Дар майдончаи маҳалла духтарони хурдакак гарояндаву гирифтори зочабозӣ буданд. Яке зочаашро дар гаҳвора хобонда, алла мегуфту дигаре ба «меҳмонӣ» мебурд.
Зочаҳошон арӯс мешуданду тӯю сур барпо менамуданд. Бо тахайюли рангин ва ширини кӯдаконаи худ дӯстрӯякон бо завқ «холабозӣ» мекарданд. Вале, ҳар вақте бозӣ оғоз мешуд, яке аз онҳо болои қум, канор аз дугонаҳояш, ба кори дигар андар буд. Ӯ мошинчаи чӯбини худро, ки аз як пора тахта иборат буд, бо ресмон мекашиду бо тариқи овоз мошинро дар медод. Ҳарчанд дугонаҳо ӯро садо мекарданд, боз ҳам саргарми мошинронии худ буд. Аз чӯбу гил дар роҳи регӣ пул месохту нақб мешикофту бо мошинчаи бемуҳаррикаш монеаҳоро осон убур мекард. Агарчи аз «холабозӣ» хушаш намеомад, бо ҳар роҳу восита ҳамсолонаш ӯро ба ҳалқаи худ мекашиданд. Ва ӯ ночор зочаҳоро ба мошинаш савор намуда, сӯ ба сӯ ба «меҳмонӣ» мебурд.
Он духтараки роҳсозу мошинсавор, ки айёми кӯдакӣ хати роҳ бо мошини чӯбинаш мекашид, ту гуфтӣ сарнавишти худро бо дастакони кӯчакаш рақам мезад. Ин ҳама армону ҳавасҳои даврони беғаши кӯдакиҳо вайро ниҳоят ба майдони корзори бузургтарин иншооти кишвар овард.
Фирӯза Алимадова соли чорум аст, ки дар сохтмони муҳташами аср - Неругоҳи барқи обии Роғун ба ҳайси муҳандиси дараҷаи аввали шуъбаи зеризаминии раёсати қабули корҳои анҷомёфта фаъолият мекунад. Ӯ ягона занест, ки рафти корҳои зеризаминиро дар чуқурии 75 метр аз сатҳи маҷрои дарёи Вахш андаруни оҳунҳои барои нафарони ноошно ваҳмангезу пурасрор назорат мебараду ба сифати онҳо баҳо медиҳад.
- Бо вуҷуди таҷриба ва ошноӣ бо соҳаи сохтмон, ҳини бори аввал вориди нақб шудан, гумонам, ки он болоям фурӯ меафтад. Ҳаяҷон маро фаро мепечид, чун ба устувории оҳунҳо – роҳҳои зеризаминӣ шубҳа мекардам. Баъдан, зимни ошноӣ бо тарҳу сифати корҳои анҷомёфта, собит сохтам, ки ҳар як миллиметри ин иншоотро ба хубӣ тарҳрезӣ кардаанду бар мустаҳкамии он билкулл бовар доранд. Баъди ин ҳаросам дарҳам хӯрд ва имрӯзҳо ҳатто заррае аз он боқӣ намондааст, - иқрор омад Фирӯза.
Агарчи ӯ пас аз хатми мактаб ба факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуд, ҳамоно дар дил ҳаваси пешаи сохтмонӣ мекард. Чун айёми хурдсолӣ болои мизи падар пур аз коғазҳои нақшакашида ва тарҳҳои роҳу нақбҳо ва пулу дарғотҳо буду барои Фирӯза шуғли қиблагоҳ муаммои сарбаста, вале ба дил наздику маҳбуб. Аз ғояти серкорӣ падар сар аз болои онҳо барнамедошту ғизоро рӯи хони қоғазӣ дар ҳуҷраи корӣ тановул мекард. Хонаводаи онҳо анқариб ҳама пешаи муҳандисиро баргузидаанд. Падари Фирӯза Нарзулло Алимадов сардори вақти сохтмони нақби «Шаҳристон» буда, чор бародари ӯ низ ба падар пайравӣ кардаанду муҳандиси риштаи сохтмон мебошанд. Бародараш Шамсуллоҳ Алимадов дар сохтмони нақби «Чормағзак» сарвариро бар дӯш дошту барои фаъолияти пурсамар ба гирифтани ордени «Шараф» дараҷаи II мушарраф гардидааст.
- Талошҳои маро дар роҳи амалӣ гардидани орзуям падар ва бародаронам дастгирӣ карданд, ки билохира факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо тахассуси муҳандиси соҳаи сохтмон хатм намудам, - бо ифтихор мегӯяд ӯ.
Фаъолияти Фирӯза, агарчи душвор аст, бо масъулияти том аз пайи иҷрои он мебошад, зеро назорати кор дар қитъаҳои сохтмонӣ, ки бештари онҳо дар зери заминанд, пурра бар дӯши шуъбаи онҳост. Ҳангоми иҷрои корҳои нақбканӣ, анкиргузорӣ, бастакории фулузҳо дар деворҳову қисматҳои сақф, бетонхобонӣ, рангубор, симитатсияи пуркунанда, симитатсияи мустаҳкамкунанда аз ҷониби онҳо пурра назорат бурда мешавад ва баъди ҷавобгӯ будан ба сатҳу сифати зарурӣ санади қабул аз тарафи комиссияи босалоҳият имзо мегардад.
- Кори ҳар қитъа мушкилии худро дорад. Сохтмончиҳо бо зӯри бозу ва машаққати зиёд бо монеаву мушкилиҳо даст ба гиребонанд. Зеро медонанд, ки фароғати ин заҳматҳоро оянда хоҳанд дид, - мегӯяд Фирӯза.
Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун давомнокии оҳунҳо зиёда аз 80 километрро ташкил медиҳанд, ки Фирӯза ҳар як ваҷаби онро қадам задаасту ба иқрори ӯ, агарчи бо чашмони баста қадам ниҳад, раҳгум намезанад ва хоҳад донист, ки чӣ дар куҷо ҷойгир аст.
- Ин нақби СТ-4, ваяш СТ-3 аст, дар он таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ ҷойгир буда, дар қисматҳои алоҳидаи ин роҳ корҳои сохтмонӣ идома доранд, - бо ҳарорат қисса кард вай.
- Фирӯзаро чанд сол боз мешиносам. Ростӣ, ба ҷасорату мардонагии вай аҳсан мехонам, чаро ки на ҳар мард ҷуръат дорад, ки тимсоли ӯ муддати тӯлонӣ зери замин даст ба кор занад. Аз уҳдаи вазифааш ба хубӣ мебарояду миёни ҳамкорон соҳибобрӯст, бар замми ин, хислатҳои неки инсониро дар худ парвардааст. Фурӯтан асту сахӣ, зиндадилу хушбин ва иффати занона зеббахши лиқои нурбораш, - иброз дошт Тағай Сониев, муҳандиси пешбари раёсати қабули корҳои анҷомёфтаи Неругоҳи барқи обии Роғун.
Дар сохтмони коргоҳи тавлиди барқ баҳри сари вақт ба истифода додани иншооти азим аксаран кормандон ва дар радифи онҳо Фирӯза низ аз реҷа барзиёд заҳмат мекашанду гоҳо то поси шаб ва гоҳо рӯзҳои фориғ низ вақти хешро ин ҷо мегузаронанд. Ба бахти неки ӯ, шавҳараш инсони бофарҳангу накукор аст. Ӯ низ дар сохтмони ин неругоҳи бузург заҳмат мекашад ва дар пайи ифои вазифаи пуршараф ҳамсари худро дастгиру мададгор мебошад.
Лаҳзаҳои фориғ аз кор Фирӯза Алимадова мисли дигар бонувон ба пухтупазу ҷомашӯӣ, рӯбучину нонбандӣ ва ба тарбияи ҷигарбандонаш - Гулистони даҳсола ва Абдуллоҷони ҳафтсола машғул аст. Кадбонуи хуб асту чевари моҳир. То замони ба неругоҳ рӯ овардан, Фирӯза шуғли дарздӯзӣ дошту дар пойтахт коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дод. Ба занону духтарон аз нозукиҳои ин пеша сабақ меомӯхт ва либосҳои милливу аврупоиро хеле бомаҳорат таҳия менамуд.
- Шуғли бинокорӣ дар қалбам маъво гирифта буд, ки пиндоштам, бе он нафасгир мешавам. Хостам ба коре даст бизанам, ки нафъи ман бештар ба халқу Ватан бирасад. Бо чунин азм рӯ овардам ба ин неругоҳи бузургтарини кишвар. Ончунон ба он дил бастаам, ки худро як мурвати хурдакаки ин неругоҳ медонам, агарчи нақши ночизеро мебозад, вале дар умум он лозим асту шабеҳи он миллионҳо мурвати дигар дар банду басти он корбурд гардидаанд, ки пахши тугмаи асосиро аз ҷониби Сарвари муаззами давлатамон интизоранд, то неругоҳи азимро ба кор дароваранду хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистониро абадӣ чароғон созанд, - бо ҳаяҷон иброз дошт дар интиҳои суҳбат Фирӯза Алимадова.
Ана ҳамин гуна як бонуи тоҷик метавонад ҷараёни корҳои сохтмониро дар иншооти азаматтарини тақдирсози Ватан назорат бараду дар таъмини амнияти энергетикии кишвар саҳми босазо гузорад.
Д. САФАР,
шаҳри Роғун