Рӯи кати ҳавлии апаи Соҷидамо баъди гармои шадиди роҳи Душанбе - Муъминобод бо шамолаки серун бароямон беҳтарин ҷои баровардани кӯфти роҳ буд. Баъди каме дам гирифтан, суҳбатамон шурӯъ шуд…
«Шояд шумо низ мисли ҳама барои дидани амалҳои дасти як зани деҳқон ба хонаи мо омадед, - хандакунон ба сухан сар кард хола. – Воқеан, боғе, ки ман сабзондам, як гӯшаи биҳишт аст. Биёед, боре биравем, зеро то ба чашми сар набинед, бовар намекунед. Дар майдони 1 га замин боғ, 7,5 га замин сабзавоткорӣ, 1,5 га замин ғалла, 5,5 га замин чарогоҳ дорам».
Ҳама банди ҷангу ман гирифтори меҳнат будам…
Соли 1992 дар айни ҷӯшу хурӯши ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар холаи Соҷидамо тасмими созмон додани як хоҷагии деҳқониро гирифт ва ба шавҳараш, ки сардори дастаи сохтмоние дар шаҳри Душанбе буд, гуфт: «Одамҳо бекоранд, ҷангу ҷанҷол мекунанд, ман заминеро мегираму обод мекунам».
Кам касе ҷуръати аз хона берун шуданро дошт, вале ӯ бархесту назди бонуе мисли худаш ҷасур, раиси вақти деҳот Сарварбӣ Ғозиева рафт. Раис аз тасмими ҷиддии як зан дар вазъи нобасомон хурсанд шуду ваъда дод, ки дар тамоми корҳояш Соҷидаморо дастгир хоҳад шуд. Аз заминҳои бекорхобида барояш мазраа муқаррар карданд. Заминро гирифту зуд ба шинондани дарахтони мевадеҳ пардохт. Дид, ки аз уҳдааш мебарояд, боз хостори каме замини дигар барои киштукор шуд.
Солҳо мегузаштанд. Соҷидамо бо даст додани имкон масоҳати заминҳояшро густариш медод. Ҳамчун роҳбари фаъоли хоҷагии деҳқонии «Соҷидамо» шинохта гардид. Маҳсули заҳматаш бозорҳои ноҳия ва минтақаро обод мекард.
Бо меҳнати ҳалол 9 фарзанд: 5 писар ва 4 духтарро ҳамроҳи шавҳар бузург кард. Ба духтаронаш ҳунар омӯхт. Яке табибу яке чевар, яке кадбонуву яке кишоварз. Дар оилаи калони онҳо касе ранҷи муҳоҷирату бардагиро накашида, баръакс яке аз писаронаш бо хатми факултаи агробизнеси Донишгоҳи давлатии Маскав мутахассиси соҳаи тиҷорати кишоварзӣ шуд. Дигарӣ ҳам чун мутахассиси соҳаи чорвопарварӣ имсол донишгоҳи Маскавро хатм карду таҳсилашро дар аспирантура идома доданист. Писари калониаш, ки хатмкардаи Донишгоҳи техникии шаҳри Душанбест, дар талошу тараддуди таъсиси як корхонаи консервбарорӣ барои модар мебошад.
«Агар дар насибам бошаду ҳамин орзуям амалӣ гардад, Ҷаноби Олиро ба меҳмонӣ мехонам ва аз фаъолияти кишоварзиву ташаббусҳои дигарам барояш мегӯям. Намедонам то куҷо огоҳаш кардаанд, аммо медонам, ки Сарвари давлат аз меваҳои боғам ком ширин кардааст», - мегӯяд хола.
Консерви чукриву чағора дар шароити хона
Меваҳои тару тозаи боғи Соҷидамо ба бозори ноҳия, минтақа, вилоят бароварда мешаванд. Қоқи меваҳояш боз дуртар, то ба Хуҷанду Хоруғ ва ҳатто хориҷи кишвар мерасанд. Бо масруфияти зиёд хола ба консерви меваю сабзавот низ машғул аст. Нӯшобаи чукрӣ, чағораи тару тоза, гулу гиёҳҳои табобатие, ки дар зарфҳои шишагӣ маҳкам мекунад, харидорони зиёде доранд.
Бо доштани сертификати махсус апаи Соҷидамо дар як мавсим то 3 ҳазор дона маҳсулоти консервшуда омода мекунад. Ба ин хушмазагӣ оби чукрӣ ва олучаро ҷое нанӯшида будам. Таъми замбурӯғи консервшудааш, ки бо хоҳиши хола келинҳояш зуд омода ва рӯи хон гузоштанд, «чӣ қадар бомаза», «офарин», «дасти Шумо дард накунад» - гӯиҳои аҳли давраро барангехт. Ин алфози лутфомез холаро рӯҳбаланд карданд, ки бо табассуми хос гуфт: «То синфи 2 мактаб хондаам. Он вақтҳо хондани духтарро иҷозат намедоданд. Гарчанде дар Қуръони маҷид гуфта шудааст, ки маҳри зани босавод зиёдтар аст. Баъдтар саводи фитрӣ дар зиндагӣ маро кор омад. Муболиға намешавад, агар бигӯям, ки дар илми кишоварзӣ шояд зиёдтар аз мутахассисони соҳибдиплом балад ҳастам. Нӯшобаи пудина, зелол, барги садбаргро дар зарфҳои шишагӣ омода месозам. Аз гиёҳҳо ва ҳама намуди меваҳо мураббои лазиз тайёр мекунам. Маҳкам кардани оби чукриро дар зарфҳои шишагӣ аз хушдоманам омӯхтаам. Он беҳтарин даво барои бемории қанду фишорбаландист. Ман дар хусуси чукрии воқеӣ мегӯям, на тагсангие, ки ба чизе кор намеояд».
Тарзу тартиби омода кардани ҳар зарфро шурӯъ аз шустану буғ додан, то тозагии маҳсулоти дохили бонкаҳо холаи Соҷидамо таҳти назорат мегирад. Дар мавсим то 15 нафар зан ба корҳои хоҷагии деҳқонии «Соҷидамо» ҷалб карда мешавад. 3 зан ба ҳайси саҳмдор ва 6 нафар чун коргари ҳамешагӣ бо маоши доимӣ таъминанд.
Тиҷорати кишоварзӣ: аз дӯлона то алафҳои шифобахш
Хола иштирокчии доимӣ ва ифтихории ҷаласаву конфронсҳои соҳибкорони ҷумҳурист. Ҳар ҷое даъваташ карданд, мошинро аз дастранҷаш пур мекунаду меравад. Ҳар маърака бо тарзи коркарди нави маҳсулот коршиносонро дар ҳайрат мегузорад. Дӯлонаҳои гирдовардаи хола дар шакли табииву консервшуда то давлатҳои Арманистону Россия низ таҳвил ёфтаанд.
Дар баробари кишоварзӣ қаҳрамони мо ба чорводорӣ низ шавқи беандоза дорад. Ҳоло соҳиби 6 сар гов асту 20 сар гӯсфанд. Маҳсулоти ширӣ, қаймоқ, равғани зард, ҷурғот, қурут низ истеҳсол мекунад.
Хола дар ягон мавсим бе кор намемонад. То 12 тонна мева гирад ҳам, танҳо яккачини онро ба бозор мебарорад. Меваҳои афтодаву задашударо хушк мекунад. Қоқи олуву себ, зардолуву шафтолуаш таъми аҷибу фарқкунандае доранд. Дар хушконидани меваҳо низ хола аз эҳтиёт кор мегирад. Пеш аз анҷом додани ин кор ҳар меваро хуб мешӯяд, баъдан дар лаълиҳои махсус дар зери дока мехушконад, то гардаке ба рӯи қоқҳояш нанишинад. Хола захираҳои тобистонаашро дар зимистон бастабандӣ мекунад.
Хоҷагии деҳқонии «Соҷидамо» ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ мондааст. Ҷамъоварии гулу гиёҳҳои кӯҳиро ҳамроҳи дастаи корӣ хола аз аввали баҳор шурӯъ карда, то давраи зимистон идома медиҳад. Таъкиди саркорхола ба занони гурӯҳаш ин аст, ки рустаниҳои шифобахшро ҳеҷ вақт аз реша накананд, то ин амалашон боиси аз байн рафтани онҳо нагардад.
Гармхонаи Соҷидамо
Дар хоҷагӣ як гармхона низ амал мекунад, ки имсол аксар деҳқонони кӯҳистони Муъминободро бо беҳтарин навъи парвардаи помидори қадима таъмин кард. Ба иқрори хола, тухми помидори ғалатӣ аз дасти хушдоманаш ба вай расидааст. Онро ба андозаи гавҳар эҳтиёт мекунад. Чун деҳқони асил мегӯяд, ки бештари сабзавот имрӯз ба зарби доруву маводи кимиёвӣ сабзонда мешаванд. «Ин гуноҳи ҷуброннашавандае пеши Худову бандагонаш аст. Маҳсулоти кишоварзиро бояд бо арақи ҷабин парварид, на ки бо заҳру зуқум», - зикр мекунад бонуи кишоварз.
Дар наздикии гармхонааш хола ба як ҷои нообод ишора карда мегӯяд: «Агар ёриам мекарданд, ҳамин корез (скваж)-и калонро ба кор медаровардам, ҳам 40 га замин аз об хуррам мегардиду ҳам мардуми гирду атроф бо оби ширин таъмин мешуд. Аз дигар сӯ, бад-ин васила саҳме меафзудем дар иҷрои иқдоми Пешвои миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор».
Дар гармхона тамоми зимистон кор ҳаст. Дар мавсими сармо занҳо ин ҷо кабудӣ парвариш мекунанд. Лимӯпарварӣ соҳаи дигарест, ки холаи Соҷидамо ба он афзалият медиҳад. Ҳоло ин соҳаро дар хоҷагии деҳқониаш ҷиддӣ рушд доданист.
Аз хола мепурсам, ки билохира сарвари хонадон ҳунари Шуморо эътироф карданд ё не? Бо ханда мегӯяд, ки: «Чандон не. Аммо, тавонистам ӯро ба кори хоҷагӣ ҷалб созам. Ҳоло ӯ 50 оила занбӯри асал дорад. Дар як сол то 800 кило асал мегирад. Ҳам мефурӯшем, ҳам мехӯрем. Асаламон то Маскав харидор дорад».
Дар назди хоҷагии деҳқониаш хола як ташкилоти ҷамъиятиеро барои дастгирии занони деҳот бо номи «Фаровон» сабти ном кард. Соли гузашта ба 30 нафар занони деҳааш ҳунари консервкунонии маҳсулотро омӯхт. Барои духтаракон давраи омӯзишии ҳунари дӯзандагӣ ташкил намуд.
Хола аз аввалин занони фаъоли ноҳия аст, ки ба лоиҳанависӣ иқдом намуд. Ҳоло лоиҳаеро дар хусуси кушодани сехи дӯзандагӣ, барои либосҳои мактабӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оила пешниҳод кардааст. Ин амал барояш танҳо як кори хайр арзёбӣ мешавад. Мегӯяд, ки либосҳои мактабиро бо нархҳои арзон омода ва пешкаши ҳамдеҳагонаш мекунад.
Бар ивази 2 ҳазор доллар саҳмияи Роғунро харидааст. Бар ивази маблағаш чизе интизор нест, ҷуз он ки зудтар ин махзани нур ба кор оғоз кунаду Ватан аз истиқлолияти пурраи энергетикӣ бархӯрдор шавад.
PS: Шояд хонанда фикр кунад, ки фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Соҷидамо» дар як замини калон муттамарказ аст, аммо на. Заминҳои хола дар қисматҳои гуногуни деҳаи Момандиён ҷойгиранд. Барои расидан аз як қитъа ба дигаре Соҷидамо роҳи зиёдеро қадам мезанад. Мисли моку байни заминҳояш мечархаду шукр аз дасту пои равонаш мекунад.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Момандиёни Муъминобод