Лола Салимова яке аз он бонувони муваффақест, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси муовини раис фаъолият менамояд. Ҳангоми суҳбат бо ӯ пай бурдем, ки бонуест кордону пуртаҷриба. Соли 1994, пас аз хатми факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори кафедраи иқтисод ва идоракунии Донишкадаи технологии Тоҷикистон пайи таълиму тадриси ҷавонон камар мебандад. Бо сипарӣ намудани 2 соли фаъолият ӯро ба бахши ноҳиявии «Тоҷиксодиротбонк» даъват мекунанд. Дар аввал вазифаи муҳосиби пешбарро бар дӯш дошт. Фаъолияти пурсамару кордониашро ба назар гирифта, муовини сардори шуъба ва баъдан сармуҳосиб таъйин намуданд. Сипас, аз соли 1997 то соли 2015 дар ҶСК «Ориёнбонк» дар вазифаҳои сардори шуъбаи муомилоти пулӣ, сармуҳосиб ва муовини раиси раёсати ҶСК «Ориёнбонк» заҳмат кашидааст. Аз соли 2015 бад-ин сӯ ба ҳайси муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияташро пеш мебарад.
Дар давраи фаъолият ба ҳайси муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова дар бахшҳои низоми пардохт, омор ва тавозуни пардохт, муомилоти пулӣ ва гардиши он дар кишвар, корҳои ташкилию хоҷагидорӣ як қатор тадбирҳои судманд анҷом дод. Дар ин росто, ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар тамоми чораҳои имконпазирро андешида истодааст. Бо мақсади ташкил намудани фазои мусоид барои рушди низоми пардохтӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ созмон дода шудааст. Дар доираи фаъолияти Гурӯҳи корӣ масъалаҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт баррасӣ гардида, дар натиҷа лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия карда шуд. Тибқи лоиҳаи қарори мазкур вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, вазифадор карда мешаванд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ таъмин намоянд.
-Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда 1 млн. 770 ҳазору 819 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6 фоиз (93123 адад) зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 1737515 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз (84624 нафар) зиёд гардид, -иброз дошт бо хушнудӣ бону.
Дар баробари ин, кор дар самти ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлил кардани маълумоти оморӣ, рушди ин соҳа бо мақсади низоми автоматикунонидашудаи ҷамъоварии маълумоти оморӣ, таъмини пули нақд барои муомилоти кишвар, танзим ва назорати он идома дорад, ки муовини раиси Бонки миллӣ Лола Салимова дар ин самт саҳми беандоза мегузорад.
Ҳангоми суҳбат оид ба фаъолияти занҳои ин ниҳод ҳарф заду бо хушнудӣ иқрор омад, ки бонувон дар ин муассисаи молиявӣ зинаҳои баланди роҳбариро дар ихтиёр доранд. Тибқи омор занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 255 нафар ё 31 фоизро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 36 нафар (25 %) дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият карда, 4 кас аз онҳо дорои унвони илмӣ - номзади илм ва 1 нафар доктори илм (PhD) мебошанд.
Бо мақсади фаъол намудани нақши бонувон дар фаъолияти соҳаи бонкӣ, пешбурди корҳои таблиғотӣ оид ба ривоҷ додани фарҳангу арзишҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи пӯшидани либос дар ҷойи кор, одоби муошират ва ғайра Шӯрои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон ташкил ёфта, Лола Салимова роҳбарии ин созмонро бар дӯш дорад. Инчунин, оид ба дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи либоси ягона, Комиссияи ташкил ва таҳияи либоси ягона барои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар баробари ин, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо дар семинару курсҳое, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Бо ин мақсад ҳар сол барномаи мақсадноки таълим ва такмили ихтисоси кормандон таҳия гардида, амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳо аз ҳисоби занон дар 8 моҳи соли 2018 55 нафар зан-мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон ба таълим ва бозомӯзии ихтисосӣ фаро гирифта шуд. Аз ин шумора 15 нафар мутахассис дар хориҷи кишвар ва 40 каси дигар дар курсҳои назди Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳамкории Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» дар Бонки миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон» бо иштироки бештар аз 70 зани соҳибкор баргузор гардид.
Бонувони Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари фаъолияти хуб баҳри рушди низоми бонкӣ, дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъоланд. Ҳамасола дар мусобиқаҳои варзишӣ, амсоли тенниси рӯйи миз, шашкаву шоҳмот, мусобиқаҳои волейбол, дави миллӣ ва дигар намудҳо, ки байни вазорату идораҳо доир мегарданд, мунтазам иштирок мекунанд.
-Тайи ду сол аст, ки дастаи бонувон дар намуди волейбол дар бозиҳои «Ҷоми раиси шаҳр» фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегардад. Дастаҳои варзишии бонувони БМТ дар оянда низ ният доранд, ки дар ҳаёти варзишии кишвар аз худ ба таври шоиста дарак диҳанд, - мегӯяд Лола Салимова.
Лола Салимова дар баробари роҳбари кордону оқил, инчунин, модари ғамхору ҳамсари меҳрубон низ ҳаст. Ниҳолакони боғи умраш се фарзанди дӯстрӯяш мебошанд, ки баҳри тарбияи дурусти онҳо ҷиддан машғул бувад. Лола Салимова барои хизматҳои арзандааш ба ифтихори 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Бунафша РАҲМОНОВА