Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021ба дили соҳибкорону тоҷирон, ки меҳвари асосӣ дар рушди саноати кишвар мебошанд, умеди тозае бахшид. Воқеан, тараққиёту пешрафти минбаъдаи мамлакат ба нумӯи ин соҳаи ниҳоят муҳим, ки ба василаи он тамоми масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ амалӣ мегарданд, вобастагии амиқ дорад.
- Тасмими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди эълон гардидани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» дурбинона ва рушддиҳандаи иқтисодиёти кишвар буда, қобили дастгирист, ки танҳо бо сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ метавон ин иқдомро амалӣ сохт, - иброз дошт Музаффар Мадалиев, директор оид ба кор бо ҷомеаи ҶДММ «Сардор – 2008».
Шаҳри Турсунзода яке аз минтақаҳои саноатии мамлакат маҳсуб ёфта, алҳол дар он беш аз 50 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ фаъолият дорад. Корхонаи истеҳсолии «Сардор – 2008» аз зумраи он коргоҳҳоест, ки соли 2020 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гардид.
- Замони шуравӣ қисме аз маҳсулоти сохтмонии Заводи алюминии Тоҷикистон, ба мисоли бетону шағал ва хишт дар ҳамин макон истеҳсол мешуд. Баъдан, ин ҷо валангор гашту ба вайронае табдил ёфт. Роҳбари корхона барои ташкили корхонаи истеҳсолӣ ин мавзеи ба муҳити саноатӣ мувофиқро интихоб ва обод намуд. Неруи барқ, об фаровон буда, аз нигоҳи мавқеъгирӣ аз макони аҳолинишин ҳудудан дуртар мебошад.
Ҳангоми нишастҳо байни ҳамкорон аз рӯзҳои аввалини фаъолият ва ранҷу заҳматҳои кашида ва то расидан ба муваффақият ёдовар шуда, мегӯяд, ки корро бо як дастгоҳи одии худсоз оғоз намудааст. Нахустин ғӯлачаҳои ҷуворимакка, ки аз ин дастгоҳ тавлид ёфт, дар муддати кӯтоҳ харидор пайдо намуд ва талабот ба ин навъи маҳсулот рӯз ба рӯз афзуд, - мегӯяд мавсуф.
Коршиносони иқтисодӣ бар он назаранд, ки талаботи бозор боиси рушди истеҳсолот мешавад. Ин нуктаро роҳбари корхона дар назар дошта, тасмим гирифт, ки таҷҳизоти наву замонавиро аз хориҷ ворид созад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро биафзояд. Ба кишварҳои рушдкардаи саноатӣ, аз зумраи Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Чин ва Туркия сафар намуда, шартномаи ҳамкорӣ баст. Дар асоси гуфтушунидҳои тарафайн беҳтарин таҷҳизоти истеҳсолиро бо ҷалби мутахассисон аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон овард. Ба коргарҷавонон ҳунар омӯзонд, устои касбашон кард ва имрӯз онҳо соҳиби ҷойи кори доимианд.
- Бахусус, дар шароити имрӯза, ки барои бонувони маҳаллӣ дарёфти ҷойи корӣ мушкил аст, ба фаъолияти доимӣ пардохтани ин коргоҳ муждаи наве шуд. Беш аз 250 занону духтарони хонашин, ки ҳамсарони аксарашон дар муҳоҷиратанд ва аз нигоҳи иқтисодӣ зиндагии мушкилро аз сар мегузаронанд, ба кор ҷалб гардиданд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Роҳбарии 6 сехи корхона, яъне сехҳои барои омода намудани ғӯлачаҳои ҷуворимакка, донаи офтобпараст, чипси (картошкақоқак), сақич, ҳалво ва ғайраро асосан бонувон ба уҳда доранд. Бахусус, дар сехҳое, ки роҳбариашонро Дилором Иброҳимова, Дилафрӯз Хушакова, Нигина Ҳақназарова ба дӯш гирифтаанд, пешравӣ бештар дида мешавад. Назорату идоракунии дастгоҳҳо бошад, ба зиммаи мардон аст.
Алҳол дар корхонаи «Сардор – 2008» 300 нафар коргар фаъолият дорад, онҳо моҳе то 2 ҳазор сомонӣ маош мегиранд. Музаффар Мадалиев иброз медорад, ки бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолоти корхона аз ин ҳам зиёдтар маблағ ба даст меоранд. Ҳамчунин, коргарон бо либоси доимии корӣ, нақлиёти хизматӣ ва хӯроки гарм таъмин мебошанд. Пизишкони бунгоҳи тиббии корхона сари ҳар вақт аз вазъи саломатии кормандон бохабар шуда, ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд ва тавсияҳо медиҳанд.
- Нархи тамоми намудҳои маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳ дастрас ва аз нигоҳи экологӣ тозаю безарар мебошанд. Орди гандуму ҷуворимакка ва донаи офтобпараст, ки маҳсулоти корхона аз инҳо омода мешаванд, бе иловаи ягон намуди маҳсулоти кимиёвӣ пешкаши истеъмолгарон мегардад.
Дар истеҳсолоти корхонаи «Сардор – 2008» асосан ашёи хоми ватанӣ истифода мешавад ва танҳо хушбӯйкунандаҳо, инчунин, дони офтобпараст аз кишварҳои хориҷӣ ворид мегарданд. Зеро, ба қавли Музаффар Мадалиев, дар шароити Тоҷикистон офтобпараст дони зиёд намедиҳад.
Алҳол, дар коргоҳи мазкур бо бренди «Ҳавас» ва «Симба» дар сехҳо маҳсулот тайёр гардида, барои муштариёни тамоми кишвар пешкаш мешавад. Мавсуф иброз медорад, ки давраи пеш аз пандемияи фарогири Сovid - 19 маҳсулоти корхона ба давлатҳои ҳамсоя-Ӯзбекистон ва Афғонистон низ содирот мешуд.
Дар яке аз намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ дар Россия роҳбари корхона аз чанд номгӯйи маҳсулот ба коршиносони соҳа пешниҳод намуд. Маҳсулоти корхона аз ҷониби соҳибкорон пазируфта шуд ва сазовори баҳои баланд гардид. Онҳо содироти маҳсулоти «Сардор – 2008» - ро ба Федератсияи Россия тақозо намуданд.
Ба қавли Музаффар Мадалиев, иқтидори истеҳсоли маҳсулоти корхона ба талаботи бозор иртибот дорад. Имрӯз аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои дастрасии маҳсулоти онҳо дархост мефиристанд. Аҳли коргоҳ дар талошанд, то қурбу вазни брендҳои маҳсулотро нигоҳ доранд ва оянда ба кишварҳои хориҷӣ бо номгӯю намудҳои зиёд маҳсулоти корхонаро содирот намоянд. Инчунин, ҳадафи дигари иқдом, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани бонувон аст, бо васеъ шудани ҳаҷми истеҳсолот иҷро хоҳад гашт.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
шаҳри Турсунзода