Идоракунии дурусти буҷаи оила ба мо имкон медиҳад, ки аз хароҷоти зиёдатӣ канорагирӣ кунем. Бо назорат намудани хароҷоти худ ва гузоштани ҳадафҳои мақсаднок, шумо метавонед вазъи молиявии худро беҳтар созед, аз қарз халос шавед ва шароити беҳтареро барои оилаатон фароҳам оваред.
Иҷора, роҳкиро, хӯрок, либосворӣ хароҷотест, ки ҳамеша бояд пардохт карда шавад. Маблағи муайянеро барои пӯшонидани хароҷотҳои ҳатмӣ ба ҳисоб гиред.
Шумо бояд донед, ки вазифаи асосии банақшагирӣ сарфа нест. Ҳадафи асосии шумо сохтани сармоя аст. Афзоиши даромад ва масрафи мақсаднок ба шумо имкон медиҳад, ки пулро дуруст идора кунед ва маблағи дилхоҳро ҷамъ намоед. Фаҳмиши пурраи вазъи молиявӣ, мушкилот, хатоҳо ва нигоҳ доштани омор ба шумо кӯмак мекунад, ки чӣ тавр ба нақша гирифтани буҷети оиларо барои 1 сол, 5 сол ва бештар аз онро омӯзед.
Нақша
Ҳангоми тартиб додани нақша дар хотир доред, ки даромад бояд аз хароҷот зиёд бошад. Ин захира шуморо аз бисёр ҳолатҳо мераҳонад. Масалан, вазъияти ғайричашмдоште ба миён меояду маблағ лозим мешавад, шуморо ин захира аз қарздор шудан наҷот медиҳад.
Молияшиносон бар ин назаранд, ки банақшагирӣ аз чанд марҳилаи муҳим иборат аст: Таҳияи нақша барои 1 - сол бо тавсифи ҳар моҳ. Ҳам даромад ва ҳам хароҷот бояд ба назар гирифта шавад.
Даромаду хароҷот пурра бояд кайд карда шавад. Муҳим аст, ки нақшаи қаблан навишташударо тафтиш кунед.
Қадами навбатӣ таҳлил аст. Хароҷот ва даромадҳои воқеиро бо хароҷоти пешбинишуда муқоиса кунед. Дар охири ҳар моҳ амалҳои худро аз назар гузаронед ва бубинед, ки чӣ гуна тағйирот дар банақшагирӣ ба ҳадафҳои ниҳоии молиявиатон таъсир мерасонанд. Дар суратҳисобҳо нишон додани бақияи маблағҳо муҳим аст. Шумо ҳамеша бояд донед, ки чӣ қадар пул боқӣ мондааст.
Сарчашмаҳои иловагии даромадро ҷустуҷӯ кунед. Аксар вақт одамон намебинанд, ки дар атрофи онҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Масалан ба иҷора додани хонаи холӣ, фурӯши ашёи истифодашуда, ба даромад табдил додани баъзе идеяҳо ва ғайраҳо.
Натиҷаҳоро ҷамъбаст карда, дар бораи хатоҳои худ фикр кунед. Оё шумо орзу доред, ки бидуни қарз зиндагӣ кунеду сатҳи зиндагии беҳтар дошта бошед? Пас банақшагириро ёд гиред!
Таҳияи Фарзона