Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, ки барои таъмини устувории иқтисодиёт заминаи амиқ мегузорад, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ коргоҳҳои хурду миёнаи саноатӣ бунёд ёфта, сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин мегарданд. Яке аз чунин корхонаҳо фабрикаи мебелсозии ҶДММ «Бисот» мебошад, ки моҳи марти соли 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст.
«Бисот» аввалин фабрикаи ҷадиди истеҳсолӣ дар соҳаи мебелбарорӣ аст, ки бештари маҳсулоти он дар кишвар назир надоранд. Коргоҳ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт воқеъ буда, дар масоҳати қариб як гектар замин доман густурдааст. Дар шафати коргоҳи мебелсозӣ бинои хуштарҳу замонавии сеошёна қомат афрохтааст. Мебелҳои хушсифату зебои бо завқу салиқаи баланд тазйинёфта гӯшаву канори толорҳои онро оро медиҳанд ва бузургтарин намоишгоҳ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин ҷо муҳити бароҳату ҳаловатбахшро муҳайё намудаанд, то зистгоҳи мардум ва коргоҳҳо низ мисли он дилрабову марғуб бошанд. Ширкат ба истеҳсоли мебел барои манзили зист, коргоҳ, беморхона, меҳмонхона, муассисаҳои таълимӣ ва дарҳои байниҳуҷравии замонавӣ машғул буда, дар самти пешниҳоди пардози манзил низ фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Дар маҷмуъ, иқтидори солонаи коргоҳ коркарди беш аз 600 метри мукааб чӯб, 15 ҳазор адад тахтаҳои махсус ва истеҳсоли 1 ҳазору 500 маҷмуи мебелҳои гуногуни мулоим буда, пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Олмон ва Италия ворид шудаанд.
Соли аввали фаъолият коргоҳ 100 нафар коргар дошт, ҳоло шумораи онҳо ба 150 расидааст. Дар сехҳои рассомӣ ва мебелбарорӣ 15 нафар бону ба симати наққош, рассом ва дӯзанда фаъолият менамоянд. Дар ҳайати хизматрасонӣ низ занон кам нестанд.
Фабрика аз чор сех: истеҳсоли маҳсулоти калонхаҷм, истеҳсоли қисмҳои асосӣ, ҳунарҳои мардумӣ, рангубору наққошӣ ва истеҳсоли мебели нарм, ки аввалин дар Тоҷикистон аст, иборат мебошад. Масолеҳ, андоза, механизмҳо ва дигар ҷузъиёти ҳар як мебел бо дархости мизоҷон интихоб гардида, бо супориши махсуси фармоишдиҳанда омода мегардад. Барои таҳияи мебелҳои хушсифат мутахассисони ватанию хориҷӣ ҷалб шудаанд. Дар зарфи се соли фаъолият мутахассисон аз кишварҳои Булғористон, Италия ва Туркия омада, ба устоҳои истеҳсолӣ аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон омӯзишҳо доир намудаанд.
- Имсол ният дорем, ки ба мизоҷон боз ҳам шароити хуби хизматрасониро таъмин намоем. Хонапардозони касбӣ дорем, ки бо хоҳиши мизоҷ макони онҳоро андоза гирифта, баъди омода шудани мебел онро то ҷойи зарурӣ бурда, насб менамоянд. Маҳсулоти хешро ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мерасонем. Ҳамчунин, барои хонапардозони беруна, ки мехоҳанд пардозгарии махсус намоянд, ширкат ба онҳо бонус медиҳад, ки барои фаъолияти минбаъдаи онҳо низ муфид аст. Барои кормандон низ чунин тарзро ҷорӣ намудем. Вақте кормандон интизоми меҳнатро риоя намуда, корро босифат анҷом медиҳанд, ба маоши онҳо мукофотпулӣ зам мегардад. Соли гузашта иқдоми нави «Корманди сол»-ро дар коргоҳ роҳандозӣ намуда, байни кормандон пурсиш гузарондем. Пас 12 июн, дар Рӯзи кормандони соҳаи мебелсозӣ ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳо ҳадия намудем, - иброз дошт мутахассиси коргоҳ Хушбахт Содиқзода.
Бо мақсади васеъ кардани номгӯи маҳсулот ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот тибқи дастуру пешниҳодоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар фабрика коргоҳи шишабарорӣ таъсис ёфт, ки дар он 50 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардид.
- Дар ин ҷо шишаҳои навъи олӣ барои намои берунии иморатҳо, шишаҳои сиёҳ, рангоранг ва ғайра истеҳсол мегарданд. Дар оянда нақша дорем, истеҳсоли қисмҳои металлии мебелро низ дар ҳамин ҷо ба роҳ монем. То ҳол чунин қисмҳоро аз Италия, Туркия ва Россия дастрас менамудем, ба монанди системаҳои «пуш-ап» ва «магнитӣ». Ба ин тариқ, воридоти қисмҳои металлии мебел аз хориҷи кишвар коҳиш меёбад ва дар ин замина маҳсулоти тайёр бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди харидорон мегардад.
Истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ, инчунин, талаботи бозор пурра дар дохили корхона сурат мегирад. Ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта ва фурнитура, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз Федератсияи Россия, Италия ва Туркия ворид мешавад. Намунаи ҳама намуди ашёи хомро дорем, ки мизоҷон дилхоҳ аз онро интихоб мекунанд. Ҳамчунин, намунаи маҳсулоти аз ҳамон ашё сохташуда дар толори намоишгоҳ мавҷуд аст, ки аз он низ дидан менамоянд, - гуфт менеҷери коргоҳ Машҳура Мадалиева.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» роҳбарияти коргоҳ тасмим дорад, ки коргоҳи наверо оид ба истеҳсоли дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ ба истифода дода, беш аз 50 нафарро ба кор ҷалб созанд.
- Кормандоне, ки дар басти дувум кор мекунанд, се маротиба бо ғизои гарм таъмин мегарданд. Ба кормандон либос, пойафзол, респиратор ва ба кормандони истеҳсолӣ: наққошон ва рассомон ҳар субҳ маҳсулоти ширӣ дода мешавад, - афзуд менеҷер.
Нахуст нафароне, ки эҷодкор, меҳнатдӯст ва дӯстдори технологияҳои инноватсиониянду хоҳиши рушди касбиро доранд, роҳбарияти ширкат ба кор қабул менамояд. Шахсоне, ки таҷрибаи корӣ надоранд, бо розигии сардори истеҳсолот дар назди устоҳо ба шогирдӣ ҷалб шуда, бо мурури таҷриба ҳосил кардан шуғли доимиро дарёфт менамоянд.
Омина ХОҶАЕВА