Ишорае чанд аз Паём
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.
Аз 110 коргар 60 бону аз маҳал
Андешаи таъсис додани фабрикаи парандапарварии «Беҳамто» замоне Исломиддин Ҳакимзодаро ба сар омад, ки дар яке аз паёмҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора ба рушди саноатикунонии кишвар буд. Ӯ тасмим гирифт, то коргоҳеро ба истифода диҳад, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани мардуми маҳаллӣ саҳм гузорад.
- ҶДММ «Беҳамто» соли 2014 ба фаъолият пардохта, дар давраи аввал дар ҳаҷми 1800 тонна гӯшти мурғ истеҳсол менамуд. Сол аз сол истеҳсоли гӯшти парҳезӣ бамаротиб афзуда, ҳаҷми истеҳсоли он дар давоми сол то ба 5 тонна расид. Алҳол, аз шумори 110 нафар корманди коргоҳ бештарашон бонувони маҳаланд. Дар шустан, вазн кардан ва бандубаст бонувон ҷалб мешаванд. Коргарон бо хӯроки нисфирӯзӣ, либосҳои корӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд, - иброз медорад сармуҳосиби коргоҳ Мавлуда Зиёева.
Рушди техника ва истифода аз технологияи муосир дар ҳар ҷода корро осон намудааст. Таҷҳизоти замонавие, ки аз кишвари Олмон ба коргоҳ ворид гардид, дар баробари ях кунондани маҳсулот, инчунин, онро бандубаст менамояд. Технологияҳои истифодашаванда то андозае корро сабук намудаанд, ки ниёз ба корҳои дастӣ намондааст. Вале ба хотири бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, бахусус бонувони маҳал, бархе аз корҳо ба таври дастӣ ба сомон мерасанд.
Истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ
Ҳудуди фабрикаи парандапарварии «Беҳамто» зиёда аз 10 гектарро ташкил дода, дар он биноҳои нигаҳдории паранда, 2 сардхона ва 10 анбори иловагӣ бунёд ёфтаанд. Сохтмон ва иншооти истифодашавандаи коргоҳ бо риояи талаботи байторӣ, экологӣ ва санитарӣ роҳандозӣ шуда, аз деҳот дур воқеъ аст.
Алҳол, 155 ҳазор паранда дар коргоҳ парвариш меёбад. Хӯрокаи махсус, ки барои парвариши мурғи парҳезӣ тавсия шудааст, инчунин, тухми паранда (poss308 – навъи махсуси тухм, ки ҷӯҷаи он маҳз барои гӯшт парвариш меёбад) аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд. Ба гуфтаи Мавлуда Зиёева, роҳбарият тасмим дорад, коркарди хӯрокаи паранда, истеҳсоли тухм ва парвариши мурғҳои тухмзойро дар фабрикаашон роҳандозӣ намоянд.
- Вақте ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили кишвар коркард ва истеҳсол мешавад, нархи маҳсулоти ниҳоӣ низ дар бозори истеъмолӣ арзон мегардад. Аз ин рӯ, роҳбарият ба хотири ба ҳадафҳои хеш расидан ва муваффақ шудан дар самти пешбурди фаъолияти коргоҳ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар баробари ворид кардани технологияи муосир мутахассисони соҳа низ аз хориҷ барои таҷриба омӯзондан ба корхона омаданд. Коргарҷавонон имрӯз таҷрибаи андӯхтаашонро дар раванди кор истифода менамоянд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Омодасозии мутахассисон
Тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисону кормандони соҳаи парандапарварӣ, ташкил ва баргузории семинар - машварат ва конфронсҳо доир ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи парандапарварӣ, таъмини мутахассисони корхонаҳои парандапарварӣ бо иттилооти дастовардҳои навтарини илмӣ аз зумраи иқдомҳоеанд, ки ҷиҳати пешрафти истеҳсолот дар ҶДММ «Беҳамто» роҳандозӣ шудаанд.
Калиди муваффақият ва пешрафт дар самти фаъолият дар ҳар ҷодае набошад, ҷалб ва сарҷамъ овардани мутахассисони варзидаву таҷрибаандӯхта мебошад. Ин нуктаро роҳбарияти коргоҳ хуб дарк карда, ҷиҳати омода намудани мутахассисон корҳои назаррасро ба сомон расондаанд. Аз ҳисоби коргарҷавонон, соле пеш чанд нафареро барои омӯзиш ва аз бар намудани касб ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур сафарбар намуданд. Инчунин, ба хотири касбомӯзӣ ва аз худ намудани ҳунари устои технологияи муосир, ки алҳол дар коргоҳ истифода мешавад, ҷавонписарони коргоҳ ба донишгоҳҳои Россия фиристонда шуданд.
Мавлуда Зиёева дар ниҳоят афзуд:
- Барномаҳои хосае дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадаф афзун кардани истеҳсоли босифати тухм ва гӯшти паранда бо истифода аз технологияҳои муосир, беҳтарсозии зот, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, инчунин, кам намудани хароҷоти изофа мебошад. Аз ин хотир, роҳбарияти корхона ҷиҳати расидан ба мақсади ниҳоии хеш азнавтаҷҳизонии техникӣ, таҷдиди маҷмуӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии корхонаро роҳандозӣ намудааст, ки ба паст шудани арзиши аслии маҳсулот ва таъмини рақобатпазирии он мусоидат хоҳад кард.
Моҳира зикруллоева,
ноҳияи Ёвон