Моњи августи соли 2021 дар дењоти ба номи Турсун Ўлљабоеви ноњияи Спитамен корхонаи истењсоли мањсулоти ширии ЉДММ «Шири Спитамен» ба тариќи озмоишї ба фаъолият пардохт. 8-уми октябри соли 2021 Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон онро расман ифтитоњ намуданд.
Иншооти мазкурро соњибкори ватанї - муассиси Љамъияти сањомии пўшидаи «Комбинати шири Душанбе» Наврўз Комилов дар масоњати 60 садяк, дар канори шоњроње, ки Суѓдро бо Душанбе мепайвандад, бунёд кард. Корхонаи шир аз ду хати истењсолї иборат буда, барои сохтмон ва хариди таљњизоти он 15,5 миллион сомонї харљ гаштааст. Таљњизоти муосири корхонаро аз мамолики Чин, Россия ва Маљористон овардаанд.
Озмоишгар
Дидем, ки дар коргоњ асосан бонувони хилъатпўши озода ба кор машѓуланд. Нахуст бо Фотима Мањмадиеваи озмоишгар шинос мешавем. Вай сифати ширро месанљад. Нозукињои ин касбро њанўз замони кор дар заводи шири Душанбе аз хушдоманаш Раъно Сагизова, ки беш аз 25 сол озмоишгар аст, ба хубї омўхт. Баъди ифтитоњи корхонаи нав ў ва шавњари челонгарашро ба ин љо даъват карданд. Зану шавњари љавон ин пешнињодро пазируфтанд ва бењтарин донандагони касби худ ба њисоб мераванд.
- Барои мо шароити хуби кору зиндагї фароњам овардаанд, музди хуб медињанд, - мегўяд Фотима, - ва мо низ аз сидќ зањмат мекашем. Хушдоманам, ки устодам низ њастанд, сари чанд ваќт ба коргоњ омада, корамонро месанљанд ва, хушбахтона, розї мераванд. Њанўз њам њар нофањмие дар кор пеш ояд, ба он кас занг мезанем ва маслињат мепурсем.
Шогирди сазовор
Сокини дењаи њамсояи корхона Дилрабо Турсунова, ки соњиби тањсилоти олї аст, бекор буд. Чанд муддат њамчун фаррош кор кард ва ба касби Фотима мароќ зоњир намуд. Фотима гуфт: «Агар хоњад, шогирдаш шавад». Дилрабо чанд њафта аст, ки назди ў кор меомўзад.
- Дилрабо ќобилият дорад, зењнаш тез, кори озмоиши лаборатории мањсулотро, ки нозукињо ва талаботи хоси худро доранд, зуд омўхта истодааст, - гуфт Фотима. – Баъди як-ду моњ идораи дастгоњро дилпурона ба ў бовар кардан мумкин.
- Ман чор фарзанд дорам, аз њама калониаш 15-сола аст. Тарбияи онњо кори осон нест. Шукр, барои фаррошиям музди наѓз медињанд. Кўшиш дорам, ки касби озмоишгарро, ки муздаш зиёдтар аст, ба тезї ёд гирам. Доштани маълумоти олї имкон медињад, ки аз дастуру рисолањои марбут ба ин кор бештар огоњ шавам. Барои мо, сокинони дењот, дар наздикии хона пайдо кардани љойи кори хуб бахти баланд аст. Ташаккур ба Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки саноатикунонии мамлакатро њадафи стратегї донистаанд ва сипос ба созандагони ин коргоњ дар дењоти мо.
Усто
Зарифа Рустамова низ модари чор фарзанд аст. Хонашин буд ва танњо бо зањмати шавњар пеш бурдани рўзгор ба осонї даст намедод. Дар шафати дењаашон ќомат афрохтани корхонаи азим ба дили ў ва дигар бонувони дења умед бахшид.
– Хушбахтона, баъди анљоми сохтмон ва насби таљњизот намояндагони корхона бо сокинони дења вохўрда, ба кор даъват карданд. Аз моњи августи соли 2021 аввал њамчун фаррош ба кор ќабул шудам. Аз корхонаи шири Душанбе мутахассисон омада, кор карданро дар дастгоњњои муосир омўзонданд. Ба зудї касби нав омўхтам ва коргар шудаму маошам баландтар гардид, оњиста-оњиста кори њамаи таљњизотро ёд гирифтам. Ба дараљаи устої расидам ва музди корам боз зиёдтар шуд, - гуфт зимни суњбат Зарифа. – Акнун худам њам кор мекунаму њам корфармої ва њам њунарњоямро ба навкорон меомўзонам.
Сипосгузорї
Орзугул Отабоеваро њам корхонаи навтаъсис аз бекорї ва рўзгори сахти оилаи серфарзанд наљот дод.
- Пештар танњо корњои мавсимии дењќонї меёфтам, ки музди ночиз доштанд. Кори нав дар пеши хона бори дўши њамсарамро хеле сабук кард, - гуфт Орзугул. – Бар замми ин, мо дар дењот ќариб њама чорвои калон дорем ва шири барзиёди говњоямонро ба корхонаи худ мефурўшему аз ин њисоб низ буљети оилаамонро ѓанї мегардонем.
Муяссара Ортиќова, ки модари 5 фарзанд аст, њанўз моњи июли соли 2021, њини насби таљњизот њамчун фаррош ба кор ќабул шуд ва аз ќисматаш розї аст, ки соњиби кори доимї гардидааст. Ў бо сипос мегўяд:
- Шукр, дар коргоњ барои мо њама шароити кору истироњатро муњайё кардаанд. Аз соати 8 то 17 кор мекунем, се ваќт хўроки гарм медињанд, љойи либосивазкунї ва шустушўй бо оби гарму хунук муњайёст.
Шири хушк
Роњбари коргоњ Алишер Асламов бо ифтихор мегўяд, ки онњо наздик ба 20 номгўй мањсулоти ширї, аз љумла шири хушки равѓандору беравѓан, ќаймоќ, творог, маска, љурѓот, кефир, дуѓ, зардоби панир, шири ќиём, сметан, чакка ва ѓайра истењсол мекунанд. Мањсулоти коргоњ раќобатпазир, бозоргир, аз лињози экологї тоза аст. Алњол дар корхона 50 нафар мутахассисону кормандон фаъолият мекунанд ва чун њаво гарм шаваду шир бештар гардад, шумораи коргарон њам зиёд хоњад шуд.
- Мо дар љумњурї нахустин шуда ба истењсоли шири хушк сар кардем, ки пештар аз хориља ба кишвар ворид мешуд. Аз як тонна шири хом 85 кило шири хушк истењсол мешавад. Шири хушк дар љумњурї ва берун аз он талабгорони зиёд дорад ва имконияти содирот кардани он низ њаст. Дар корхона истењсоли шири хушк бе илова кардани равѓани нахл ва дигар маводи кимиёвї ба роњ монда шудааст. Шири хушкро дар бастањои 1, 2, 3 ва 25 килограмма љойгир мекунем, ки ба талаботи харидорон љавобгўй мебошад.
Мавсуф дар идомаи суњбат бобати сардхонањо гуфт:
- Барои нигоњ доштани мањсулот 3 сардхонаи стандартї бо ғунљоиши беш аз 20 тонна дорем. Дар озмоишгоњи замонавї пеш аз коркард шир аз ташхиси пурраи кимиёвї, физикї ва микробиологї мегузарад. Барои пешрафти кор харидану кашондани шир аз хољагињои чорводорї ва ањолии ноњияву њамсояноњияњо хеле муњим аст. Барои интиќол 6 мошини махсуси ширкашонии муљањњаз дорем. Њангоми ифтитоњи коргоњ Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид карда буданд, ки бунёди корхона ва ба роњ мондани истењсоли мањсулоти ширї, аз љумла шири хушк ва содироти он ба хориљи мамлакат як ќадами муњим дар татбиќи њадафи чоруми миллї — саноатикунонии босуръати кишвар аст. Алњол коргоњ табъи дил кор карда истодааст. Музди коргарон аз 1500 то 2000 сомонї аст. Ба касбомўзии ањолии мањаллї, хусусан, бонувон ањамият медињем.
Љўра ЮСУФЇ,
ноњияи Спитамен