Доргоҳи «Армуғон»-и шаҳри Душанбе соли 1965 таъсис ёфта, бо номи «Фабрикаи душанбегии савғотисозии «Армуғон» миёни кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ бо «Шоҳмотҳои туҳфавӣ» шуҳрат дошт. Ин коргоҳи бузургтарини истеҳсоли маснуоти заргарӣ, аз қабили гӯшвору гарданбанд, ангуштариву дастпонаҳои тиллоиву нуқрагин, медалу дигар нишонҳои сарисинагӣ маҳсуб меёфт, ки даҳҳо устодони гулдастро ба ҳам меовард.
Баъди нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта, қисми зиёди кормандон тарки пеша карданд ва коргоҳ қариб аз фаъолият бозмонд. Ҳамагӣ се – чор корманд медал, нишон, тугма ва дигар ашёҳои заруриро аз металҳои биринҷӣ ва алюмин барои афсарон ва хизматчиёни ҳарбӣ месохтанд.
Ҳоло коргоҳ бо номи ҶДММ «Армуғон» фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, устоҳои чирадасти он ба истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, кундалнигорӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, суратгарӣ, медалсозӣ, ороиши рекламаҳо ва ғайра машғуланд. Бештари армуғонҳои коргоҳ таҷассумгари анъанаҳои қадимӣ ва ҳунарҳои миллӣ буда, аз гаҷ, гил, семент, санг, чӯб, металҳои гуногун, пластилин ва ғайра омода мегарданд.
Дар коргоҳ 15 нафар корманди доимӣ пайи кору эҷод мебошад, ки 8 нафари онҳо бонувонанд. Бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дигар ҳунармандон низ дар асоси шартнома ба кор даъват мегарданд, ки бештари онҳо коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ доранд ва ё донишҷӯёни боистеъдоди коллеҷу мактабҳои рассомиянд, ки бо навгонию навоварӣ армуғонҳоро мувофиқи табъу завқи ҷаҳонгардон таҳия менамоянд.
Бештари духтарону бонувон маҳсулоти нимхомро аз коргоҳ дастрас намуда, дар шароити хона маснуоти заруриро коркард ва омода месозанд ва аз фурӯши он маблағи муайян ба даст меоранд.
Дар коргоҳ сехҳои кулолӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомиву кундалнигорӣ ва ороиши компютерӣ фаъоланд. Дастранҷҳои ин ҳунармандонро бо нархи яклухт ба дуконҳои армуғонфурӯшии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд, ки тасвирҳои рӯйи онҳо мавзеъҳои таърихии минтақаҳои гуногун ва қаҳрамонҳои Тоҷикистонро инъикос менамоянд. Ба гунаи мисол, армуғонҳои часпакдор бо тасвири қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук ва ғайра барои рӯйи яхдонҳо 20 – 25 сомонӣ арзиш доранд.
Ҳайкалтарош ва саррассоми коргоҳ Рустам Сафаров 7 сол аст дар ин коргоҳ фаъолият дошта, шогирдонро низ тарбия намудааст. Фотима Сафарова, хатмкардаи факултаи дизайнерӣ - рассомии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон давраи таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти кории пас аз дипломиро дар ин коргоҳи ҳунармандӣ сипарӣ намудааст. Бо Рустам Сафаров оила барпо карда, ҳоло ба ҳайси рассом – наққош рӯйи армуғонҳо нақшу тасвирҳои зебои миллӣ меандозад. Ӯ бо бонуи дигаре бо исми Раъногул, ки ба санъати кундал шуғл дорад, дар сехи рассомӣ таҳти роҳбарии устоди хеш Р. Сафаров нақшу нигор меофаранд.
- Ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ ба рассомӣ шавқу ҳавас доштам. Ҳоло бо истифода аз тахайюли рангини худ рӯйи лавҳу табақчаҳо ва дигар армуғонҳо бо истифода аз рангҳои махсус нақш мепартоям,- мегӯяд Фотимабону.
Намунаи санъати анъанавии кундал, ки аз тасвири нақшу нигори возеҳ иборат аст, дар ёдгориҳои қадимии мардуми тоҷик ҳанӯз ҳам маҳфузанд. Қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили иморатҳоро нақшу нигорҳои аҷиби заррин оро медоданд, ки ҳарири рангаро мемонданд. Зебоии кундал дар натиҷаи пайвастани тимсолҳои мураккаб, омезиши шаклҳои табииву ҳандасӣ (геометрӣ), бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, намунаҳои он ҳунари хонда ва дарк карда тавонистани касро тақозо менамояд. Ин аст, ки шогирдони ин коргоҳи ҳунармандӣ равияҳои гуногуни иҷрои кундалро ба роҳ монда, аз равзанаҳои гуногуни диди эҷодӣ ба фарҳанги миллӣ тобишу ҷилои нав мебахшанд.
- Ҳине, ки ба Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ҳуҷҷат супурдам, мехостам рассом бишавам. Аммо тавсияву раҳнамоии устодон буд, ки шуғли мушкилу тоқатфарсои ҳайкалтароширо пазируфтам. Мегуфтанд, ки бо омӯхтани нозукиҳои ин пеша дигар коре намемонад, ки аз уҳдаи он набароӣ. Баъд дарк кардам, ки устодон ҳақ будаанд. Касби омӯхтаам ҳатто дар рӯзгор ба кор омад, зистгоҳи хешро пурра таъмиру тармим намудам, - мегӯяд устои гулдаст Рустам Сафаров.
Ба гуфти пешавар, дар санъати ҳайкалтарошӣ модернизатсия, яъне услуби ҷадидро васеъ истифода мебаранд. Намунаи корҳои қадимиро ҷилои наву тоза бахшида, ҷузъиёти ороишии муосирро ба амсила ворид менамоянд. Усто Рустам модули ашёи сохташавандаро аз гил ё пластилин сохта, ҳаҷм ва шакли онро муайян менамояд ва қолаб месозад. Барои боғу гулгаштҳо, муассисаҳои томактабӣ ва ғайра ҳайкалчаҳои зебои ҷонварону парандагонро таҳия менамояд, армуғонҳои гуногуни миллӣ меофарад, амсоли духтарони чаканпӯши кӯзабадасту тоқибасар, бо мӯйҳои сиёҳу дарози майдабофишуда ва ғайра.
- Дар коллеҷ сохти физиологии бадани одам ва дигар ҷонваронро аз худ мекардем, то пайкарасозӣ бо дақиқият анҷом ёбад. Чашми рассому ҳайкалтарош тезбин аст. Он чизе, ки онҳо мебинанд, чашми одӣ намебинад. Дар иҷрои кор ҳайкалтарош рагу пайванд, то охирин нуқтаи ҷисмро бояд аз худ карда бошад. Ин аст, ки рассом ё ҳайкалтарош ҳини амали хеш бе намуна хаёлан ашё ва ё ҷисмро метавонад воқеӣ тасвир намояд. Ба барги одии рӯйи роҳ касе таваҷҷуҳ надорад, аммо рассом ба шакл, дарозиву кӯтоҳӣ, рангу тобиш ва рагҳои дохили он диққат медиҳад, то онро хуб дар хотир нигоҳ дорад, - иброз дошт усто Рустам.
Намунаи дастранҷҳои устоҳои чирадаст, ки бо наққошиҳои зебои тасхиркунанда намоишгоҳи пеши коргоҳро, ки имсол дар остони 57 соли фаъолият қарор дорад, оро медиҳанд. Рустам Сафаров низ барои ҳифз намудани санъати рассомиву наққошӣ ва пайкарасозӣ, эҳёи анъанаҳои санъати қадимии ниёгон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
С. АШӮРОВА