Наргис нахустин бонуи роҳбар дар соҳаи бонкдории шаҳри Кӯлоб, ҳисобдони хушсалиқа, дономанди тору пуди бахшҳои молияву бонкдорӣ, ки аз усулҳои муосири ба даст гирифтани фишангҳои иқтисодӣ, ҷиҳати ғанигардонии буҷети давлат ва дарёфти манбаъҳои нави андоз ба хубӣ огаҳӣ дорад, як тан аз нахустпарвардаҳои даврони Истиқлоли давлатӣ аст. То зинаҳои роҳбарӣ ва мақому мартабаи дар ҷомеа пайдонамудааш тарбияи модари ҳунарманд - омӯзгори асил Муқаддас Назароваро гирифтааст, ки тайи 7 сол дар МТМУ №9-и шаҳри Кӯлоб роҳбари синфашон буд.
Донишу лаёқатҳои касбу ҳунаромӯзӣ, тавоноии зеҳниву зарфиятҳои баҳори умр аз муҳити хонавода, таваҷҷуҳи ҷиддии модар дар таълиму тарбияи фарзандон об мехӯрд, ки дар хона зани меҳрубону ҳунарвар, вале фаротар аз остони падар муаллими сахтгиру серталабе, ки миёни толибилмон «сиёсат»-и худро дошт, - хотираҳои даврони мактабхониро ба ёд меорад Наргис. - Мурури таҳсил дар синфҳои болоӣ шуълаи орзуҳои кӯдакӣ боло гирифту азми мисли модарам омӯзгори номдору муътабари шаҳр шудан маро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ овард.
Модари хирадманд, аз сари гаҳвораву домони поки хеш то мактаби зодгоҳу донишгоҳҳо ва дар ҷодаҳои рӯзгорон пандомӯзу роҳнамояш буд. Дар илму касбомӯзӣ саъю талош, дар шикасту ҳолатҳои ногувори зиндагӣ сабр доштан, аз мушкилу монеаҳо ба осонӣ гузаштанро биомӯхт ва дар шебу фарози зиндагӣ иродаи қавӣ доштанро талқин мекард. Дар назди ҷигарбандон дар кору кирдори фарзандон аз ному насаби аҷдодон ёдовар мешуданд, хусусан, фарзанди омӯзгор будан ифтихор буду ҳам масъулияти ҷиддӣ дошт.
Дар илму ҳунаромӯзӣ нисбат ба ҳамсолон саъйи дучанд дошта, аз синни наврасӣ малакаи таҳияи ғизову хӯришҳо ва пухтупази қаннодиҳои лазизро азбар намуда, бо тарроҳиҳои ҷолиби муделӣ ва дӯхту тайёр кардани ороишоти сарулибоси занона миёни ҳунармандони чирадасти Кӯлоб шинохта буд.
Пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти рус ба ҳайси нозири Сарраёсати минтақавии роҳҳои мошингарди Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард. Баъди заволи Ҳокимияти Шуравӣ корхонаи мазкур таҷдид шуд ва ба шарофати таваҷҷуҳи ҶСК «Ориёнбонк» ба кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби бонувон, Наргис ба симати иқтисоддони филиали бонк дар шаҳри Кӯлоб пазируфта шуд. Давоми 10 сол аз иқтисоддони одӣ то зинаи сармуҳосиб обутоб ёфта, аз соли 2003 ба филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба кор гузашт. Ҳамакнун, ба изофаи донишу таҷрибаи кофӣ ва донистани забони русӣ, боз ҳам ҷиҳати пешрафт намудан дар самти бонкдорӣ доштани маълумоти олии иқтисодӣ ҳатмӣ буд. Аз ин рӯ, ба шуъбаи ғоибонаи ДДК дохил шуда, соли 2007 онро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кард. Бо доштани таҷрибаи қариб 15 соли корӣ дар соҳаи бонкдорӣ корро дар бонки дигар аз вазифаи иқтисоддони дараҷаи 1 идома дода, баъди чанде сариқтисоддон, аз соли 2011 муовини сардор ва баъдан роҳбари Филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб таъин шуд. Дар заминаи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи бонкдорӣ таҷриба андӯхта, пасон, солҳои 2015 -2019 муовини мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва аз соли 2020 сардори раёсати омори шаҳри Кӯлоб мебошад.
- Барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи иқтисодиёт, такмили донишу маҳорати касбӣ, худсозиву пешрафтҳо ва дарёфти ҷойгоҳи арзандаи худ дар ҷомеа, аз роҳбарияти ҶСК «Ориёнбонк» сипосгузорам, ки дар давраи танқисиҳои иҷтимоӣ ба ҳайси кадри ҷавон маро ба кор гирифт, барои ба по истодану пешрафтҳои оянда имконият фароҳам овард. Таҷрибаи дар самтҳои молияву бонкдорӣ ва сармоягузории фишангҳои иқтисодӣ омӯхтаам, имрӯз дар умури идоракунии мақомоти оморӣ, гузарондани таҳлилҳои саҳеҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба кор омада, - иброз медорад Наргис Қурбонзода. –Гарчанде давоми даҳсолаи аввали татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» раванди тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон хуб ба роҳ монда шуда буд, имрӯз ҳузури занон дар зинаҳои роҳбарии блоки иқтисодии вилоят қонеъкунанда нест. Ҳол он ки ҳанӯз чанд сол пеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби бонувон ба кору вазифаҳои сохтори бонкӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дода буданд.
- Дар ду давраи аз мутахассиси одӣ то вазифаҳои муовин ва сардори филиалҳои бонкҳои саҳомӣ фаъолият доштанам, ҳузури бонувони иқтисоддон дар соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб мушоҳида мешуд, вале шумори онон ба вазифаҳои роҳбарӣ кам ба назар мерасад. Феълан, дар идораву ташкилотҳои гуногун бонувони иқтисодчӣ ва пуртаҷриба зиёданд, аммо бинобар ба синни нафақа расиданашон ба вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ намешаванд. Дуруст аст, ки барои тарбия ва омода намудани кадрҳои ҷавон ба вазифаи роҳбарии блоки иқтисодӣ 10–15 сол кифоя аст, валекин, дар тули 23 соли татбиқи Фармони Президенти кишвар, ҳоло ҳам ҳузури бонувон дар вазифаҳои роҳбарии соҳоти молия, андоз ва бонку дигар самтҳои иқтисодиёт қаноатбахш нест. Ҳоло ки раиси навтаъини шаҳри Кӯлоб аз ихтисосмандони ҳирфаии соҳаи молия ва иқтисодчии варзида ба ҳисоб меравад, метавон умед баст, ки дар самтҳои дарёфти манбаъҳои иловагии ғанисозии буҷети маҳаллӣ ва тарбияву ҷобаҷогузории бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарии соҳаи иқтисод нақши муассир хоҳад гузошт»,- изҳор дошт Наргис Қурбонзода.
Мусаллам аст, ки дар омад – омади фасли баҳору Иди Модар мавзуи мақоми зан дар ҷомеа ва мушкилу масоили ҳалталаби ин самт мавриди баррасӣ қарор гирад. Вақти он расида, ки аз сухан ба амал гузарем. Барои афзудани ҳузури бонувони кордон ба вазифаҳои роҳбарӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ бирасем…
Дар панҷсолаи оянда, ки «Солҳои рушди саноат» эълон шуда, дар радифи тақвият бахшидани самти ҳисоботдиҳии соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин, давра ба давра ба ҳисоботи электронӣ гузашта истодаем, аз ҳар яки мо, мутахассисони соҳа, донишу касбияти баланд, фаъолияти содиқонаву масъулиятро дучанд тақозо дорад. Зеро ҳоло ҳам баъзе масъулони бахшҳои муҳосиботи корхонаву субъектҳои хоҷагидорӣ бо мақсади канораҷӯӣ аз пардохти баъзе андозҳои давлатӣ маълумоти аслии истеҳсолиро ба мақомоти оморӣ пешниҳод намекунанд.
Бо ҳама пуркориву масъулиятҳои муҳими ҷамъиятӣ, ҷидду ҷаҳди худсозиҳо ва ташаккули малакаи роҳбарӣ барои ӯ хонавода муҳимтарин муқаддасоти зиндагӣ ба ҳисоб рафта, расидагӣ ба масоили рӯзмарраи ҳамсару фарзандонро дар мадди аввал мегузорад. Гулпарвариву таҳияи ғизоҳои лазизу хӯришҳои навгуна, пухтупази нону қаннодиҳои хушмаза аз шуғлҳои дӯстдоштании Наргис ба ҳисоб рафта, ба хотири ороиши дастархони хонавода ва баҳрабарии пайвандон аз дастони пурэъҷозаш соатҳои фориғ аз кору рӯзҳои истироҳат кадбонуи хонадон мешавад.
Ҷ. УСМОН,
шаҳри Кӯлоб