ҶДММ «Зам-Зам» яке аз ташкилотҳои номдори ноҳияи Муъминобод ба шумор рафта, соли 2006-ум аз ҷониби созмони швейтсарии КАРИТАС таъсис ёфтааст. Роҳбарии ташкилоти мазкурро яке аз занҳои фаъоли ноҳия Тоҷинисо Одинаева бар дӯш дорад. Андешаи таъсиси чунин як корхона аз ҷониби ин бону пешниҳод гардида, созмони хориҷӣ онро пазируфт ва барои таъмини таҷҳизот восита шуд. Ҳамин тариқ, дар ташкилоти «Зам-Зам» занҳои зиёди бекор барои худ шуғл ёфтанд. Мақсад аз таъсиси корхона низ бо кор таъмин намудани занҳои хонашин буд. Сабаби «Зам-Зам» ном гузоштани корхона низ дар зам шудани занон мебошад. Аз ҷиҳати дигар, чун занҳо софкоранду поктинат, ба ҳамин хотир номи оби мусаффою муқаддас «Зам-Зам»-ро ба ташкилоти навтаъсис раво шумурданд.
- Ҳангоме ки дар ин ширкати хориҷӣ фаъолият мебурдам, чандин лоиҳаҳоро пешниҳод карда, амалӣ намудем. Лоиҳаҳои татбиқшуда ба самтҳои гуногуни хоҷагӣ ихтисос мегирифтанд. Чун вориди деҳаҳо мегардидем, занҳои зиёди бекорро медидем, ки аз бешуғлӣ вақти хешро барҳадар медоданд. Аммо, дар хонаҳояшон говҳои зиёде ба чашм мерасиданд, ки метавонистанд аз шири онҳо истифода карда, соҳиби маблағ гарданд. Вале, тарзи дуруст истифода бурдан ва коркарди ширро намедонистанд. Ҳамин тавр, дар фикри ман таъсиси чунин як корхонае рӯ зад, ки вобаста бошад ба коркарди шир ва занҳои хонашин ба кор ҷалб гарданду соҳиби маблағи муайяне шаванд,-иброз дошт сарвари ташкилот Тоҷинисо.
Баъд аз таъсиси корхона, ӯ корашро аз ҷалби занҳо ба курсҳои омӯзишӣ оғоз намуд. Хона ба хона мегашту занҳоро барои ҳамкорӣ даъват менамуд. Дар аввал барои Тоҷинисо даъвати занону ҷамъоварии шир каме мушкил буд. Зеро бисёре аз пирони хонадон фурӯхтани ширро ба худ эб намедиданд. «Сафедиро намефурӯшанд, баракати рӯзгор меравад»,-гӯён калонсолони деҳ аз расму оинҳои деринаи худ ёд меоварданд. Тоҷинисо медид, ки ширро сарфакорона истифода намекунанду ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, тадриҷан дар натиҷаи омӯзишҳои пай дар пай онҳоро қаноат дод. Ҳамакнун занҳо ихтиёран ширро ба коргоҳ меоранд.
Ҳоло дар ин заҳматгоҳ 5 нафар коргари доимӣ фаъолият мебарад, ки 4 нафари онҳо занони таҳҷоӣ мебошанд, ки дар курсҳои омӯзишӣ дар вилояти Суғд тарзи коркард ва омода намудани маҳсулоти шириро аз худ намуданд. Ба ҷуз ин, наздики 80 нафар зани маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидааст, онҳо ҳамарӯза корхонаро бо шир таъмин месозанд. Ин занҳо шири говҳои дӯшои хонагиро оварда, бар ивази 2 сомониву 50 дирам ба ташкилот мефурӯшанд. Маблағро якрӯза ва ё якмоҳа карда мегиранд.
- Занҳое, ки ташкилотро бо шир таъмин месозанд, вақти хешро беҳуда сарф намекунанд. Чун фориғ аз дастрас кардани шир шаванд, метавонанд ба анҷом додани корҳои рӯзгор бирасанд. Занҳое ҳастанд, ки дар як моҳ аз ҳисоби ширҳои фурӯхтаашон то 500–600 сомонӣ даромад мегиранд. Арзиши шир метавонад вобаста ба мавсим тағйир ёбад. Масалан, дар мавсими тобистон як литраш 2 сомониву 50 дирам бошад, дар фасли дай то ба 3–3 сомониву 50 дирам мерасад. Вобаста ба нархи шир маоши онҳо низ меафзояд,- иқрор меояд роҳбари корхона.
ҶДММ «Зам-Зам» ҳамарӯза маҳсулоти зиёдеро, ки инсон ба он ниёз дорад, яъне анвои ғизовории шириро истеҳсол карда, мардуми ноҳияи Муъминободро бо он таъмин менамояд. Дар корхонаи мазкур кормандон 12 намуди маҳсулоти шириро истеҳсол менамоянд. Ба номгӯйи маҳсулоти корхона ширу маска, дӯғобу чакка, қурут, сарширу ҷурғот, творогу сметана, яхмос ва амсоли инҳо шомиланд. Дар як рӯз то 250–300 литр шир коркард мешавад. Аммо, дар мавсими зимистон миқдори он коҳиш хӯрда, 150 литрро ташкил медиҳад. Маҳсулоти омодашударо бо мошинҳои махсус ба мағозаҳо ва дуконҳои соҳибкорони маҳаллӣ, ки шартномаи дуҷониба доранд, дастрас мекунанд.
Дар баробари ин, корхона бо беморхонаи марказии ноҳия низ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва ин муассисаи тандурустиро ҳамарӯза бо шири табиӣ таъмин менамояд. Кӯдакистон ва хонаи пиронсолонро низ тибқи қарордод аз шир ва анвои маҳсулот бархӯрдор мекунад. Нархи маҳсулоте, ки ин корхона истеҳсол менамояд, нисбат ба бозор арзон мебошад. Масалан, як қуттии қаймоқро, ки 250 гр вазн дорад, аз ин ҷо метавон бо арзиши 2 сомониву 50 дирам харидорӣ намуд. Дар бозор бошад нархи он 4–5 сомониро ташкил медиҳад.
- Агарчи дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон коргоҳҳои зиёди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ фаъоланд, ҳамоно талабот ба маҳсулоти корхонаи мо бештар аст. Чунки маҳсулоти ширии ҶДММ «Зам-Зам» табиӣ буда, дар таркибаш ягон намуд маводи кимиёвӣ мавҷуд нест. Масалан, дар шаҳри Кӯлоб 4 корхонаи хурди истеҳсолоти маҳсулоти ширӣ фаъолият менамояд. Аммо, қисми зиёди мағозаҳои шаҳрро мо бо маҳсулоти ширии корхона таъмин месозем. Афзудани ниёзмандиҳо ба маҳсулоти коргоҳи мо сифатнокисту табиӣ будани он. Аз ин ҷост, ки муҳлати истифодабарии маҳсулоти ширии ҶДММ «Зам-Зам» 3 рӯзро фаро мегирад. Аз ин зиёд наметавон нигоҳ дошт. Бархе аз корхонаҳо барои зиёд нигоҳ доштани маҳсулот аз ҳар гуна маводи кимиёвӣ истифода менамоянд, ки ин ба саломатии инсон зиёни ҷиддӣ дорад, - меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Мутахассисони таҷрибадори корхонаи мазкур талош меварзанд, то маҳсулоти ширии сифатнокро ба аҳолӣ пешкаш намоянд. Тоҷинисо барои ҷавобгӯ будан ба талаботи бозаргонӣ ният дорад, ки дар соли ҷорӣ таҷҳизоти коргоҳашро наву замонавӣ намояд. Зеро, ба гуфти масъулон бархе аз афзори коргоҳ аз замони шӯравӣ буда, таҷдидро тақозо мекунад.
Тибқи дурнамо афзудани номгӯйи маҳсулоти ширӣ дар назар аст. Инчунин, сафи шартномаҳои дуҷониба бо нуқтаҳои савдову фурӯшгоҳҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ афзоиш дода мешавад. Дар ин сурат, ҷалби занҳо низ ба корхона бештар ва онҳо ба ҷойи кори доимӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
ҶДММ «Зам-Зам» бо як коргоҳ маҳдуд нашуда, чандин лоиҳаҳои дигарро низ роҳандозӣ намудааст. Аз оғози фаъолият лоиҳае бо номи «Афзоиши даромад»-ро пиёда намуд, ки 3 бахшро ба таркиб дошт. Ҳар яке аз ин бахшҳо корҳои пурсамареро анҷом дода, занҳои зиёдеро бо кор таъмин намуданд.
- Дар бахши гиёҳҳои шифобахш ба занҳо тухмии бобуна тақдим карда мешуд, ки онҳо тухмиҳоро дар замин кошта, баъдан барои истеҳсол намудани доруворӣ ба фурӯш мебароварданд. Дар риштаи кушода бошад, занҳо бештар рӯ меоварданд ба мурғпарварӣ, картошкакорӣ сабзавоткорӣ. Самти дигари фаъолияти мо, парвариши чӯҷаву коркарди пашм буд. Дар бахши мурғпарварӣ занҳо дар инкубаторҳо кор карда, чӯҷаҳоро то расидан ба семоҳагӣ нигоҳубин менамуданд. Баъдан ба аҳолӣ ва ё бозорҳо бурда мефурӯхтанд. Занҳо пашмҳоро шуста омода ва аз онҳо кӯрпаву рахтҳои хоб таҳия мекарданд, ки масъулони беморхонаҳо бо майли том онҳоро мехариданд. Дар натиҷаи омӯзиш, занҳо соҳиби таҳсилот шуданд ва ҳоло худ мустақилона фаъолият мебаранд. Дар тамоми бахшҳо наздики 2 ҳазор зан ба кор ҷалб гардид, онҳо ҳам маблағ ба даст меоваранд ва ҳам тарзи коркарди ин ё он намуди маҳсулотро меомӯзанд, - бо хушнудӣ мегӯяд Тоҷинисо Одинаева.
Ҳамин тавр, дар таркиби сохтори ҶДММ «Зам-Зам» корхонаи коркарди пашм бо номи «Мӯина» таъсис ёфт, ки имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Дар ин замина боз лоиҳаи дигар ба роҳ монда шудааст, ки дар асоси он занҳои маҳаллӣ ба ҷамъоварии меваҳо машғуланд. Бо мусоидати ташкилоти мазкур бонувони хонашин имкон пайдо намуданд, ки аз мутахассисони суғдӣ тарзи хушк кардани меваро омӯзанд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони вилояти Суғд меваҳои хушкнамудаашонро ба фурӯш мегузоранд.
Бунафша РАҲМОНОВА,
ноҳияи Муъминобод