Шарифзода Меҳринисо Зайнӣ, ин бону тоза чун иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии бонки давлатии «Амонатбонк» дар ноҳия ба фаъолият шурӯъ кардааст. Гарчанде мавсуф таҷрибаи кориро ба ҳайси корманди одӣ аз Бонки миллӣ оғоз карда бошад ҳам, баъдтар ба бонки давлатии «Амонатбонк» мегузарад ва 20 соли ҳаёти худро чун мутахассис маҳз дар ин бонк сипарӣ менамояд.
Меҳринисо соли 1963 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом мерасонад. Соли 1987 ба шавҳар мебарояду ба шаҳри Кӯлоб меояд. Дар баробари масъулияти хонаводагиву ҳамсарӣ таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб идома медиҳад. Пас аз хатм дар донишгоҳи мазкур ба ҳайси омӯзгор пайи таълиму тадриси ҷавонон камар мебандад. Чун аз хурдӣ меҳри иқтисодчӣ шуданро дар дил мепарварид, тасмим гирифт ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани ихтисоси дуюм ба шуъбаи ғоибонаи ДДК супораду мутахассиси соҳаи иқтисод бишавад. Солҳои мактабхонӣ бо талқини қиблагоҳаш, ки директори мактаб буду фарзандонро ба донишомӯзӣ шавқманд мекард, Меҳринисо чун донандаи хуби фанҳои дақиқ шинохта шуда буд.
Соли 1994 барои идомаи фаъолият ба корҳои бонкӣ мегузарад. Дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекарду дар намояндагии Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб кор. Бо пешниҳоде барои идомаи фаъолият ба шуъбаи нафақаи бахши бонки давлатии «Амонатбонк» дар шаҳри Кӯлоб мегузарад. Малакаву кордониашро ба назар гирифта Меҳринисо Шарифзодаро зина ба зина ба вазифаҳои масъул, аввал ба шуъбаи молия ва иқтисод, баъдан ба шуъбаи ҳисобдорӣ мегузаронанд. Баъди чанде сардори шуъбаи молия ва иқтисодиёт ва аз ин ҷо ба ҳайси сардори шуъбаи кормандон таъйинаш мекунанд. Аз соли 2014 то замони пешниҳод ба вазифаи мудири «Амонатбонк»-и ноҳияи Муъминобод, ба сифати сармуҳосиби бахши «Амонатбонк»-и минтақаи Кӯлоб фаъолият дошт.
Имрӯз ҳамроҳаш гурӯҳи иборат аз 27 нафар мутахассисони соҳаи бонкдорӣ барои хизмати мардум камар бастаанд. Барояш хушмуомилагӣ бо аҳли кормандон асоси фаъолияти муваффақ ба ҳисоб меравад. «Вақте дар ҷаласае раиси бонк муҳтарам Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода аз байни ин қадар кормандон бо боварӣ гуфтанд, ки Шумо ба Муъминобод меравед, эҳсоси камҷуръатӣ доштам. Дар аввал чунин истиқболи гармро дар ҳайати ҳамкорони нав чашмдор набудам. Агарчи тамоми кормандони имрӯзаамро ҳанӯз аз замони дар шаҳри Кӯлоб фаъолият кардан, хуб мешинохтам. Ҳама одамони хуб, мутахассисони воқеии соҳаанд», - зикр мекунад бону Меҳринисо Шарифзода.
Ӯ худро дар вазифа роҳбар неву хидматгори мардум ҳисобида, дар ноҳияи кӯҳистонӣ, пеш аз ҳама, барои таъмини саривақтии нафақа ва маоши кормандони соҳаи буҷетӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба ҳар корафтода бо ширинсуханӣ санаи дақиқи ворид гардидани маошу нафақаҳоро мефаҳмонад. Намехоҳад касе аз ҳуҷраи кориаш ғамгину дилозурда берун ояд.
Корро, пеш аз ҳама, аз рӯи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳалолкориву дар хизмати мардум қарор гирифтанро талқин мекунанд ва супоришҳои соҳавии роҳбарияти бонки давлатии «Амонатбонк» ба роҳ мондааст. Талош дорад дар камтарин фурсат қарзҳои муҳлаташон гузашта ба ҳисоби бонк баргардонда шаванд. Зеро танҳо дар сурати ғанӣ шудани хазина бонк метавонад фаъолиятҳои дигарашро дуруст анҷом диҳад. «Зиёда аз 2 миллион сомонии бонк воми мардум аст. Қарзҳое дорем, ки аз соли 2009 гирифтаву баргардонда нашудаанд. Корро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда, баргардондани қарзҳоро вазифаҳои асосии худ меҳисобам», - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Чун роҳбар ҷонибдори ҷалби бештари занон ба корҳои бонкдорист. Ҳоло дар тими ӯ 5 бону фаъолият дорад. Саводу интизоми корманд барояш чун асоси пешрафти касбӣ маънидод мешавад.
Дар татбиқи иқдоми тозаи роҳбарияти бонки давлатии «Амонатбонк», ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имтиёзҳое барои занони ҳунарманд пешниҳод кардааст, ҷиддӣ камар бастааст. Мехоҳад бонувони ҳунарманде, ки хоҳиши ба даст овардани қарзҳои фоизашон пасттаранд, аз имтиёзҳо бархӯрдор бошанд. Чун иқтисоддон дар шароити буҳрони молиявӣ ҷонибдори созмон ёфтани корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар ноҳияи Муъминобод аст. «Танҳо бо ин роҳ метавон бар шиддати буҳрон истодагарӣ карду қурби пули миллиро нигоҳ дошт», - иброз медорад бону.
Ҳар субҳу бегоҳ роҳи Кӯлоб - Муъминободро тай карда мераваду меояд. Охир дар хона ӯро 4 фарзанду 9 наберааш бетоқатона мунтазиранд. Бо маҳзи ворид шудан аз дар шавҳараш бо хушзабонӣ «ҳа, раиса омадӣ?» гӯён пешвозаш мегирад. Суолаш мекунам, ки шояд дар оиладорӣ зани роҳбар бартарияте дорад? Механдаду посух медиҳад: «Ҳуқуқи баландро дар оилаи мо ва шахсан дар назди ман, пеш аз ҳама, шавҳарам дорад. Дар хона ман як зани одии маъмулиам. Барои ман на мансаб, балки нигоҳ доштани хушномӣ ба ҳайси як бону муҳим аст. Имсол аз издивоҷи мо 30 сол пур мешавад. Тӯли ин солҳо боре нофаҳмие байни мо рух надодааст. Дар фаъолияти меҳнатӣ бештар аз дастгириҳои хусурам баҳравар будам. Он кас, ки худ роҳбар ва ҷонибдори муваффақ будани бонувон дар ҷомеа буданд, дар пастиву баландиҳо маро рӯҳбаланд месохтанд».
Дар хусуси хазинадори хона, ки мард бошад ё зан чунин андеша равшан мекунад: «Маблағ дар оила бояд дар як даст нигоҳ дошта шавад. Фарқе надорад, ки дасти зан аст ё мард, аммо дар вақти хароҷот ҳамсарон бояд аз маслиҳат кор бигиранд. Инро ҳам инкор карда намешавад, ки сарфакории занона дар ғанӣ гардидани буҷети ҳар оила нақши муҳим мебозад. Ба қавле:
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо».
Қаноатманд аз он аст, ки кор дар самти ба вазифаҳои роҳбарӣ таъйин намудани бонувон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. «Бонувоне, ки саводу малакаи зарурӣ доранд, зуд мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Дар шароити кунунӣ, занон бо доштани малакаву дониш дар дилхоҳ вазифа, шурӯъ аз вазиру раис, то ректору директорони макотиби оливу миёна таъйин мешаванд, ки ин одилона аст», - таъкид медорад Меҳринисо.
Орзуяш хушбахтии фарзандон ва сарбаландӣ дар фаъолият аст. «Ҳоло ман иҷрокунандаи вазифа ҳастаму таъйиншуда не ва ин кор танҳо пас аз 3 моҳи фаъолият ва санҷидани натиҷаҳои кори банда бо тавсияи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Аммо, соате ҳам, ки бошад, мекӯшам корро сарбаландона ба сомон расонам. Орзуи дигарам ин аст, ки вақте аз вазифа рафтам, бо сари баланд биравам», - бо табассум иқрор меояд ҳамсуҳбати мо.
Фараҳнози БЕҲРӮЗ,
ноҳияи Муъминобод