19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

 

 

          SS1Бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди гузариши иқтисодиёти кишвар аз модели аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ ва аҳамияти назаррас доштани бахши саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва стратегии давлат ва солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.

Дар ин маврид суҳбате доштем бо Мадҷон Манучеҳра Мирзоалӣ, сардори сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-Муаллими азиз, мехостем аз Шумо ҳамчун аз коршиноси соҳа оид ба ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, хусусан бахшҳои саноати кишвар дар соли сипаригардида маълумот гирем.

-Соҳаи саноат дар ҳақиқат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад. Маҳз барои ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.

Вобаста ба ин, дастур дода шуд, ки дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, ҷалби ҳар чи бештари сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зарур буда, дар ин самт соли сипаригардида корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, соли 2021 ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ нақшаи воридоти маблағҳо дар сатҳи 104 дарсад ва ё 182,2 млн сомонӣ иҷро шуд. Аз ҷумла, дар доираи 78 лоиҳаи сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи умумии онҳо 42 млрд сомониро ташкил медиҳад, аз оғози татбиқ то 1 январи соли 2022 дар маҷмуъ, 15,4 млрд сомонӣ маблағ аз худ гардид.

Дар ин давра дар соҳаҳои энергетика дар доираи 15 лоиҳа 2108,6 млн сомонӣ, нақлиёт дар доираи 13 лоиҳа 1 436,2 млн сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи 7 лоиҳа 661 млн сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи 18 лоиҳа 346,9 млн сомонӣ, кишоварзӣ дар доираи 3 лоиҳа 183,1 млн сомонӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулода дар доираи 5 лоиҳа 209 млн сомонӣ, маориф дар доираи 7 лоиҳа 259,9 млн сомонӣ, ирригатсия (обёрӣ) дар доираи 3 лоиҳа 80,2 млн сомонӣ ва дигар соҳаҳо (гумрук, молия, сайёҳӣ) дар доираи 7 лоиҳа 148 млн сомонӣ аз худ карда шудааст.

Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 якчанд созишномаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла бо ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе ба маблағи 5 млн доллар, ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен ба маблағи 20 млн доллар ва ҶДММ «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар ноҳияҳои Ёвон ва Данғара ба маблағи 25 млн доллар имзо шуданд.

Ҷиҳати татбиқи 6 лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди 11 корхонаи нави истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли гӯшти чорво ва паранда, истихроҷ ва коркарди маъдан, маҳсулоти нассоҷӣ, семент, гармхонаи инноватсионӣ, марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулот ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ идома дошта, дар ин самт наздики 5 млрд сомонӣ сармояи мустақими ватанию хориҷӣ ҷалб ва наздики 1000 ҷойи нави корӣ таъсис хоҳанд ёфт.

-Дар соли сипаригардида ҷиҳати таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат мо ба кадом комёбиҳо ноил гардидем?

-Соли сипаригардидаро аз ин ҷиҳат воқеан соли муваффақ ҳисобидан мумкин аст. Ҳамчун комёбиҳои назаррас мавриди истифода қарор додани 309 корхона ва коргоҳи нави саноатиро бо 5130 ҷойҳои корӣ номидан мумкин аст, ки як зумраи он бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтаанд. Дар қатори онҳо чунин корхонаву коргоҳҳоро махсусан зикр кардан зарур аст:

- ҶДММ «Субҳи заррин» дар шаҳри Хуҷанд бо иқтидори 360 тонна маргарин ва равғани зард, корхонаи «Шири Хуррамзамин» бо иқтидори коркарди 5 тонна шир дар як шабонарӯз, корхонаи ҶДММ «Шири Спитамен» бо иқтидори коркарди беш аз 20 тонна шири холис ва истеҳсоли 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз;

-фабрикаи парандапарварии «Назар» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо парвариши зиёда аз 30 ҳазор сар чӯҷаи зоти бройлерӣ ва иқтидори зиёда аз 1200 тонна гӯшти паранда дар 1 сол, ҶДММ «Суғд – саноат - паранда» бо иқтидори 1200 тонна гӯшти мурғ дар як сол, ҶДММ «Файзи саҳар» бо парвариши зиёда аз 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа, ҶДММ «Мармарӣ» бо парвариши зиёда аз 3 млн сар мурғ дар як сол, ҶДММ «Мурғи Султон» дар ноҳияи Айнӣ бо иқтидори истеҳсоли 480 ҳазор дона тухм дар як моҳ ва ҶДММ «Оби Ховалинг» бо парвариши 5 ҳазор сар мурғ;

- ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» бо иқтидори то 34 млн ҷуфт ҷуроб дар як сол, ҶДММ «Сомон Расул» бо иқтидори 100 ҳазор ҷуфт ҷуроб дар як моҳ, ҶДММ «Органик Ян» дар ноҳияи Спитамен бо иқтидори истеҳсолии 1500 тонна маҳсулоти тайёри пахтагӣ дар як сол;

-ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест» оид ба истеҳсоли равғани рустанӣ бо иқтидори коркарди 50 тонна чигит ва офтобпараст дар як шабонарӯз, ҶДММ «Файзи Алӣ» дар ноҳияи Данғара бо иқтидори истеҳсолии коркарди 25 тонна ашёи хом ва истеҳсоли 3,5 тонна равған дар як шабонарӯз;

-ҶДММ «Ганҷофар» дар шаҳри Бӯстон бо иқтидори 500 дона шифери асбестӣ дар як шабонарӯз, ҶДММ «Бохтар шифер» дар шаҳри Бохтар бо иқтидори солонаи 1100 ҳазор дона шифер, ҶДММ «Моҳир семент» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иқтидори истеҳсолии 600 ҳазор тонна семент дар як сол, корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикии «Композит ТА» бо иқтидори истеҳсоли то 150 километр лӯлаҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр дар як сол;

-сардхонаи ҶДММ «Баракати Истиқлол» бо иқтидори захира намудани 1500 тонна сабзавоту мева ва 100 тонна гӯшт, корхонаи ҶДММ «Меваҳои Бадахшон» бо иқтидори коркарди то 400 тонна меваю сабзавот дар як сол;

-коргоҳи мебелсозии ҶДММ «Акобир» бо иқтидори коркарди зиёда аз 15 ҳазор тахтаи махсус ва истеҳсоли 600 маҷмуи мебели гуногуни мулоим дар як сол;

- марҳилаи аввали корхонаи ҶДММ «Алюмин Проф» дар шаҳри Турсунзода бо иқтидори коркарди 7200 тонна алюминий ва истеҳсоли 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ, ҶДММ «Карон пласт» дар ноҳияи Дарвоз бо иқтидори истеҳсолии 2400 метр лӯла бо андозаи қутрашон аз 15 то 120 миллиметр дар як шабонарӯз;

-корхонаи «Пойафзоли Кангурт» дар ноҳияи Темурмалик бо иқтидори аз 300 то 500 адад пойафзол дар як рӯз ва як қатор корхонаҳои дигари саноатӣ.

Дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2021 ба 38826,1 млн сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 22 фоиз зиёд буда, дар 5 соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Ин имкон дод, ки дар соли 2021 рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 9,2 фоиз, яъне нисбат ба соли гузашта 4,7 банди фоизӣ зиёд шавад, ки дар 17 соли охир нишондиҳандаи баландтарин ба ҳисоб меравад. Ташкилоти байналмилалии молиявӣ низ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд.

-Ба ақидаи Шумо самтҳои афзалиятноки ҷалби сармоя дар кишвар кадомҳоянд?

-Ташаккур барои саволи бисёр бамаврид. Тибқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025, самтҳои афзалиятноки сармоягузориҳо, пеш аз ҳама, соҳаҳои саноати маъдан, металлургияи ранга, мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ, коркарди ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, ташкили кластерҳои истеҳсолӣ, сохтмон ва хизматрасонӣ маҳсуб меёбанд. Ҷалби сармоягузориҳо дар ин самтҳо барои коҳиш додани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини соҳаҳои гуногун бо таҷҳизоти муосир, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва таъмини гуногунсамтии истеҳсолоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.

-Дар кишвари мо бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротӣ ва таъмини рушди мутавозини минтақаҳои мамлакат панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Имрӯз минтақаҳои озоди иқтисодӣ то кадом дараҷа дар ҷалби сармоя ва саноатикунонии ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд?

-Зикр кардан зарур аст, ки имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 79 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 30 субъект, МОИ «Данғара» 32 субъект, МОИ «Панҷ» 11 субъект, МОИ «Ишкошим» 5 субъект ва МОИ навтаъсиси «Кӯлоб» 1 субъект рост меояд.

Аз теъдоди умумии субъектҳои бақайд­гирифташуда алҳол 30 субъект, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» – 17 ва дар МОИ «Данғара» 13 субъект фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ монда, субъектҳои дигар дар марҳилаи омодагӣ барои оғоз намудани фаъолият ва ворид кардани таҷҳизоти технологӣ қарор доранд.

Ҳаҷми сармояи мустақими азхудшуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар қариб 2 млрд сомонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содироту воридотӣ беш аз 1,2 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Агар барои сохтмони инфрасохтори зарурӣ ва нигаҳдории маъмурияти минтақаҳо дар давоми солҳои 2010–2021 аз буҷети давлатӣ беш аз 48 млн сомонӣ ҷудо гардида бошад, аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ин давра ба буҷети давлатӣ пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ ба маблағи 190 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба маблағҳои аз буҷети давлатӣ ба инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷудошуда қариб 4 маротиба зиёд аст.

Албатта, дар баробари дастовардҳо дар ин самт масъалаҳои ҳалталаб ҳоло ҳам ба назар мерасанд. Бинобар ин бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ҷолибияти МОИ барои ҷалби сармоягузориҳо татбиқи ислоҳот дар самти такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, пешниҳоди имтиёзҳои маъмурию фискалӣ, роҳандозии низоми «Равзанаи ягона» барои хизматрасонии субъектҳои МОИ ва тақвияти иқтидори Фонди ҷумҳуриявии рушди МОИ идома дода мешаванд.

Д. Сайдамирзода

:.  Иқтисод 18.05.2022 12:40 1936

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz