ашёи хоми ватанӣ, ҷалби мутахассисони соҳавӣ то коркарди маҳсулоти ниҳоӣ, ҷалби захираҳои меҳнатӣ ба истеҳсолот ва омӯзиши марҳилаҳои нав, истеҳсол намудани маҳсулоти дорои сифати баланди изофашуда ба стандартҳои талаботи бозори ҷаҳонӣ, омӯзиши маркетинги бозори дохилӣ ва берунӣ ҷиҳати дарёфти бозорҳои нав барои содироти маҳсулоти ватанӣ мавриди амал қарор дода шавад.

  • „ - Ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, хусусан, корхонаҳои саноати ҳӯрокворӣ оид ба коркарди меваю сабзавот чӣ гуна аст?

- Вобаста ба ташкил намудани корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва бо ин васила афзоиш додани содироти маҳсулоти коркардшуда ба хориҷи кишвар, дар ҷумҳурӣ фаъолияти 24 корхона ба истеҳсоли меваи хушк, 37 корхона ба истеҳсоли консервҳои меваю сабзавот ва 9 корхона ба истеҳсоли мусалласи ангурӣ махсус фаъолият намуда истодаанд.

Bonu 07_2022__IMG_9485_fmtФаъолияти коргоҳҳо вобаста ба талаботи бозор ва мавҷудияти ашёи хом ба роҳ монда шуда, дар моҳҳои январ - майи соли 2022 якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ дар ҳаҷми 3,1 ҳазор тонна меваи хушк, 4,0 ҳазор декалитр мусалласи ангурӣ ва 6,2 миллион қуттии шартӣ консерви меваю сабзавот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 суръати афзоиши консерви меваю сабзавот ба 107,6 фоиз, меваи хушк ба 111,7 фоиз ва мусалласи ангурӣ ба 98,4 фоиз баробар гардидааст.

  • „ - Ташкили корхонаҳои коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ дар кадом қолабанд?

- Мусаллам аст, ки рушди соҳаи коркарди ашёи чорво, хусусан пӯст бо назардошти истифода аз манбаи мавҷудаи ашёи хоми маҳаллӣ, дарёфти арзиши иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ, аз ин ҳисоб таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани потенсиали содиротии ҷумҳурӣ, инчунин ташкили ҷойҳои кории нав аҳамияти иқтисодии муҳим дорад.

Ҳамзамон, 5 корхона дар самти коркарди пӯст ва 17 корхона дар самти истеҳсоли пойафзолҳои гуногун дар кишвар фаъолият доранд, ки дар онҳо 750 нафар шаҳрвандон ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Моҳҳои январ - майи соли 2022 корхонаҳои соҳа коркарди пӯсти чорворо ба 332 ҳазор дона расондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 72,5 ҳазор дона зиёд мебошад. Дар маҷмуи пӯсти коркардшуда ҳиссаи ҶДММ «Сомон Чарм»-и шаҳри Гулистон - 37,0 %, ҶДММ «Тоҷик Интиқол»-и шаҳри Душанбе - 28,0 % ҶДММ «Матин Чарм»-и шаҳри Душанбе - 17,0 %, филиали ҶДММ «Сомон Чарм»-и шаҳри Ваҳдат - 11,6 % ва ҶДММ «Чарм»-и шаҳри Душанбе - 6,1 фоизро ташкил додааст.

Аз ҳаҷми умумии пӯсти коркардшуда ҶДММ «Чарм» барои истеҳсолоти дохилӣ 20,3 ҳазор донаро равона намуда, аз он 3,9 млн детсиметри мураббаъ чарм истеҳсол кардааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 814,9 ҳазор детсиметри мураббаъ зиёд мебошад.

Тибқи қонунҳои иқтисодӣ талабот ба маҳсулот метавонад занҷираи ташаккулёбии онро аз ашёи хом ба миён орад. Яъне, агар талабот ба маҳсулоти чармӣ дар бозорҳои дохилу хориҷ зиёд гардад, ин омил метавонад бунёди сиклҳои минбаъдаи коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро аз ҷониби сармоягузорон тақвият бахшад.

Бо назардошти он, ки талаботи бозори дохилӣ ба пойафзол зиёд аст, ҳоло 17 корхона дар самти истеҳсоли пойафзолҳои гуногун фаъолият мебаранд. Моҳҳои январ - майи соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 420,1 ҳазор ҷуфт пойафзол, аз ҷумла 181,5 ҳазор ҷуфт пойафзоли резинӣ ва 43,3 ҳазор ҷуфт пойафзоли бачагона истеҳсол шудааст.

  • „ - Алҳол дар кишвар чӣ қадар корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд?

- Дар моҳҳои январ - майи соли ҷорӣ 2458 корхонаи саноатӣ фаъолият намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 143 корхона зиёд мебошад. Аз ин шумора 494-тоаш корхонаи мавсимӣ мебошад.

  • „ - Ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар чанд фоизро ташкил медиҳад ва баҳри дар оянда афзун намудани он ва раванди гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ чӣ чораҳо роҳандозӣ гардида истодаанд?

- Ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар моҳҳои январ - майи соли равон 21,1 дарсадро ташкил додааст. Барои афзоиш додани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 30 фоиз яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин мақсад андешидани чораҳо нисбати амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати онҳо, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав зарур аст.

  • „ - Сармоягузории соҳаи саноат ва ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан, сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард чӣ гуна аст?

- Аз ҷониби мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ зиёда аз 50 лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия гардида, ки наздикии 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Вазорат ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои нави сармоягузорӣ барои бахшҳои саноат бо институтҳои молиявӣ, ташкилотҳои сармоягузорӣ, шарикони рушд ва намояндагони сафоратҳо гуфтушунид доир намуда, лоиҳаҳои номбаршударо ҷиҳати баррасии минбаъда мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Инчунин, ҷиҳати ташкил намудани технопаркҳои истеҳсолӣ ва марказҳои логистикӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ корбарӣ рафта истодааст.

  • „ - Бо дарназардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ ва фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта чӣ чораҳо роҳандозӣ гардида истодаанд?

- Вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳои нассоҷие, ки ба тавозуни давлат гузаронда шудаанд, чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Тибқи қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор корхонаҳои нассоҷӣ бинобар ба мушкилоти молиявӣ дучор шудан ва пардохтнопазирии қарзҳои бонкии дастрасшуда, ба моликияти давлат қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, корхонаҳои ресандагии ҶДММ «Евразия Текстайл»-и ноҳияи Данғара, ҶДММ «Адолат А»-и ноҳияи Фархор, ҶСП «Олим - Текстайл»-и ноҳияи Мастчоҳ ва фабрикаи ҷӯроббофии ҶДММ «Неку - Хуҷанд»-и ноҳияи Зафаробод, ки айни замон аз фаъолият боз мондаанд. Бозистии ин корхонаҳо танҳо фарсудашавии таҷҳизотро ба миён меорад.

Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳа оғози фаъолияти корхонаҳои болозикр бо ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ буда, Вазорат дар доираи салоҳият бо сармоягузорони ҳавасманд аз давлатҳои Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Покистон ва кишварҳои дигар кор бурда истодааст.

Далер Сафар

 

:.  Иқтисод 26.07.2022 15:50 789

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz