Дар марҳилаи аввали фаъолияти корхонаи ҷуроббофии «Ваҳдат»-и ноҳия, ки соли 2014 бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд, 69 нафар занону духтарони хонашин ба кор ҷалб шуданд. Айни замон шумораи коргарзанони фабрика ба 115 нафар мерасад.
- Аз дарёфти шуғл дар ин ҷо хонаводаи мо аз вартаи камбизоатӣ раҳо хӯрд. Аз шарту шароити мавҷуда қаноатмандем, ки коргарон вобаста ба ҳаҷми иҷрои заҳматашон ҳақмузд мегиранд. Дар сехи ресандагӣ се баст 8-соатӣ ва дар толори танзиму бандубасти ҷуробҳои истеҳсолгардида 12-соатӣ кори рӯзона муқаррар гардидааст. Дарёфти шуғлҳои музднок кафили хушбахтию суботи оилавии бонувон аст, чаро ки дар хонаводаҳои занони коргар баҳсҳои оилавию дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ камтар ба мушоҳида мерасанд, - мегӯяд Гуландом Исмоилова.
Сокини деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Моҳира Эмомалиеваро, ки баъди нобасомониҳои оилавӣ бо ду фарзанди хурд ба хонаи зодмандон баргашта буд, ягона роҳи растагорӣ аз ғаму гирдоби мушкилоти зиндагӣ дарёфти кору қути лоямут барои тифлонаш буд. Вақте шуғл ёфт, дар дилаш умеди дубора ба ояндаи нек дил зад ва ба хотири амалӣ сохтани ҳавасу армонҳои вомондааш таҳсилро дар Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистон пеш гирифт.
– Овони мактабхонӣ орзу доштам, ки омӯзгор шавам, вале зодмандонам ба ваъдаҳои идомаи таҳсилам аз ҷониби хостгорон бовар намуда, маро бармаҳал оиладор карданд,- қисса оғоз дошт Моҳира Эмомалиева. – Мутаассифона, баъди тӯй фикр дигар шуд ва нофаҳмию бетаҷрибагии тарафайн боиси ранҷу азобу хонавайронӣ ва ба хонаи зодмандон баргаштани ману ду фарзандам гардид. Бузургтарин иштибоҳи зодмандон, ки ҷавононро ба шикасту бадбахтиҳои бузург мувоҷеҳ мегардонад, ин бидуни таҷрибаи рӯзгор оиладор кардани онҳост.
Аз 115 нафар коргарони ҶДММ «Моҳир пласт» 15 тан мутахассисони чиниянду боқӣ ҳама сокинони маҳаллӣ, ки 60 нафараш бонувонанд. Маъмурияти корхона дар интихоби навкорон, пеш аз ҳама, ба оилаҳои ниёзманд, ба хусус, модарони танҳо афзалият медиҳад, ки бар замми масъулияти тарбияи фарзандон имкони идомаи зист дар манзили собиқ ҳамсарро надоранд. Ресандаи ин корхона Гулбаҳор Қурбонназарова, аз зумраи модарони ҷавонест, ки баъди барбод рафтани ҳаёти оилавӣ ба кошонаи зодмандони хеш баргашт.
– Бештари мо - духтарон, ки бо тасмими волидонамон хонадор мешавем, баъди пошхӯрии оилаҳо дубора сарбории онҳо мегардем. Акнун зодмандон барои кору таҳсилам розӣ шуда, ҳатто модарам тарбияи фарзандамро ба уҳда гирифтааст, то ман бо хотири осуда кор карда, минбаъд дар ягон муассисаи касбомӯзӣ таҳсил намоям.
Таҷрибаи рӯзгор собит намуда истодааст, ки омили муҳими пешгирӣ аз бармаҳал хонадор намудани ҷавонон, коҳиш додани омори пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар мушкилоти иҷтимоии ҷомеа ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ин иқдоми наҷотбахшу растагории бонувон аз мушкилоти оилавӣ дар ноҳияи Ёвон тариқи бунёди корхонаҳои саноатӣ амалӣ шуда истодааст, чаро ки солҳои охир бештар хонаводаҳое пош хӯрда истодаанд, ки ҳамсарони ҷавон бе ҷойи кору таҳсилнодидаанд. Аз Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем, ки бо мақсади баланд бардоштани ҷойгоҳи зан дар ҷомеа барои мо шароиту имконоти мусоиди кору таҳсил фароҳам оварда истодаанд, - мегӯяд яке аз саноатчиёни собиқадори ноҳия Зарафо Сафарова.
Бинобар гуфтаи З. Сафарова, дар ду корхонаи мансуб ба соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрахон Баҳриддинов 375 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Чин фаъолият доранд, ки аз ин миён беш аз 200 нафарро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Фараҳнӯш Умедзода, тарҷумони корхонаҳои мазкур, барои духтарони тоҷик таҳсили илму касбомӯзиро дар мадди аввал мегузорад. Ӯ баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсилро дар факултаи забонҳои хориҷӣ ва савдои донишгоҳи бонуфузи Гуанчжоуи кишвари Чин идома бахшид. Ӯ ба таъкид изҳор медорад, ки ҷавонони ақсои олам ояндаи худро бидуни илмомӯзию ташаккули истеъдоду ҷаҳонбинӣ тасаввур карда наметавонанд.
- Дар шароити кунунӣ, ки оилаҳои ҷавон рӯ ба ноустуворианд, аз таҳсил дар канор мондану ба шавҳар баровардани ҷавондухтарон аз ҷониби зодмандон, гуноҳест нобахшиданӣ. Албатта, хонадор намудани фарзанд аз орзуву ормонҳои ҳар падару модар аст, вале ин «расм»-и носолим хосси мо, миллати тамаддунофар нест, ки ба хотири суруру шодмонии яклаҳзаинаи худ ҳаёти фарзандонро барбод диҳем, - мегӯяд Фараҳнӯш Умедзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ёвон