07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СОЛНОМАИ РОҒУН

 

10 июли соли 1972. Ин рӯз оғози кор дар Неругоҳи барқи обии Роғун аст. Варақаи аввалини шурӯи корро сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Гидроспетсстрой» Борис Петрович Соболев пур кард.

25 январи соли 1982. КМ ВЛКСМ неругоҳи Роғунро сохт­мони умумииттифоқии зарбдори комсомолӣ эълон кард.

9 декабри соли 1986. Аввалин маҳфили машваратии корхонаҳои ҳамҷавор дар доираи «Эстафетаи коргарӣ» доир шуд. Байни бунёдкорони Роғун ва ҳама муассисаву корхонаҳое, ки ба иншооти мазкур мошину дастгоҳ ва таҷҳизот мефиристоданд, шартнома ба имзо расид. Ин маҳфили машваратӣ дар таърихи сохтмони НБО Роғун саҳфаи тозае боз кард. Дар ин ҷаласа марҳилаҳои муҳими эъмори боргоҳи нур мушаххасан муқаррар шуданд.

22 январи соли 1987. Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи ташкилии шаҳри Роғун қарор қабул кард.

28 декабри соли 1987. Пеши маҷрои Вахш баста шуд ва об ба ҷониби нақби НБО Роғун равона гардид. Ба ин муносибат, ҳамоиши пуршукӯҳе баргузор шуд.

23 июни соли 1993. Сели даҳшатнок пеши дарёи Вахшро банд карда, аз нақбҳо сар зад ва дарғоти пешбандро канда, ба боди фано бурд. Заҳмати беш аз 20-сола ба якборагӣ зери селовард монд. Ҳамаи нақбҳои дар давоми солҳои зиёд омодасохта таги қуму сангу лойқа монданд.

29 майи соли 2002. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат дар шаҳри Роғун аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда дар ин сохтмони бузург оғоз гардид.

26 сентябри соли 2005. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқии обӣ ба шаҳри Роғун сафар кард.

Соли 2007. Ҳукумати Федератсияи Россия ба сохтмон оғоз карданӣ шуд, лекин бо баҳси паст кардани дарғот шартномаро лағв намуд.

Ширкати дар тамоми олам маъруфи олмонӣ «Lahmeer international» сеюмин экспертизаи НБО Роғунро гузаронд. Мутахассисони он таъсири шароити мураккаби сейсмикӣ, гуногунии ҷинсҳои кӯҳиро омӯхта, тасдиқ намуданд, ки аз ҷиҳати техникӣ, иқтисодӣ ва экологӣ амалӣ намудани сохтмони маҷмаи гидроэнергетикии Роғун ҷоиз аст.

Соли 2008. Ноиби президенти Комиссияи байналмилалӣ роҷеъ ба сарбандҳои бузург, профессор Х. Абадҷиев (Булғористон) асосноксозии техникӣ-иқтисодии маҷмаи гидроэнергетикии Роғунро, ки аз тарафи ширкати «Lahmeer international» гузаронда шуда буд, омӯхта, асосҳои техникию иқтисодии онро маъқул донист. Х. Абадҷиев таъкид дошт, ки барои сарбанд аз пешниҳодҳои дар лоиҳа пешбинишуда садди сангу шағалӣ аз ҳама мувофиқтар аст.

Апрели соли 2008. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корҳои сохтмониро ба роҳ мондан, оид ба таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» қарор қабул кард.

28 октябри соли 2009. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо бинокорони НБО Роғун ба мавзеи бунёди иншооти бузурги аср ташриф оварданд. Президенти мамлакат аз хобгоҳи вахтавии коргарон дидан карда, аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ намуда, барои кушодани мағоза, ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар маҳфилҳои дилхушӣ ба масъулон супориш доданд.

5 январи соли 2010. Муроҷиатномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон бобати ба бунёди НБО Роғун саҳм гузоштан нашр шуд.

Умар АЛӢ

 

:.  Иқтисод 13.11.2018 04:36 1420

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz