Аввалин бор дар хусуси сохтмони НБО Роғун ҳанӯз соли 1931 лоиҳа таҳия шуда, соли 1972 корҳои сохтмонӣ каму беш оғоз гардида бошанд ҳам, ҳар дафъа бо сабабҳои гуногун корҳои асосӣ ба таъхир меафтоданд. Сохтмон маблағи калонеро тақозо дошт, шояд бо ин далел курсинишинони давр ба он таваҷҷуҳи камтаре зоҳир менамуданд. Лоиҳа аз оғоз ҷонибдорону мухолифони зиёдеро пайдо намуд. Ҳасудон медонистанд, ки баробари сохта шудани неругоҳи пуриқтидор Тоҷикистон соҳиби пружаи пурқуввати иқтисодӣ хоҳад гашт…
Саҳми Пешво бузург аст
Агар баъзе қисматҳои замони шӯравӣ шурӯъшудаи корро дар неругоҳ ба назар нагирем, танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳо дар ин иншооти муҳим ҷиддӣ шурӯъ шуд ва санаи 16-уми ноябри соли 2018 аввалин чархаи неругоҳ ба кор дароварда мешавад…
- Вақте Пешвои муаззами мо сари чанбари мошин нишаста аввалин қуму шағалро барои гирифтани пеши роҳи дарё ва бунёди дарғот рӯи об рехтанд, ашки шодӣ дар чашмонамон ҳалқа зад. Мо, сохтмончиён, гумон кардем ин амал шояд рамзӣ 5–10 дақиқа сурат бигирад. Аммо, Эмомалӣ Раҳмон то баста шудани маҷрои дарё сари фармони мошин нишастанд. Дидани ин саҳна дар қалби ҳар соҳибватан ҳисси ифтихорро меафзуд ва бори масъулияти ватандориро барои ҳар тоҷик дучанд мекард. Аз он рӯз эътиборан кормандон бо талоши даҳчанд ба кор часпиданд. Ҳаёту мамоти тоҷикон будани ин иншоотро ҷиддӣ дарк карданд, - бо эҳсоси гарму чашмони шарарбор аз сафари гузаштаи Сарвари давлат ба НБО Роғун ёдовар мешавад муҳандиси неругоҳ Тағай Сониев.
Роғун - ҳаёти мо!
Аз шаҳр канортар меравему ба итоати кормандони низомӣ ронанда - молики ширкати «Асри Нур», ки бо супориши Дирексияи сохтмони НБО Роғун дар ин сафар моро роҳбаладӣ мекунад, аз мошин пиёда мешавад. Тартиботи ворид шудан ба шаҳраки сохтмончиён барои ҳама як аст. Баъди тафтиши ҷиддии ҳуҷҷатҳо иҷозаи идомаи роҳро пайдо мекунем.
Табиат ин ҷо назаррабост. Дарахтони тиллоии аввали пойиз бо тамоми зебоӣ баргҳояшонро зери чархҳои мошин мисли қолини зарҳалин меафшонанд. Аз баландӣ мушоҳидакорона ба шаҳри сохтмончиён менигарем. Хонаҳои қатор, иншооти гуногунҳаҷму рангоранг. То расидан ба ҷои зарурӣ мошини моро боз 2 дафъа барои тафтиш истод медиҳанд. Яъне, сохтмон зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Охир НБО Роғунро беҳуда иншооти муҳиму тақдирсоз унвон накардаанд!
Роҳбари ҶДММ «Асри Нур» аввал моро ба қисмати будубоши кормандони ширкат мебарад. Хобгоҳи тозаву тамиз, ошхонаи барҳаво, ҳаммому ҷои либосшӯӣ, ки барои сохтмончиён муҳайё карда шудаанд, бинандаро аз шароити хуби будубоши кормандони неругоҳ дилпур месозанд. Аммо, сохтмончиёнро ин ҷо камтар мушоҳида мекунем. Толиб Раҳимов бо табассуми малеҳ маънидорона мегӯяд, ки дар ин вақту соат ҳама дар қисматҳои гуногуни сохтмон пайи анҷоми коре қарор дошта, онҳое, ки шабона кор кардаанд, ҳоло истироҳат мекунанд.
Раҳораҳ то расидан ба қисмати дарғот, роҳбари ширкати «Асри Нур» каме дар хусуси фаъолияташон маълумот дода, зикр мекунад, ки коргаронаш асосан корҳои зеризаминии неругоҳро ба анҷом мерасонанд. Толиб Раҳимов, ки худ фориғуттаҳсили факултаи энергетикии яке аз мактабҳои олии Федератсияи Россия аст, таъкид медорад, ки, пеш аз ҳама, барои созгор будани шароити тобеонаш талош мекунад. Сохтмончиён дар як рӯз 3 маротиба бо хӯроки гарм таъминанд, субҳона равғани зард, асал, шир, тухм ва ҳар бегоҳ 1 истакон ҷурғот муҳайёст.
- Хуб огоҳ будам, ки дар шароити имрӯз Ватан ба мутахассиси соҳаи энергетика ниёз дорад, биноан, баъди хатми мактаби олӣ барои кор ба НБО «Сангтӯда-1» омадам. Баъди анҷоми кор ба НБО Роғун гузаштаму ширкати «Асри Нур»-ро созмон додам. Ҳоло 120 нафар аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон бо мо кор мекунанд. Мо дар зери замин, асосан дар нуқтаҳои пасттарину чуқуртарини неругоҳ заҳмат мекашем. Ифтихорномае, ки аз дасти Пешвои муаззами миллат барои хизмати шоён гирифтам, баландтарин арзиши қадршиносии кори ширкати мост, – бо ҳаяҷон иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Дарғоти баланд
Роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ ва нақбҳои сохтмониро убур карда, ба қисмати дарғот мерасем. Ин ҷо мошинҳои калонҳаҷми пурбор аз регу шағал гарди хокро бар осмон баровардаву сӯ ба сӯ ҳаракат доранд. Ба қавле кор дар ҷӯшу хурӯш.
Дарғот аз сатҳи баҳр дар иртифои 1065 метр ҷойгир аст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда сатҳи имрӯзаи захираи об дар ин ҷо 1045 метри мукаабро ташкил медиҳад. Барои ба кор даровардани чархаи 6, яъне аввалин агрегати Роғун, захираи 1055 метри мукааб об кифоя будааст.
- Нақбҳое, ки дар атрофи дарғот мебинем, барои кашондани сангу шағали сохтмон хидмат мекунанд. Онҳо муваққатианд. Ҳамарӯза садҳо нақлиёт онҳоро убур мекунанд, - мегӯяд муҳандиси сохтмон Фирӯза Алимадова ва меафзояд: - то рӯзи таърихӣ - ба истифода додани аввалин чархаи неругоҳ рӯзҳои башумор мондаанд. То он рӯз мо хеле серкорем.
Сифати корҳои баанҷомрасидаи неругоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Ба қавли масъулон ин ҷо санги болои санг гузошташуда санҷида мешавад. Дар роҳи ҷониби агрегат, дар дохили нақбе, ки ба гуфти мутахассисон 80 метр дар зери об ҷойгир шудааст, бонуи муҳандис тазаккур медиҳад: «Ҳамаи ин чизҳое, ки сари роҳ то қисмати асосии нақб мебинед, бо истифода аз ҳазорон мукааб бетону сангу шағал сохта шудааст. Мо корҳои анҷомёфтаро ба ин ҳама азамату бузургӣ нуқта ба нуқта санҷида, баъд қабул кардаем».
Нақб – қалби неругоҳ!
Ба иқрори мутахассисон баъзе аз қисматҳои нақб баъди пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ва ба кор даромадани 6 чарха зери об қарор мегирифтаанд. Тасаввурнокарданист, роҳе, ки мо ҳоло тай мекунем, пас аз даҳсолае барои ҳазорсолаҳо дарёи жарф мегардад. Қисмати асосӣ ва амалкунандаи нақб бошад ҳамеша чун макони доимии кории мутахассисон боқӣ хоҳад монд.
Дохили нақб мошину автобусҳои навбатдор шабонарӯз дар равуо, дар ҳар қисмати сохтмон бунгоҳҳои тиббӣ фаъоланд. Рустам, як ҷавон, коргари одӣ, ки дар дохили нақб кор мекунад, зимни суҳбати кӯтоҳе қайд мекунад: «Ҳамаи моро дар сохтмон, махсусан дар зери нақб, ки 80 метр дар таги замин ҷойгир аст, як ғоя - орзуву омоли зудтар сохта ба истифода додани НБО Роғун маттаҳид мекунад. Шиори мо: «Ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама» аст».
Дар кори НБО Роғун имрӯз наздики 70 ширкати сохтмонии дохиливу хориҷӣ саҳм мегузоранд.
- «ТоҷикСГЭМ», «Тоҷикгидромонтаж», «Раёсати сохтмони асосӣ», «Хокруд», «Асри Нур» ва даҳҳо ширкатҳои дигаре, ки техникаҳои зиёду пуриқтидори корӣ доранд барои бунёди иншоот саҳм мегузоранд. Фармоишгар Дирексияи сохтмонист, ки бо ҳар ширкат шартнома мебандад. Комиссияҳои махсуси назоратии доимоамалкунанда ҳастанд, ки корҳои баанҷомрасондаи ин ширкатҳоро назорат мекунанд, - мегӯяд муҳандиси пешбари раёсати қабули корҳои анҷомёфта Тағай Сониев.…
Толори мошинҳоро мегузарему ба толори агрегатҳо ворид мешавем. Қалби НБО Роғун! Чархаи таърихиро, ки чархи таърихи Тоҷикистонро ҷониби дигар, ҷониби пешрафту нур мегардонад, бо чашми сар мебинем. Рӯзи 16-уми ноябр Пешвои муаззами мо ба дохили нақб ворид гардида, аввалин агрегати Роғун, чархаи шашумро ба кор медароранд.
PS: Мувофиқи лоиҳа сарбанди НБО Роғун аз сангу шағал мураттаб мегардад. НБО Роғун дуюмин ва калонтарин неругоҳи барқие баъд аз НБО Норак дар ҷаҳон хоҳад буд, ки сарбандаш аз сангу шағал сохта шудааст.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе-Роғун-Душанбе