- «Эълон шудани солҳои 2021 - 2026 чун Солҳои рушди саноати кишвар ба дили саноатчиёну соҳибкорони ватандӯст шуълаи умедро фурӯзон намуд. Яъне, иқдоми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти ниҳоят муҳим бори дигар собит сохт, ки заҳмати саноатчиён ва талошҳои соҳибкорон аз мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат дур намондааст», - суҳбатро бо суханони пурҳарорат оғоз намуд Ҳокимшо Идиев, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сифат – Саноат».
Ҳар воқеаю рӯйдод таърихи худро дорад. 17 июли соли 2017 низ чун рӯзи таъсисёбии коргоҳи дӯзандагии «Сифат – Саноат» саҳифаи хотирмонеро барои бонувони ин даргоҳ боз намуд.
Самти фаъолияти корхона асосан барои дӯхтани либосҳои корӣ нигаронда шудааст. Муассиси коргоҳ ба он хотир ин тасмимро гирифт, ки мебоист маҳсулоти истеҳсолнамудаи «Сифат – Саноат» ҳамчун моли воридотивазкунанда дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шаванд. Номгӯи маҳсулоте, ки алҳол дар корхона истеҳсол мешавад, пештар аз кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Туркия ва Чин барои кормандони соҳаҳои гуногун ворид мегардид.
- Нахустин либосҳои истеҳсолнамудаи корхона барои донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе омода гардид, ки аз сифати он мизоҷон қаноатманд гаштанд. Бахусус, волидони донишҷӯён дар аввал нобоварона ба бренди «Сифат – Саноат» менигаристанд. Мегуфтанд: «Наход дар Тоҷикистон истеҳсол шуда бошад?». Замоне диданд, ки дар он «Истеҳсоли Тоҷикистон» навишта шудааст, бо боварии комил қаноатмандии худро изҳор доштанд, - мегӯяд роҳбари коргоҳ Ҳокимшо Идиев.
Маҳсулоти корхона дар муддати кӯтоҳ мизоҷони хешро пайдо намуд. Ҳокимшо Идиев солҳои зиёд дар корхонаи дӯзандагии «Чевар», замоне маъруф ба номи «Швейместпром – 1» ҳамчун сармуҳандис фаъолият дошт. Ба гуфтаи мавсуф, таҷрибаи 30-солаи дар ин самт доштааш ба кор омад. Номбурда қабл аз ҳама, гирди худ мутахассисони корозмударо ҷамъ овард. Бо 5 нафар мутахассиси пеша корхона ба фаъолият пардохт, ки имрӯз шумораашон то ба 50 нафар расидааст. Раҳбари корхона бо хушнудӣ иброз медорад, ки алҳол чеварони моҳире дар аксар корхонаҳои дӯзандагии кишвар фаъолият доранд, дастпарварони ҳамин коргоҳ мебошанд ва ӯ аз онҳо ифтихор менамояд.
Тариқи соҳибкорони ватанӣ, ки ба воридоти таҷҳизоти корӣ шуғл доштанд, дастгоҳҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимоти дӯзандагӣ харид шуд. Ашёи хом, матоъро аз корхонаҳои нассоҷии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, инчунин, риштаву сӯзан низ аз бозорҳои дохилӣ дастрас гаштанд. Кор авҷ гирифт ва равнақ ёфт. Ба василаи ҳамкорӣ бо донишгоҳу марказҳои тиббӣ ва беморхонаҳо хилъати тиббӣ ва рахти хоб тайёр намуданд. Аз неругоҳҳои барқӣ ва дигар корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ барои кормандон либосҳои корӣ фармоиш гирифтанд.
- Акнун бо корхонаи истеҳсолии нассоҷии «Моготекс»-и кишвари Беларус ҳамкориро роҳандозӣ намудем ва ба наздикӣ шартнома ба имзо расид. Аллакай як қисми матоъ, ки барои дӯхтани либоси ҳарбиён ба нақша гирифта шудааст, ба коргоҳ ворид гардид. То ба истеъмолгар расидани маҳсулот ва роҳ ёфтан дар бозор заҳмати зиёдро аз истеҳсолгар тақозо менамояд. Воқеан, оғози кор мушкилӣ дошт, вале ҳадафе, ки пеши худ гузоштем, амалӣ кардем. Яке аз ин мақсад бо ҷойи корӣ таъмин кардани чанд бону буд. Ростӣ, муҳоҷирати бонувон ба кишварҳои хориҷ ё шуғл доштанашон ба корҳои вазнин боиси нигаронии ҳар инсони бошуур мебошад. Дастгирӣ намудани нафари ниёзманд, бахусус бонуро, ки ҷинси латифаш ном мебаранд, оини ҷавонмардист, - иброз медорад мавсуф.
«Сифат – Саноат» то ин муддат берун аз кишвар маҳсулоти истеҳсолнамудаашро содирот накардааст. Ба гуфтаи сарвари коргоҳ, алҳол талабот ба истеҳсоли моли онҳо дар дохили ҷумҳурӣ зиёд аст. Баъдан, мебоист бо тарроҳии наву замонавӣ маҳсулот истеҳсол кард, то дар бозори хориҷ рақобатпазир бошад.
Алҳол, дар коргоҳ беш аз 80 бонуи чевар ба дӯхтани либосҳои корӣ шуғл дорад. Ҳамзамон, бонувони гулдаст дар асоси дастгирии сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ омода намудани либосҳои миллиро бо тарҳи замонавӣ роҳандозӣ намудаанд. Раҳбари корхона ният дорад, дар муҳлати наздик 100 намуд маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро ба Ҷумҳурии Корея интиқол диҳад.
Ба гуфтаи Ҳокимшо Идиев, дар истеҳсолот ва тиҷорати мол ҳатман талаботи харидор ба инобат гирифта мешавад, зеро асоси пешрафти ин самт ба талабот ҷавобгӯ будани маҳсулот мебошад.
- Бозор аз истеҳсолгар ва молворидкунанда ду чизро талаб мекунад: якум, маҳсулоти хушсифат ва дуюм, бо нархи арзон дастрас шудани он ба истеъмолгар. Яъне, харидор мехоҳад бо нархи дастрас маҳсулоти босифатро ба даст орад.
Хуб аст, ки тариқи шартномаҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона маҳсулоти давлатҳои ҳамсоя ба бозорҳои ҷумҳурӣ ворид мешаванд ва мувофиқи табъ истеъмолгар аз он интихоб менамояд. Вале, сарфи назар аз ин, бояд саноату истеҳсолот рушд ёфта, маҳсулоти ватанӣ низ мавқеи хоса дар бозори дохилӣ дошта бошад. Барои амалӣ шудани ҳадафҳо ва муваффақ гардидан дар ин ҷода соҳибкорони маҳаллӣ дурнамо доранд, ки дар асоси он фаъолияти худро роҳандозӣ менамоянд.
Гарчанде аз хориҷи кишвар намудҳои гуногуни куртаҳои занона ба бозори дохилӣ ворид шаванд ҳам, талабот ба дӯхти либоси маҳаллӣ ҳамеша дар болоравист. Яъне, ҳунари дӯзандагӣ дар ягон давру замон харидори худро гум намекунад. Раҳбари кордон бо як маслиҳат чунин ибрози андеша менамояд:
- Солҳои охир дар ҳар гӯшаи диёр фаъолияти мағозаву дорухонаҳо ба чашм мерасад. Аҳён – аҳён дуконҳои дӯзандагӣ низ дар баъзе маҳалҳо ҳоҷати мардумро мебароранд. Вале ин ҳанӯз кам аст. Бояд чунин сехҳо ё коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ дар ҳар деҳа фаъолият намояд, зеро дар маҳалҳо бонувони ҳунарманд зиёданд ва онҳоро мебояд ҳавасманд намуд. Дӯхтани либоси миллӣ, бахусус куртаҳои занона беҳтарин роҳи тиҷорат аст. Агар чунин коргоҳҳо зиёд шаванд, рақобат ба вуҷуд меояд. Набудани рақобат дар ин самт боиси рӯз аз рӯз афзудани нархи дӯхти куртаҳои занона гардидааст. Барои дӯхтани як куртаи одӣ имрӯз дар маҳалҳо то 100 сомонӣ маблағ масраф мешавад.
Бо ин роҳ на танҳо нархи дӯхти либос арзон мешавад, инчунин, даҳҳо бонувони ҳунарманд соҳиби ҷойи кор шуда, дар рафъи камбудиҳои иқтисодии хонаводагӣ саҳм мегиранд.
АНОҲИТО