Ҳар бори ба Тоҷикистон омадан, аввал ба зодгоҳаш меравад, ду-се мӯйсафеди ҳамсояро гирифта, сари манзили падару модари накуномаш рафта, як каф дуо мекунад, гирду атрофи манзилҳоро тоза месозад. Пас аз пирони барҷомонда, ёру рафиқони падару модар ва ҳамсояҳои қадрдонаш дидан менамояд. Ба ниёзмандон ёрӣ мерасонад ва ниҳоят ба ҳавлии падарӣ меояд ва хешу таборон, бародару хоҳарон ба дидорбиниаш ҷамъ меоянд. Аз хонаи онҳо то дер гоҳе садои шеъру ғазалхонӣ, ҳазлу шӯхӣ, қиссагӯӣ ва гоҳе садои шӯху дилнавози дутору ғижак то ба пуштаву канори чашмасорон рафта мерасад...
Пас аз ба серӣ шамидани ҳавои зодгоҳ, барои дидани зебоиҳои пойтахт ба Душанбе меояд. Ба гулгашту роҳҳои ободу биноҳои баландошёнаи шафати роҳҳо, ба мардуми чеҳрахандону ободкор нигариста, ҳиссиёти гуворое фарогираш мешавад. Аз он меболад, ки имрӯз Ватани аҷдодиаш, диёри бобаракату мардумони сарбаланду номвар дар як муддати начандон тӯлонӣ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба диёри ободу шукуфову зебо табдил гардидааст. Бо вуҷуди солҳои зиёде дар Маскав умр ба сар бурданаш, наметавонад лаҳзае фориғ аз ёди зодбум бошад…
Шиносоии мо бо ин бонуи чеҳрахандон ва зебои тоҷик дар шаҳри Москва пас аз оне, ки корманди масъули сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Муҳаррама Қодирова, бонуи бомаърифату ватандӯст, ки мегуфт ҳатман бо Меҳрубонуи хушзавқу хушахлоқ суҳбат кунед, иттифоқ афтод.
Инак, бо ҳам дар як гӯшаи Москва дидор дорем. Атрофи масоили гуногуни рӯзгор ва зиндагӣ, ободиҳои ватан ва мавқеи бонувон дар ҷомеа дар муколамаем. Ба ин бонуи асил нигариста, ба лафзи зебову ширинаш, ба андешаҳои солиму созандааш гӯш дода, шод шудам, ки чун зани сарбаланд тавониста бо меҳнати ҳалолу нанги баланд дар дуриҳои дур аз Ватан номвар гардад.
- Муҳаббат ба Ватан аз остони хонаи кӯдакӣ, аз сари чашмаи софи деҳа, аз лаби порисаи падар оғоз меёбад, - мегӯяд Меҳрубону.
Ҳамсуҳбатам чунон бо шавқ нақл мекард, ки гӯё бӯи райҳону гулхори зодгоҳашро мешамида бошад…
- Ман зиндагии имрӯзаамро дар Москав ба кашиши тақдиру қисмат рабт медиҳам. Мо дар оила як бародару шаш хоҳар ҳастем, духтари хурдии хонадон, ба қавли падар «баракат» будам. Имрӯз ҳамшираҳову бародарам дар Тоҷикистон пайи кору зиндагианд. Писари ягонаам Сафарҷон ҳамроҳи ман аст.
Солҳои нахустини ба ин ҷо омадан ба хотирам меоянду дилам хун мешавад. Муҳоҷиронро медидам, ки ҳар куҷое рост меомад, мезистанд. Дар таҳхонаву сардхонаҳое, ки шароите барои будубош надошт. Дар ҳавои сарду шароити сангини ғарибӣ на ҳар кас тоб меовард. Вале, мо - тоҷикон мушкилнописанд ҳастем, заҳмат кашидему мавқеъ ёфтем. Солҳои аввал ростӣ, забони русиро балад набудам, зеро дар мактаби деҳа ва шароити баъдиҷангӣ ба таври бояду шояд дарс нахондаем.
ман дарси сабру таҳаммул ва назди шебу фарозҳои зиндагӣ сар хам накарданро аз падарам, Пӯлод Қурбонов, ки умре ҳамчун корманди соҳаи барқ дар Балҷувону Кангурту Сари Хосор фаъолият доштанду бо хоксорӣ миёни мардум соҳибэҳтиром буданд, омӯхтаам.
Падарам орияти баланд ва иродаи матин доштанд. Худ, ки дар хонаи бачаҳои Самарқанд тарбия ёфта буданд, ба қадри меҳру наво-зиш мерасиданд. хешовандон баъди 18 сол он касро аз Самарқанд ба Балҷувон овардаанд. Қиблагоҳ доимо талқин мекарданд, ки дар зиндагӣ ба умеди касеву чизе нашуда, худ бо меҳнати ҳалол ризқро пайдо созем.
Модарам Хосиятбону донандаи хуби таронаҳои халқӣ буданд. Нонҳои варақӣ, чапотӣ, гирдача, кулчаҳои ширмоли болаззате мепухтанд. чакандӯз ҳам буданд. Ҳоло замони камкорӣ ман ҳам кам-кам гулдӯзиву чакандӯзӣ мекунам, - бо табассум қисса мекунад Меҳрубону.
Ин ҷои суҳбат ашк дар чашмони ҳамсуҳбатам чарх мезанад. Шояд ин сиришк ба хотири дурӣ аз наздикону пайвандон, ҳамватанону ҳамзабонон ҷорист.
- Доштани ватан ва зодгоҳе, ки медонӣ он ҷо ҳамзабоне, ҳамфикре, ҳамсояе, ҳамдиле интизорат ҳаст, хушбахтист. Русҳо одамони хубанд, дар байнашон дугонаву ҳамкорони наздике дорам, ки ҳамеша дастам мегиранду ҷои пасту баландиҳои зиндагӣ бо мананд. Аммо, ман ҳамоно дар мулки ғарибӣ бо ёди ёру диёри хеш зиндаам, - иқрор мешавад ин бону.
Аснои суҳбат ба ӯ менигараму эҳтиромам нисбаташ афзун мегардад. Худи ҳамин пеши душвориҳои қисмат ва азоби ғарибӣ сар нафаровардану дар тиҷорат муваффақ шуданаш дар мулки ғайр як қаҳрамонист.
Садбарг Боқиева,
москва-душанбе