- Ҷалби бештари бонувони болаёқат ба фаъолияти бонкӣ ва ба ин васила зиёд намудани теъдоди онон дар соҳа аз зумраи супоришҳои муҳимми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, доир ба ин масъала дар машваратҳои корӣ пайваста изҳори ақида карда мешавад. Ин аст, ки аз шумораи умумии кормандони низоми бонкии вилояти Суғд, бонувон 2149 нафар буда, 40 дарсадро ташкил медиҳанд, - гуфт Наврӯз Валиев, роҳбари бахши Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд. - Хурсандиовар аст, ки бонувони суғдӣ дар вазифаҳои роҳбарии бонкҳо ва шуъбаву бахшҳо кордонию лаёқати шоёни худро ба исбот мерасонанд.
Барои шиносоӣ бо фаъолияти бонувон дар филиали минтақавии № 23-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ба ин даргоҳ омадем. Муовини мудири филиал бону Шоира Машрафҷонзода аз 13 июли соли 2021 ба ин вазифаи масъул таъин шудааст. Аз суҳбат бо ӯ бори дигар итминон ҳосил кардем, ки дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷасурона ба кори бонкҳо пешбарӣ намудани бонувони кордон бедалел набудааст.
Муҳаббат ба бонкдорӣ
Соли 1996 Шоира мактаби миёнаи зодгоҳаш - шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштичро хатм кард. Падараш Машрафҷон - коргар, модараш Маърифат - ҳамшираи шафқат. 4 нафар фарзандро дар давраи ноамнӣ хӯрондану пӯшондан осон набуд, чи расад ба хонондани фарзанди нахустинашон - Шоира дар мактаби олӣ, ки орзуи суханшиносу рӯзноманигор шудан дошт…
Вақте донишу малакаи ӯро санҷида, дар бахши Бонки амонатгузории ноҳия ба кор қабулаш карданд, шод гашт. Зеро кам бошад ҳам, маоши ӯ ба волидон ёрӣ мерасонд. Вале дар ягон гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки минбаъд риштаи ҳаёти ӯ бо бонк гиреҳ мехӯрад. Ӯро баъди як соли коргузор буданаш муҳосиби коркарди нафақа таъин карданд, муносибаташ ба бонкдорӣ дигар шуд ва оҳиста-оҳиста ба муҳаббат табдил ёфт. Медонист, ки бе маълумоти касбӣ дар ин соҳа оянда кор карда наметавонад, барои идомаи таҳсил бошад имкон надошт.
- Соли 1998 квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст бо иқдоми меҳрубононаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуданд ва ман дар озмун ширкат варзида, ғоибона ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шомил гардида, онро соли 2004 бо ихтисоси иқтисод ва идораи корхона хатм намудам, - мегӯяд Шоирабону. – Ҳамзамон, бо гирифтани маълумоти олӣ ба асрори бонкдорӣ амиқтар сарфаҳм мерафтам.
Мураббӣ
Ёдгор Сайфуллоеваро, ки 16 сол роҳбари филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Деваштич буд ва бо сари баланд ба нафақа баромад, мураббии хеш медонад ва аз ӯ сипосманд аст. Шоира мегӯяд:
- Зани мардсифат ҳастанд, хеле сахтгир ва ба ҳамон андоза меҳрубону ғамхор. Пандҳояшонро, ки мегуфтанд: «Одам бояд ҳамеша росту ҳалолкор, хусусан, дар бонк дасту дили пок дошта бошад, ба амонат хиёнат накунад, иштибоҳи як адад метавонад тақдири одамро дигар кунад», абадан дар зеҳни ман нақш бастаанд ва аз он дар кори ҳаррӯзаам истифода мебарам, ба ҳамкорон мегӯям. Ҳангоми роҳбариашон аз 32 корманди бахши «Амонатбонк» дар ноҳияи Деваштич 20 нафар бону буд.
Баъди соҳиби маълумоти олӣ гардидан, вай зина - зина боло мерафт: солҳои 2008 - 2009 иҷрокунандаи вазифаи сармуҳосиби шуъба, 2010 - 2015 сармуҳосиби филиал, 2015 - 2017 иҷрокунандаи вазифаи мудир, 2017 - 2021 мудири филиал буд. 13 июли соли 2021 муовини мудири филиали минтақавии «Амонатбонк» дар вилояти Суғд таъин гардид.
Хонавода - такягоҳи қавӣ
Ҳанӯз соли 1999 бо ронанда Фарҳод Ҷӯраев, издивоҷ карда буд. Ҳамсар ва хусуру хушдоманаш Ҳабибулло Ҷӯраев ва Раҳима Ҷӯраева, ки ҳар ду табиб аст ва дар Деваштичу берун аз он ҳамчун инсонҳои рӯшанфикру бедордил маъруф мебошанд, ҳамеша ӯро дастгирӣ менамоянд. Ӯву ҳамсараш ду фарзанд доранд: Шамшоди 19-сола донишҷӯйи Донишкадаи технологии шаҳри Пензаи Россия, Шаҳриёр хонандаи синфи 2.
Аз ин рӯ, аҳли хонавода мефахранд, ки Шоира дар маркази вилоят соҳиби вазифаи баланд аст.
Таъкиди Пешво
Дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии коррупсия, ки моҳи майи соли 2019 доир шуду зарурати ба кори бонкҳо бештар ҷалб намудани занону духтарон таъкид гардид, Шоира ҳамчун мудири филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Деваштич иштирок дошт.
- Хушбахтона, солҳои охир сафи бонувон дар сохтори «Амонатбонк» рӯ ба афзоиш аст. Алҳол аз 650 корманди бонк 316 нафар бонуст, ки 49 дарсадро ташкил медиҳад. Дар филиали вилоятӣ аз 74 нафар 37 корманд ё худ 50 % бонувон ҳастанд. Мо ифтихор дорем, ки бонувони соҳибкасбу поквиҷдони филиал Мавзуна Раҳимӣ - сардори шуъбаи молия ва иқтисод, Замира Мақсудӣ - сардори шуъбаи пардохти нафақа ва кортҳо, мутахассисон Бихосият Юсуфова, Машҳура Ҳомидова бо камоли майл таҷрибаи худро ба ҷавонон меомӯзонанд. Дар бонк духтарони хушсалиқаи донандаи технологияҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ бомуваффақият кор мекунанд. Масалан, Гулчеҳра Пӯлодова забонҳои чинӣ ва англисӣ, Рухшона Шарифова лисони англисиро медонанд, Муқаддама Ҳошимова, Наргиса Каримова ҳам намунаи ибратанд, -мегӯяд Шоира Машрафҷонзода.
Вазъ дар филиалҳо
Дар филиалҳои шаҳрию ноҳиявии бонкӣ низ ба масъалаи ҷалби бонувон ба кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Масалан, дар филиалҳои «Амонатбонк» дар шаҳри Бӯстон, ки мудираш бонуи кордон Мавзуна Абдураҳмонзода мебошад, аз 17 корманд 12 нафар, дар шаҳри Хуҷанд аз 60 - 41, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 53 – 36, Исфара аз 45 - 32, Конибодом аз 34 – 25, Деваштич аз 30 – 15, Ашт аз 30 – 14, Ҷаббор Расулов аз 30 -14 нафар бонувон мебошанд. Аммо ин омор дар дигар шаҳру ноҳияҳо қаноатбахш нест.
- Албатта, дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба кори бонкҳо маънои онро надорад, ки фақат ба хотири ҷинси латиф будан ба онон имтиёз диҳем. Талаботи озмуни кор хеле сахт аст ва маҳорату малакаи довталаб ҳамаҷониба санҷида мешавад. Комиссия ба сатҳи дониши касбӣ, донандагони технологияҳои нав ва забонҳои хориҷӣ афзалият медиҳад, - гуфт дар интиҳо Шоира Машрафҷонзода. – Мо барои дарёфти кормандони ояндаи худ бо донишгоҳҳои марбута шартномаи ҳамкорӣ дорем, таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро ба роҳ мондаем. Барои бонки мо, ки бонки мардумист, касбият ва одамияти кормандони оянда муҳим мебошанд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд