Боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ шуғли доимии бонуи заҳматкаш Саидбӣ Раҳимова аст, ки ҳоло 5 гектар заминро ба боғи ҳосилрезу зархез табдил додааст.
«Ман аз аввал дар замин кор кардаам, агар рӯзе каланд назанам, хунам ғафсу ҳолам табоҳ мешавад», - шӯхиомез мегӯяд холаи Саидбӣ. Ҳоло дар боғи ин бонуи меҳнаткаш, ки дар деҳаи Ҷавонии деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон воқеъ аст, беш аз 3000 ниҳолу дарахтони олу, зардолу, хурмо, себ, биҳӣ, нок, гелос, олуча, анор, писта ва бодом парвариш меёбанд. Ду сол қабл 10 садяки заминро аз дарахтони пиру беҳосил тоза карда, ниҳол шинонд, ки ҳоло дар нашъунамоянд. Дар замини наздиҳавлиашон низ дарахтони зиёди пиставу анор қомат алам кардаанд.
- Бо писарам Беҳрӯзҷон қарор додем, ки бештар ниҳолҳои писта, чормағз ва бодом шинонем, зеро онҳо хушкмеваҳои лазиз ва боарзишанду муддати зиёд нигаҳдорӣ мешаванд. Пистаҳоро аз донааш месабзонем ва якбора дар замин мекорем, ки ба ин тариқ, зуд нашъунамо меёбанд. Мушкилӣ дар он аст, ки то андаке сабзидану мустаҳкам шудани ниҳолак гирди он парвонавор чархида, зуд – зуд об пошидан зарур аст. Пистаҳои эронӣ пас аз 4 - 10 сол самар медиҳанду пистаҳои маҳаллӣ дертар, қариб баъди 20 – 25 сол. Аз ин рӯ, пистаҳои эронӣ парвариш менамоем ва шумораи ниҳолҳои пиставу бодому чормағз дар боғ наздики 1000 ададро ташкил медиҳанд, - мегӯяд бонуи заҳматкаш.
Беҳрӯз Раҳимов, писари хурдии холаи Саидбӣ, мекӯшад, то аз таҷрибаи ғании кишварҳои Аврупо дар соҳаи кишоварзию ҷангалпарварӣ тариқи шабакаҳои ҷаҳонӣ маълумоти бештаре пайдо намояд. Бо истифода аз усулҳои корбарии онҳо байни дарахтонро фосилаи бештар мегузорад ва дар замини он сабзавоту зироат мекоранд.
- Бо мақсади дастгирии сокинони маҳаллӣ ба онҳо имконият медиҳем, ки бидуни иҷора дар гирду атрофи боғ ва байни дарахтон сабзавоткорӣ намоянд ва аз ин ҳисоб ризқу рӯзӣ дарёбанд. Сабзӣ, пиёз, картошка, турб, шалғам, кабудӣ ва дигар сабзавот ҳосили хуб медиҳанд. Ҳам замини боғ бекор намехобад, ҳам он нарму коркард ва обёрӣ мешавад, ки ба ин тариқ, ҳосилнокии дарахтон низ афзун мегардад, - мегӯяд Беҳрӯз.
Бонуи заҳматқарин Саидбӣ Раҳимова дар баробари боғпарварӣ сабзавоткорӣ низ менамояд, то ниёзи хонаводаро аз ин ҳисоб бароварад. Аз ҳосили помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва ғайра ҳамасола барои зимистон дар зарфҳои шишагӣ захира намуда, дар фасли гармо аз сабзавоти тару тоза хонаводаро таъмин месозад ва боқимондаи ҳосилро ба фурӯш мебарорад.
- Нафароне, ки дар заминҳои боғ сабзавот мекоранд, зиёд хоҳиш менамоянд, ки заҳмат накашам ва аз ҳосили рӯёндаи онҳо истифода барам. Аммо пешниҳоди онҳоро рад мекунам, зеро меҳнат дар замин маро болидаруҳ месозад ва ба ҷону равонам неру мебахшад. Беҳрӯзҷон доимо мегӯяд, ки модарҷон, белу каландро як сӯ гузор, мо ҳастем, мардум чӣ мегӯянд. Мегӯям, ки бигзор гӯянд, зеро сиҳативу солимии ман аз меҳнат аст, - иброз дошт холаи Саидбӣ.
Агар барф ба ҳосилхез шудани дарахтон осеб нарасонад, ҳамасола ин бону ҳамроҳ бо писараш Беҳрӯз, ки дар ҳама кор ёвару мададгори модар аст, аз боғ беш аз 1 тонна зардолу, ҳамин миқдор олуву хурмо ва беш аз 2 тонна биҳӣ ҷамъ меоранд. Ҳосили кадуҳои ширину хушлаззат дар як сол ба 2 – 3 тонна мерасад.
- Мо кадуро асосан дар атрофи боғ мешинонем. Каду аҷаб хосияте дорад, ки ҳар куҷо корӣ, мерӯяд, ҳатто дар лаби ғор ҳам чуноне ҳосил медиҳад, ки замину замонро каду мегирад. Бехашро каме нарм кун, тамом. Чунин заминҳо ба дору ниёз надоранд, хасу хошоку баргҳои зиёд мерезанд, ки худ поруи табиӣ мебошанд. Ҳар як каду то 12 – 16 кг вазн мегирад,- мегӯяд бону.
Ҳосили рӯёндаи меваву сабзавотро Саидбӣ Раҳимова ба бозори марказии ноҳияи Хуросон ба фурӯш мебарорад. Дар назди шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, ки як гӯшаи боғ ба он пайваст аст, гӯшаи деҳқон созмон дода, маҳсулоти тару тозаро ба харидорон пешкаш менамояд. Барои сабзу хуррамгардонии шоҳроҳ холаи Саидбӣ бо писараш дар поёни боғ беш аз 100 дарахти арча шинонда, парвариш намудаанд, ки воқеан ҳам зебову сарсабзанд.
- Дар боғ ду кулбачаи шамолпаноҳ сохтаем. Бо фаро расидани фасли гармо зистгоҳамонро, ки дар маркази ноҳия воқеъ аст, оилавӣ тарк гуфта, то рӯёндани ҳосил дар боғ мемонем ва моҳи октябр боз ба ҳавлӣ бармегардем. Ҳамин ки ба боғ мерасему аз мошин поин мешавам, хаёлам, ки баҳри дилам кушода шуда, нафаси озод мекашам. Дар боғ чунон бардаму солимам ва баъде, ки хона меоям, худро нотоб ҳис мекунам, - гуфт рамузкорона холаи Саидбӣ.
Ӯ бо ҳамсари марҳумаш Поргӣ Раҳимов, собиқ раиси ноҳияи Хуросон (1992 – 1994), шаш фарзандро ба воя расонда, таҳсили хуб дода, хонадор кардаанд. Ду духтар пешаи омӯзгорӣ ва яке кишоварзиро ихтиёр кардаанд. Беҳрӯз ёвари модар дар самти хоҷагӣ Донишгоҳи давлатии техникии Олтой ба номи И.И. Ползунови шаҳри Барнаулро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи саноати сабук ба итмом расондааст. Тули як сол дар қӯшунҳои сарҳадии шаҳри Хоруғ адои хизмати ҳарбӣ намуда, муддате ба ҳайси сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон фаъолият бурдааст. Бо хоҳиши зиёди модар ҳоло дар хоҷагии деҳқонӣ масруфият дорад.
- То соли 1992 дар ноҳияи Кӯшониён, дар ҷойи сероб мезистем. Ҳамсарам раиси совхози ба номи Файзалӣ Саидов буд. Баъди раиси ноҳия таъин гардиданаш, ба Хуросон кӯч бастем. Ман, ки кишоварзиро дӯст медоштам, аз камчинии об азият мекашидам. Ҳине ки аз заминҳои обӣ қитъаи замин барои хоҷагии деҳқонӣ дастрас кардам, шодиам ҳадду канор надошт. Шукр, ки дар ин рӯзҳои осоишта бо заҳмати деҳқонӣ рӯзӣ меёбем ва орзуҳои дилро амалӣ мегардонем, - меафзояд бонуи хушиқбол.
Дилрабо шарифзода,
ноҳияи Хуросон