Тараққиёти ҳар давлатро аз пешрафту инкишофи соҳаи саноаташ баҳо мегузоранд. Коршиносон бар онанд, ки равнақи новобастаи кадом намуди соҳаи саноат набошад, дар мунтазам чарх задани истеҳсолот ва коркард шудани ин ё он номгӯи маҳсулот, ҳамчунин, рақобатпазир будан дар бозори истеъмолӣ барои ғанӣ гардидани буҷети кишвар ва некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.
Ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти ватаниро рисолати асосӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакатамон маҳсуб дониста, дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад.
Маҳсулоти табиӣ серхаридор аст…
Воқеан, дар иртибот ба ин гуфтаҳо, солҳои охир ба фаъолият пардохтани коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ва таҷдиди корхонаҳои саноатӣ назаррас гардидааст. ҶСП «Комбинати шири Душанбе» аз ҷумлаи корхонаҳои саноатиест, ки шурӯъ аз соли 1964 ба фаъолият пардохта, то имрӯз муҳимтарин маҳсулот, ки ҳар рӯз ба он инсон ниёз дорад, яъне намудҳои гуногуни маҳсулоти шириро пешкаши аҳолии кишварамон месозад. Феълан, дар корхонаи мазкур бо истифодаи технологияи муосир кормандон (аз 385 нафар 115 нафарашон бонувон) беш аз 80 номгӯй маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширу паниру маска, творогу сметана, дӯғобу чакка, қаймоқу ҷурғот, инчунин барои кӯдакон маҳсулоти ҳархелаи серғизои табиӣ ва пастеризатсияшудаи ширӣ истеҳсол менамоянд.
- Новобаста аз он ки дар шаҳру навоҳии берун аз пойтахт коргоҳҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ фаъолият мекунанд, талаботи мардум ба маҳсулоти комбинати мо зиёд аст. Аз ин рӯ, талаботи рӯзафзуни муштариён моро водор месозад, ки пайваста ба баланд бардоштани сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Ин нуктаро мутахассисони соҳаи маркетинги корхона дар робита бо истеъмолкунандагон ҳангоми гузарондани тадқиқотҳои маркетингӣ ва санҷишҳои ҳаррӯза дар нуқтаҳои савдо ва фурӯшгоҳҳое, ки ба савдои маҳсулоти ширии корхона сарукор доранд, собит намудаанд. Дар як шабонарӯз ҶСП «Комбинати шири Душанбе» 20–22 тонна ширро коркард намуда, маҳсулоти омодашударо тариқи мошинҳои махсус сари вақт пешкаши аҳолии шаҳр ва ноҳияҳои атрофи пойтахт мегардонад, - тазаккур дод Нодира Мансурова, сардори шуъбаи банақшагирии коргоҳ.
Дар ду хоҷагии чорводории ба ҶСП «Комбинати шири Душанбе» тааллуқдошта, ки дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Хуросон мавҷуд аст, говҳои хушзоти сершири «голштейн», «симментал» ва «монбелярд» парвариш меёбанд ва аслан чархи истеҳсолоти корхона аз ҳисоби шири ин хоҷагиҳо гардон аст. Ҳамчунин, аз хоҷагии чорводории «Баракат» ва аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Ёвону Файзобод ҳар рӯз шир барои омода кардани маҳсулот интиқол меёбад. Ба хотири рушди як шохаи соҳаи саноат, яъне истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ фаъол аст ва он рӯзе зиёда аз 15 тонна ширро коркард менамояд. Чанде пеш як коргоҳи дигаре низ дар шаҳри Истаравшан ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори 10 тонна коркарди ширро дар як шабонарӯз доро мебошад.
Сифати маҳсулот - кафолати солимӣ
Роҳбарияти ҶСП «Комбинати шири Душанбе» соле пештар дар иртибот ба талаботи аҳолӣ коргоҳи нави коркарди маҳсулоти ширии кӯдаконаро бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ба роҳ монд. Маҳсулоти ширии табиӣ беҳтарин ғизо барои кӯдакон буда, творожок, панирҳои гуногунмаза, шир бо шакалод, йогурт бо меваҳои табиӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхона дӯстдоштатарин хӯрданӣ барои атфол мебошад.
- Аз он ки маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон ва ҳам бузургсолон чун ғизои зарурӣ дониста мешавад, ба инобат гирифтани сифати он бояд ҳатман дар мадди аввал бошад. Чаро ки бо тақозои вақти бозаргонӣ танҳо метавон бо роҳи нигоҳдошти маҳсулоти хушсифат бо дигар истеҳсолкунандагон рақобатпазир буд. Аз ин хотир, мутахассисони корозмуда ва таҷрибаандӯхтаи озмоишгоҳи марказии корхона талош мекунанд, то маҳсулоти ширӣ бо сифати беҳтарин пешкаши аҳолӣ гардад. Ташхису санҷишҳои паёпай, ки то истеҳсол ва баъди он дар корхона гузаронда мешаванд, имкони ҳамеша серталабот будани маҳсулоти корхонаи моро додааст. Хуллас, тамоми раванди технологӣ таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дорад. Дар сурати ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набудани маҳсулоти истеҳсолшуда ба фурӯши он иҷозат дода намешавад, - мегӯяд Назармо Назарбекова, сардори озмоишгоҳи марказии ҶСП «Комбинати шири Душанбе».
Мавсуф иқрор меояд, ки муҳлати хеле кӯтоҳи нигоҳдории маҳсулоти шири Душанбе шаҳодати тозаю табиӣ будани маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона мебошад. Чаро ки аксари коргоҳҳои ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғулбуда барои дурудароз нигоҳ доштани маҳсулоти худ ва ҷалби харидорон аз ҳар гуна маводи кимиёвӣ, бахусус равғани нахл (палма) истифода мекунанд, ки барои саломатии инсон хатарзо мебошад. Мусаллам аст, ки равғани нахл (палма) дар ҳарорати 40 дараҷа метавонад дар буняи одам ҳазм шавад, ҳол он ки ҳарорати бадани инсон 36 дараҷа мебошад. Яъне, ҳазмшавии он дар бадани инсон хеле вазнин буда, ба саломатӣ зараровар мебошад. Ҳамчунин, дастгоҳи махсусе, ки ашёи хом, яъне ширро дар ҳарорати 90 дараҷа безарар, яъне пастеризатсия менамояд, танҳо корхонаҳои бузурги истеҳсолкунанда ба он дастрасӣ доранд. Мавриди зикр аст, ки ҳангоми ҷӯшондани шир витаминҳо, аминокислотаҳо ва моддаҳои минералии таркиби шир пурра нобуд мешаванд.
- Далели табиӣ набудани маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширу ҷурғот ва сметанаю қаймоқ, ки дар кӯчаҳо аз ҷониби нафарони алоҳида ба савдо гузошта мешаванд, аз нигоҳи санитарию гигиенӣ умуман ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва солҳои охир боиси афзоиши бемориҳои ба ҳайвонот тааллуқдошта бахусус, буғумдард байни одамон паҳн гаштааст, ин беборпечи махсус барои фурӯш пешкаш шудани маҳсулот мебошад. Аз он ки солҳои пеш зарфҳои барои бастубанди маҳсулоти ширӣ аз хориҷ ворид мешуд, ҳоло бошад, коргоҳи махсуси зарфсозӣ дар дохили корхона ба кор шурӯъ кард,- меафзояд ҳамсуҳбатам.
Аз мост, ки бар мост…
Роҳбарияти ҶСП «Комбинати шири Душанбе» тасмим гирифтааст, ки мутахассисони соҳаи саноати маҳсулоти шириро дар коргоҳ омода намояд. Аз ин лиҳоз, ҷавононе, ки бо иллати камбудии иқтисодӣ дар давом додани таҳсил муваффақ нашуданд, дастгириашон намуд, то тавонанд, таҳсилро дар макотиби олии кишвар дар самти саноат ва иқтисод идома диҳанд ва ҳам дар коргоҳ барои беҳбудии вазъи молиявии хонаводаашон фаъолият намоянд.
- Аксари коргарони собиқадорамон таҷрибаи комил доранд ва метавонанд, ки бо технологияи классикӣ ва муосир кор кунанд. Ва, албатта, дар ҳошияи гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо зарур аст, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ густариш дода шавад. Ҳамчунин, донишҷӯёну коромӯзон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои таҷриба андӯхтан меоянд ва ҷавонони болаёқатро аз миёни онҳо интихоб менамоем, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Нодира Мансурова.
аноҳито