Ин суханҳои бону Ҷиёнгул Маҳмудова аст, ки ҳини вохӯрӣ дар НБО Роғун баён дошт. Ӯ муддати як сол мешавад, ки сари чамбараки трактор ба шиббакунии роҳ машғул аст.
«Ту бояд писар мешудӣ!»
Ҷиёнгул Маҳмудова соли 1971 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушуд. Ҳанӯз аз замони кӯдакӣ падараш бо ӯ чун бо писараш бархӯрд мекарду тамоми корҳои мардонаро барояш меомӯзонд, зеро дар оила ба ҷуз ду гулдухтар писар надошт. Ҷиёнгул, ки мисли писар тарбия ёфта буд, дар мактаби миёна низ ҳамагон ӯро бад-ин зайл мешинохтанд. Номаш зеби ҳар гӯша буд. Дар гӯшаҳои «Фаъолони мо», «Хонандаи беҳтарин», «Варзишгарони мо» ва амсоли ин, номи ӯ сабт буду худ ифтихори мактаб. Падар аз комгориҳои духтараш фахр мекарду мегуфт: «Ту бояд писар мешудӣ!»
Муҳит Ҷиёнгулро пайрави падар сохт. Майлу рағбаташ ба соҳаи техника, аз ҷумла рондани трактор бештар гардид. Падар ӯро сари чамбараки трактор менишонду нозукиҳои рондани ин навъи техникаро меомӯзонд. Дар ин росто, замони таҳсил дар мактаб дарси алоҳидаи ронандагӣ ба роҳ монда шуд, ки шодии Ҷиёнгулро ҳадду канор набуд. Ӯ бо завқ ба дарсҳо ҳозир мегардиду тамоми нозукиҳои ин касбро мехост пурра фаро бигирад. Ӯ, ки аз падар каму беш ин ҳунарро омӯхта буд, дар бисёри маврид, ҳатто ба ҷойи омӯзгори ин фан ба талабагон дарс низ мегуфт. Ҳамин тавр, тайи ду соли охири таҳсил дар мактаби миёна техникаро аз худ намуд ва яке аз ронандаи ҷавони ноҳия шинохта гардид.
Тарки коллеҷи тиббӣ ва рӯ овардан ба ронандагӣ
Ҷиёнгул Маҳмудова ронандагиро як шуғли дӯстдошта мепиндошту мехост баҳри худ кадом касби дигар, ба қавле занонаро интихоб намояд. Ҳамин буд, ки пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ супурд, вале ҳини таҳсил ҳам ҳушу ёдашро пешаи ронандагӣ мекашид.
- Аз рӯзҳои аввали фаъолият дар саҳро, ҳамроҳи коргарон кишти чигитро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба сомон расондем. Инчунин, коркарди байни қаторҳои пахтаро низ аз рӯи қоидаҳои баланди агротехникӣ гузаронда, дар як рӯз чандин гектар замини пахтаро нарм мекардам, - аз он айём ёд овард Маҳмудова.
Ин кори Ҷиёнгул ва монанди ӯ барин занҳо, он замон дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ғулғула барангехта буд. Баробари дидани ӯ занҳо аз хонаҳо берун шуда, бо завқ сӯяш менигаристанду ифтихор мекарданд, ки аз миёни онҳо низ ронандаи трактор мебарояд.
- Ба ҳар гоҳе, ки номи маро ҳамчун тоҷикдухтари тракторрон мегирифтанд, аз чашмонам ашк ҷорӣ мешуд, - мегӯяд бо хушнудӣ ӯ. Ҳамин маҳбубияту меҳри беандоза ба шуғли дӯстдоштааш буд, ки ӯ коллеҷи тиббиро тарк гуфт. Падараш аз ин қарори духтараш болид, ки ҳамакнун ҷигарбандаш пешаи дилхостаашро, ки ронандагист, хоҳад пазируфт.
Аз мошини пахтачинӣ то трактори шиббазанӣ
Заҳматҳои пайваста ва хеле боҷуръатона дар роҳи касби интихобкарда хостаҳои ӯро дар як муддати кӯтоҳ бароварда сохт. Ҷиёнгул корро дар аввал аз комбайни пахтачинӣ шурӯъ намуд. Комёбиҳояш дар ин ҷабҳа андак нест. Дар як шабонарӯз «тиллои сафед»-и чандин гектар заминро ҷамъоварӣ менамуду ҳатто шабона ба хона барнамегашт. Чун мавсими ғунучини пахтаро мебоист бо сари баланд пушти сар мекард. Ҳамин тавр, зина ба зина корро дар дигар навъи тракторҳо идома дод. Дар трактори шудгоркунандаи тамғаи «Олтой» низ худро озмуд ва дар ин ҷо низ комёбӣ ёраш шуд. Ба ҳамин минвол, ӯ рондани тракторҳои тамғаи МТЗ, ЁМЗ ва ҳатто экскаваторро низ омӯхту балад гардид.
- Аз миёни ҳамаи он тракторҳое, ки то имрӯз рондааму нозукиҳояшро омӯхтам, рондани экскаватор мушкилтарам уфтод, аммо бо азми қатъӣ онро низ лаҷом задам, -ҳароратангез иброз менамояд ӯ.
То замони ба кор омадан ба Роғун, ӯ ҳамчун ронандаи трактори шиббазанӣ дар ноҳияи Фархор фаъолият мебурд. Чун аз ӯ оид ба фаъолияташ дар НБО Роғун пурсон шудем, шукуфту болид ва гуфт:
- Бароям боиси ифтихор аст, ки зан ҳастаму мисли мардон барои бунёди ин иншооти муҳими аср саҳмгузор мебошам. Қатори ҳама 10 рӯз шабона ва 10 рӯз рӯзона заҳмат мекашам, аммо хастагиро эҳсос намекунам.
Тайи як сол мешавад, ки Ҷиёнгул дар ин тавлидгоҳи нур фаъолият мебарад. Имрӯз ӯ шавҳараш Хурсандқул Ғафуровро низ барои кор ба ин неругоҳ даъват намудааст. Шавҳараш ба ҳайси боркашон фаъолият намуда, таъмини ризқу рӯзӣ мекунад.
Ҷиёнгул на ки як рондан, балки таъмир кардани техникаро низ метавонад. Баландии толеаш буд, ки ҳамзистӣ бо каси чун худаш устои моҳиру ронандаи нодир насибаш уфтода. Ӯ барои шавҳару шавҳар барои ӯ ёрирасонанд. Бо як нигоҳ, бо як ишора ва бо як табассум якдигарро дарк менамоянд. Подоши муҳаббати онҳо 7 фарзанд мебошад, ки 6 тан аз онҳо таҳсилоти олӣ дошта, ҷигаргӯшаи хурдӣ дар синфи 10-ум мехонад ва ба дил орзуи низомӣ будану ҳомии Ватан шуданро мепарварад.
Неругоҳи барқи обии Роғун яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии минтақа ба ҳисоб меравад, ки дар сурати фаъолияти пуррааш метавонад солона 13,8 миллион киловатт-соат неруи барқ тавлид кунад.
Б. РАҲМОН,
шаҳри Роғун