Дар асоси натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2021 - ум 70 дарсади ҳаҷми воридот ба буҷети ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ таъмин гашта, интизор меравад, ки лар давоми соли нави милодӣ ноҳия пурра худкифо гардад. Ҳиссаи зиёди воридот ба буҷет асосан аз ҳисоби фаъолияти конҳои тилло, коркарди санги мармар, дӯхти либосҳои мактабӣ, истеҳсоли барқ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи антисептикӣ таъмин гардидааст.
Ба гуфтаи сардори бахши иқтисод Ёқубҷон Сафарализода, пойгоҳи рушди соҳаи иқтисоди ноҳия бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуду эълон гардидани солҳои рушди саноат дар кишвар ин равандро боз ҳам таҳким мебахшад.
Танҳо соли рафта дар доираи таҳким ёфтани саноатикунонии босуръат дар маҳали Дуробак ду корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи «Карон пластр» ба истеҳсоли лӯла ва дару тирезаҳои пластикӣ бо истифода аз технологияи муосир ихтисос дода шуда, истифодаи лӯлаҳои андозаи қутрашон аз 15 то 120 миллиметр дар кашидани хатти оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишт пешбинӣ шудааст. Корхонаи «Таҷ - эт» бошад, ба бандубасти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла лӯбиё, нахӯд, мош, макарон ва биринҷ махсус гардонда шуда, дар як моҳ то 500 ва дар як сол то 6 ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквориро бандубаст менамояд.
Дар маҳали Равноб яке аз конҳои калонтарини ангишти хушсифат ҷой гирифта, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он иқтидори иқтисодии ноҳия ба маротиб меафзояд. Ба бовари коршиносон, пас аз шаҳри Хоруғ, ки аз рӯйи воридоти пардохтҳои дохилӣ ба буҷет худкифо мебошад, ноҳияи Дарвоз ба марҳилаи худкифоӣ наздик мешавад, Мурғоб савумин воҳиди маъмурии вилоят аст, ки дар роҳи таъмини худкифоӣ имкониятҳои бештар дорад. Мурғоб дар даврони шуравӣ аз лиҳози захираҳои бузурги маъдан, ба мисли тилло, нуқра, қӯрғошим ва мавҷудияти металҳои камёфти волфрам, талк, тантал, литий, бор «хазинаи тиллоӣ» ном гирифта буд.
Бо тараққӣ ёфтани техникаи кайҳонӣ ва пеш омадани ниёз ба металҳои нодир, қарор буд, ки дар маҳали Акархар барои истеҳсоли маъдани бор ва дигар намуди металҳои камёфт, корхонаи маъдансофгарӣ бо шаҳрак барои 5 ҳазор коргару мутахассисон бунёд ёбад. Аз геологи саршиноси рус Владимир Паутов, ки солиёни заёд дар Тоҷикистон кор карда, ба сифати меҳмони фахрӣ чанд сол пеш ба слёти геологҳои тоҷик даъват шуда буд, сабаби иҷро нашудани тарҳи фаъолсозии корхонаи истеҳсолии маъдансофгарии Мурғобро пурсон шудем. Ба посухи мусоҳиб, зарурати масрафи хеле зиёди маблағ ба иллати дурафтодагии минтақа ва кашф шудани маъдани бор дар ҳудуди дигар ҷумҳурии бародар боиси мавқуф гузоштани ин тарҳ гардид. Вале бо афзоиши ниёзи шадид дар кулли ҷаҳон ба металҳои нодир захираҳои Мурғоб мавриди таваҷҷуҳи афзоянда қарор хоҳанд гирифт ва сарфи назар аз масрафи зиёд, сармоягузор низ пайдо хоҳад шуд.
Таъсиси нахустин корхонаи коркарди маъдан дар Мурғоб исботи ин гуфтаҳои мутахассисанд. Ба иттилои муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб Исрор Исроров, давоми соли 2021 дар кони нуқраи Якҷилва ба маблағи 54 миллион сомонӣ корҳои истихроҷи маъдан анҷом ёфта, аз фаъолияти кӯҳкорӣ дар ин ҷо ба буҷети ноҳия як миллиону 400 ҳазор сомонӣ ворид мегардад. Ба гуфтаи манбаъ, фаъолиятҳои иқтисодӣ боис гаштаанд, ки ҳаҷми даромади худӣ ба буҷет афзоиш ёфта, айни ҳол ба 25 дарсад мерасад. Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, дар ноҳия захираи тиллои пошхӯрда зиёд буда, дар солҳои 30-юми асри гузашта, артели истеҳсоли тиллои Русуба амал мекард. Ба манзури эҳёи анъанаи ҷамъоварии тилло ва сангҳои гаронбаҳои пошхӯрда ба 247 сокини ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар иҷозатнома дода шудааст.
Дар кони Якҷилва ширкати чинӣ фаъолияти мавсимӣ дошта, бештар аз 200 нафар сокини маҳал дар ин ҷо бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин аст. Алҳол ба мавзеи Аличур ва гирду атрофи он хатти барқ кашида шуда, дастрасӣ ба неруи барқ ба суръатбахшии саноати кӯҳкорӣ такон мебахшад. Захираҳои бузурги нуқра, қӯрғошим, бор, волфрам ва дигар маодини нодир интизори коркард буда, бо анҷоми сохтмони НБО «Роғун» Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки 51 дарсади саҳмияҳои ширкатҳои хориҷии истихроҷкунандаи маодини кӯҳиро дар минтақа дар ихтиёр дошта бошад.
Дар мавзеи Барҷи ноҳияи Рӯшон калонтарин кони оҳан дар Осиёи Марказӣ воқеъ буда, мавриди истифода қарор гирифтани худро интизор аст. Ба гуфтаи мутахассисон, захираи бузурги ин кон барои садсолаҳои оянда кифоят мекунад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи солҳои охир дар ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ низ қариб ду баробар афзуд.
Афзоиши маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ, асосан, аз ҳисоби истеҳсоли санги мармар, хишти пухтаю сементӣ, мум (асфалт) ва барқ ба даст омада, раванди саноатикунонӣ суръати тоза гирифтааст.
Ванҷро ватани мармар унвон медиҳанд, зеро дар ин ҷой конҳои бузурги мармарҳои гуногунранг мавҷуданд. Мармареро, ки дар корхонаи Даштак истеҳсол мегардад, ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ба таври фаровон дар ороиши биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо истифода мебурданд. Вале солҳои 90 - уми асри гузашта бар асари бесарусомониҳо ин корхона ва конҳои дигари мармар аз фаъолият монданд.
Ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни яке аз сафарҳояшон ба ноҳияи Ванҷ ва мулоқоташон бо масъулони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон ба эҳёи корхонаҳои саноатӣ такон бахшид. Истихроҷи мармар аз нав оғоз ёфта, ҶДММ «Ҷаҳонгир» бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва бозоргир аз хориҷи кишвар таҷҳизоти муосир дастрас намуд.
Корхонаи «Мармар стоун» технологияи муосирро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид кард. Таҷҳизоту технологияи замонавӣ бо ёрии мутахассисони хориҷӣ насбу васл гардид ва 10 нафар сокини маҳаллӣ тарзи истифодаи онро аз худ намуд. Ҳоло ин корхона, ки пештар фақат тахтасанг мебаровард, бо истифода аз технологияи муосир дар баробари варақсанги мармар аз хокаи он 5 намуд маҳсулоти сохтмонии босифати бозоргир истеҳсол карда, пешкаши муштариён мегардонад.
Кони «Пойи Мазор» захираи бузургтарини мармари ороишӣ дар ҷумҳурист. Мармари сафеди барфӣ ва ҷигарии он, ки нарму мулоим буда, коркардаш осон ва дар истифода ҳам қулай аст, серхаридор мебошад. Дар деҳаи Пойи Мазор бунёди се корхонаи истихроҷ ва коркарди мармар идома дошта, бештар аз 100 нафар ҷавони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад.
Ноҳия, ҳамчунин, дорои захираҳои бузурги никел ва мису платина буда, аҳамияти саноатӣ доштани онҳо ҳанӯз дар гузашта аз ҷониби мутахассисон исбот гардидааст.
Мутахассисони «Тоҷикгеология» дар мавзеи Сурхсангов ва гирду атрофи он таҳқиқот гузаронда, ба натиҷа расиданд, ки дар ин ҷо захираи кофии ашёи хоми зарурӣ барои истеҳсоли семент мавҷуд аст. Ашёи хоми босифат буда, дар ҷойҳои ҳамвор қарор дорад ва интиқоли он тавассути нақлиёт хароҷоти зиёдро талаб намекунад. Аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ба манзури баровардани мол ба бозори дохилу хориҷ мавзеи Сурхсангов қулайтарин макон барои сохтмони корхонаи семент буда, ҷиҳати дур будан аз маҳалҳои аҳолинишин ва ба муҳити зист ҳам таъсири манфӣ нахоҳад дошт.
Дар ноҳияи Шуғнон корхонаи орд бунёд ёфта, тарҳҳои ба роҳ мондани коркарди сангҳои қиматбаҳо ва мева дар марҳилаи оғоз қарор доранд.
Дар шаҳри Хоруғ филиали Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» таъсис ёфт ва интизор меравад бо маблағгузории бахши хусусӣ ва давлатӣ то охири сол боз 7 корхонаи хурди нави саноатӣ бо 200 ҷойи кор фаъол мегардад.
Солҳои аввали истиқлолият бинобар касодии буҷет, соҳаҳои саноат ва сохтмон ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардиданд. Сарфи назар аз вазъи ногувори молиявии кишвар, сохтмони иншооти аҳамияти иқтисодӣ дошта - Неругоҳи барқи обии «Помир - 1», аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бунёди Оғохон идома ёфт, агрегати аввалини он моҳи марти соли 1994 ба истифода дода шуд. Сокинони деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон мегӯянд, ки бори нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ба кор андохтани чархаи аввали неругоҳ дида, ба ӯ эътимод пайдо карданд.
Солҳое, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят моломоли гурезаҳои дохилӣ ва афроди ғайриқонунии мусаллаҳ буд, ширкати шахси аввали ҷумҳурӣ дар ин рӯйдоди муҳим ҷасорату матонати бемислро тақозо менамуд. Сарвари ҷавон дар рӯзи офтобии наврӯзӣ ҳозиронро ба оғози тавлиди барқ дар неругоҳи бузургтарин дар вилоят табрик гуфта, бо боварӣ дар бораи ояндаи дурахшони кишвар сухан мегуфт ва ин падидаро оғози эҳёи саноатикунонии Тоҷикистон унвон кард. Суханони Пешвои муаззам дар дили ҳар шунаванда эҳтирому ихлос бармеангехтанд, - ёдовар мешаванд иштирокдорони ин чорабинии таърихӣ.
Алҳол дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт идома дошта, баъди ба истифода додани он тибқи нақша дар тули ду соли оянда ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ, солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят 2236 иншооти аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта шуда, ба ин мақсад қариб 3,4 млрд сомонӣ равона гардид.
Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 59 корхонаи саноатӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2021 - ум бештар аз 300 миллион сомониро ташкил дода, истихроҷ 3,4 ва коркард 1,6 баробар зиёд гардиданд.
Бино ба маълумоти мутахассисони соҳаи геология, дар ҳудуди вилоят бештар аз 200 зуҳуроти канданиҳои фоиданок ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 24 кони маъдан ва 54 зуҳуроти маъдан пурра омӯхта ва барои сармоягузориву истихроҷ омодаанд.
Раванди саноатикунонӣ дар ВМКБ таҳким меёбад ва дар роҳи гузаштан ба худкифоӣ гомҳои устувор гузошта мешаванд. Он рӯз дур нест, ки аз ҳисоби даромади молиявӣ аз коркарду истихроҷи маъдани нодири вилоят на танҳо ба буҷети маҳал, балки ба буҷети ҷумҳурӣ маблағи кофӣ ворид мегардаду ҳиссаи ин «хазинаи тиллоӣ» ва ё «Сибири Тоҷикистон» дар рушди иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ мақоми сазоворро пайдо хоҳад кард.
М. САИД,
ВМКБ