07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОҲИБКОРИИ ДУШАНБЕ-2018 БАРГУЗОР ШУД

 

Дар форум ба ҷуз намояндагону соҳибкорони ватанӣ инчунин намояндагони ширкатҳо аз 21 кишвари олам, аз ҷумла, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Чехия, Федератсияи Россия, Беларус, Хитой, Корея, Туркия, Урдун, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Афғонистон, Покистон, Эрон, Кения, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, маҷмуан зиёда аз 2000 нафар ширкат варзиданд.

Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар он ҷанбаҳои муҳимтарини соҳаи иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавии иқтисодиёт, рушди иқтисодиёти рақамӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ ва дар маҷмуъ рушди устувори иқтисодиёти миллӣ матраҳ гардиданд.

 

 

Сипас, кори Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дар 6 панели алоҳида, дар мавзуъҳои «Баланд бардоштани рақобат дар соҳибкорӣ бо истифодаи технологияи муосир: Старт-ап-ҳо ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон», «Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир ва масъалаҳои ҳунармандӣ», «Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо», «Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар бахши саноат: дурнамо ва имкониятҳои ҳамкорӣ» ва «Сармоягузорӣ ба навовариҳо барои рушди инфрасохтор» идома дода шуда, байни соҳибкорону сармоягузорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бону Рухшона, ки роҳбарии Ташкилоти ҷамъиятии «Мумтоз»-и ноҳияи Рӯдакиро ба зима дорад ва яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар мебошад, таассуроту бардоштҳояшро аз ин форум нек арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин форумҳои соҳибкорӣ баҳри боз ҳам равнақ додани тиҷораташон илҳоми бештар мебахшад.

- Ташкилоти ҷамъиятии мо фаъолияти хешро дар самти истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ мондааст. Дар якҷоягӣ бо келинам ин ташкилотро пеш мебарем ва дар баробари ин, ба шогирдони зиёде низ касби ҳунармандиро омӯзондаем. Баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар назди худ мақсад гузоштам, ки сафи корхонаҳои худро зиёд намояму дар рушди соҳибкории кишвар саҳмгузор бошам,-гуфт бо хушнудӣ Рухшона.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор гардида, он сармоягузорону соҳибкорони зиёдеро аз тамоми гӯшаю канори олам ба ҳам меорад ва дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муаррифии шоистаи молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад.

Бунафша

 

:.  Иқтисод 16.10.2018 12:33 1172

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz