Сеҳри рӯзгор
Дар саҳнаи зиндагӣ фоҷиаи талх ӯро мунтазир буду сарнавишт бурдбориашро озмудан хост. Марги нобаҳангоми шавҳар ва ҷӯш хӯрдани оташи ҳастисӯзи ҷанги шаҳрвандӣ болҳои ин занро фурӯ нишонд ва яккаву танҳо бо 6 фарзанди хурдсол дар лобалои тақдир музтар монд. Ӯ, ки фориғуттаҳсили факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, тамоми донишҳои андӯхтаашро пеши назар оварда, тадбир меҷуст, то ҷигарбандонашро аз чанголи қаҳтӣ раҳо кунад. Билохира, ба Душанбе кӯч басту ба тиҷорати хурд рӯ овард. Аз ноҳияҳо орд меоварду шаб нахобида, то субҳ нон мепухт ва рӯзона онҳоро ба фурӯш мебаровард.
- То соатҳои 9–10 тамоми нонҳоям ба фурӯш мерафтанд ва фурсати фориғро аз даст надода, оши бурида мепухтаму сатилҳо дар даст сӯи таваққуфгоҳи автобусҳо мешитофтам. Бад-ин минвол шаш фарзандамро хӯрондаму пӯшондам, - қисса кард Зулайхо Тиллоева, ки айни замон соҳибкорбонуи муваффақтарини кишвар маҳсуб меёбаду миёни занони ҳампеша ба гирифтани ҷоиза ва мақоми аввал сазовор гаштааст.
Шуълаи умед
Он замон З.Тиллоева даст ба дуо мебардошту орзу мекард, ки Тоҷикистони азиз аз вартаи ҷангу хунрезиҳо вораҳад ва фарзандон дар фазои амну осоиштагии кишвар ба воя расанд. Ҳамин тавр ҳам шуд.
- Иҷлосияи тақдирсози миллат буд, ки мо, тоҷикистониён, то рӯшноию рустанҳо расидем. Бениҳоят шукргузорам, ки Пешвои муаззами миллат ба кишвари мо сулҳ оварду ваҳдат ва имконияти мо – занону модаронро фарох сохт. Имрӯзҳо бонувони мо дар тамоми сохторҳо, шурӯъ аз вазифаҳои одӣ то ба мақоми роҳбарӣ заҳмат мекашанду рӯзӣ меёбанд, - иброз дошт З.Тиллоева.
Ин саҳифаи таърих дар қалби ӯ шуълаи умедро барафрӯхту дубора ба зиндагӣ дилгарм сохт.
Боварӣ ба ояндаи дурахшони миллат ба ӯ шуҷоат афзуд ва дар роҳи тиҷорат ҳамакнун гомҳои устувор ниҳод. Аз тиҷорати хурд сарфакорона маблағ ҷамъ оварда буд ва бо истифода аз он, аз сарҳади Ӯзбекистон 160 литр сӯзишворӣ харида, ба Душанбе бо арзиши нисбатан арзон интиқол медод. Дарк кард, ки сӯзишворӣ маводи серниёз аст ва барои васеъ кардани тиҷорати хеш вай аз ташкилоти молиявӣ вом гирифту автомашинаи ҳамли маводи сӯхт харид.
- Ба чизе ноил шудан хоҳӣ, дар ин самт бояд назари нек дошта бошӣ ва бо эътимод корро шурӯъ намоӣ, - мегӯяд З.Тиллоева.
Ин буд, ки дар фурсати кам вомҳояшро талофӣ кард ва барои дастрас кардани қитъаи замин ба азми сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба шаҳрдорӣ муроҷиат намуд. Ин иқдоми бону аз ҷониби масъулон дастгирӣ ёфт ва дар ин ҷода низ муваффақ гардид.
Аз шаҳр ба деҳа
Аз иқдоми неки Президенти кишвар ниҳоят хушаш омад, ки замин бояд ба деҳқонон дода шавад. Ӯ хуб медонист, ки баракати замин дигар аст. З.Тиллоева ҳамроҳ бо пайвандон аз ноҳияи Ёвон 150 гектар замин гирифту хоҷагии деҳқонии «Зулайхо»-ро таъсис дод. Кишти пахтаву сабзавот ва дигар анвои зироати кишоварзиро васеъ ба роҳ монд. Чун дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ надошт, мутахассисони соҳаро пайваста даъват менамуду аз машварати онҳо баҳра мебурд. Барои коркарди замин бо маводи зарурӣ ӯ боз вомҳои имтиёзнок гирифт. Солҳои аввал ҳосили хуб намеруст, вале З.Тиллоева аз ин рӯҳафтода нашуда, тадбир меҷуст. Бо сипарӣ шудани 2–3 сол ӯ аз нозукиҳои кишоварзӣ бархӯрдор шуд ва аз ҳисоби фоидаи аввалин техникаҳои зиёд харид намуд. Айни замон дар хоҷагии деҳқонии «Зулайхо» 64 нафар заҳмат мекашад, ки 50 нафари онҳо бонувонанд. Айёми кишт ва ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 160 нафар коргари мавсимӣ аз ин ҷо таъмини ризқу рӯзӣ дорад.
Меҳнатдӯстиву ҷасорат баракати рӯзгорашро зиёда кард ва имрӯзҳо ин бону то 150 тонна ҳосили пахта ва ҳамин миқдор маҳсулоти полизӣ, аз қабили тарбуз мерӯёнад ва бо нархи дастрас пешкаши мардум месозад. Барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани бештари сокинони ноҳия Зулайхо фермаи зотпарвариро, ки аз 50 сар чорвои хушзоти шведӣ иборат аст, ба ихтиёр гирифт. Дар баробари ин, дар пойтахти кишвар ин бону барои тамрини наврасону ҷавонон як толори варзишӣ ва як кошонаи ҳуснро сохта, ба истифода додааст. Тасмим дорад, ки дар ноҳияи Ёвон корхонаи орд таъсис диҳаду соҳаи чорвопарвариро низ густариш бахшад.
Ҳам роҳбару ҳам коргар
Дар ноҳияи Ёвон мардум ӯро хуб мешиносанду эҳтиромаш месозанд. Ӯ воқеан ҳам сазовори эътимоду эҳтироми атрофиён аст, зеро танҳо бо фармонфармоӣ иктифо намекунад ва дар радифи зердастон паҳлу ба паҳлу заҳмат мекашаду ранҷи кори деҳқониро зиёд меозмояд. Дастони пуробила ва шахшӯлаш гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Бо тамоми зердастон муносибати дӯстонаву самимиро ба роҳ монда, дар ғаму андуҳ ва шодиву нишоти онҳо шарики ҳамешагист.
- Апаи Зулайхо бо мо чун хеши наздик ва дӯст муносибат менамояд. Аз каму бешамон огаҳ асту дар ҳар ҷашнвораҳо бо туҳфаҳои арзанда қадрдониамон менамояд. Ҳар рӯз маблағи пахтаҳои чидаамонро пардохт мекунад. Ба наздикӣ мо, аҳли коргарон, ҳамроҳ бо ӯ ба тамошои Душанбе рафтему бо таассуроти нек баргаштем. Пойтахт хеле тағйир ёфтааст, ҳама ҷо зебо, тозаву озода ва гулу гулзор, - мегӯяд Хайринисо, корманди хоҷагии деҳқонии «Зулайхо».
Баракати замону замин
ЗулайхоТиллоева бар он иқрор аст, ки барои муваффақ гардидан ба чунин корҳо инсон бояд шуҷоат ва иродаи қавӣ дошта бошаду ҳич гоҳ аз азму талош даст барнадорад. Наҳаросидан аз нокомиҳо ва сабақ гирифтан аз онҳо, меҳнатдӯстӣ, сабру таҳаммул ва дурандешии ин зан тавонистааст ӯро то ба ин зинаҳои мурод расонад. Бурди дигари ин бону дар он аст, ки ӯ баҳравар аз таҷрибаи рӯзгор аз нозукиҳои вазифаи роҳбарӣ бархӯрдор гардида, кормандонро атрофи худ муттаҳид сохт. Ҳурмату эҳтироми атрофиён, дарки эҳсос ва хайрхоҳӣ, бодиққатӣ ва ҳушёрӣ дар муносибат бо ҳамагон З.Тиллоеваро соҳибобрӯ гардонда. Ғайр аз ин, ӯ фариштахулқ аст, ки пайваста ба ятиму барҷомондагон дасти мададашро дареғ намедорад.
- Тамоми муваффақияти ман аз фазои сулҳу оромии Ватан ва корнамоиҳои фарзанди фарзонаи миллат – Сарвари давлат аст, ки имрӯз ба занон чунин шароти хуби сабзишу шукуфоиро фароҳам овардааст, ки мо бо заҳматҳои ободкоронаи хеш ба қадри ин ҳама некиҳо бирасем, - бигуфт дар интиҳои суҳбат Зулайхо Тиллоева.
Фарзона ВОСЕЕВА,
ноҳияи Ёвон