Сара Блейкли
Дороияш: $1 миллиард доллари амрикоӣ
Сара Блейкли роҳбарии ширкати Spanx-ро бар дӯш дорад. Қабл аз ин, ӯ яке аз топ-менеҷерони муваффақи ширкати Nike буд, ки бо заҳматҳои бевоситаи Сара ин ширкат бренди худро пайдо намуд. Имрӯз дар баробари либосҳои варзишӣ инчунин дигар намуди либосҳоро низ истеҳсол менамояд. Блейкли танҳо ду сол дар ин вазифа фаъолият намудааст. Баъд аз ин, Сара назди худ мақсад гузошт, то ширкати шахсии худро ифтитоҳ намояд. Дар 29 солагӣ ин мақсадаш амалӣ шуд. Аз коргоҳаш, ки ба истеҳсоли либосҳо машғӯл буд, 5000 доллари амрикоӣ фоида ба даст овард. Ӯ соҳиби ягонаи ширкат буда, аз соли 2015 инҷониб Блейкли роҳбарии бошгоҳи баскетболбозони «Атлантик Ҳейк» (Atlanta Hawks)-ро бар зима дорад.
София Аморӯзо
Дороияш: $280 миллион доллари ИМА
Намояндаи ягона миллионер ва миллиардерҳои ҳазорсолаҳо пеш, София Аморӯзо вақти худро на дар истироҳат, балки дар савдо тариқи Интернет сарф кардааст. Ширкати мӯди ӯ Nasty Gal ном дошта, ӯро Аморӯзо ҳанӯз дар синни 22-солагӣ таъсис додааст. Он замон ӯ либосҳои замонавиро танҳо барои занони ҷавон ба фурӯш мегузошт. Инак, аз таъсиси ин ширкат 10 сол гузашт ва айни ҳол Nasty Gal бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ аз қабили, H & M ва ASOS рақобат менамояд. Дар соли 2017 дороии ширкат 300 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, дар ҳоле ки дар соли 2012 ба 100 миллион доллар мерасид. Дар баробари ин, Аморӯзо муаллифи китоби «Girlboss» мебошад ва айни ҳол, дар ҳоли омода кардани силсила-сериолҳои комедии «Netflix» аст.
Диана Ҳендрикс
Дороияш: $4,9 миллиард доллари ИМА
"Мо яке аз паҳнкунандагони бузургтарин шинохта шудем ва кишварамонро бо болопӯшҳои калон ва болопӯшҳои боми биноҳо таъмин намудем", - мегӯяд Диана Ҳендрикс, дар яке аз мусоҳибаҳояш бобати ширкате, ки соли 1982 бо шавҳараш Кен таъсис додаанд. Соли 2007 шавҳараш вафот мекунад, вале Диана новобаста аз буҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти ширкат, аз фурӯши он даст накашид ва бо ин мушкил мубориза бурд. Ҳатто дар соли 2010 ширкати Bradco Supply -ро харидорӣ намуд. Дар давоми 10 соли охир даромади ширкат беш аз ду маротиба афзудааст.
Кэтӣ Айрленд
Дороияш: $360 миллион доллари ИМА
Модел Кэтӣ Айрленд фаъолияти худро аз таъсиси империяи иҷозатномадиҳӣ оғоз намудааст. Бо ихтисос додани империяи иҷозатномадиҳӣ мехост малакаи маркетингиашро бисанҷад. Баъд аз таъсиси ин ниҳод, 17 000 навъи маҳсулотро ба фурӯш баровард. Аз фурӯши маҳсулотҳояш 2.6 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад. Дар 16 солагиаш Кэтӣ агнетии мӯди Elite-ро таъсис медиҳад. Дар баробари фаъолият кардан, ӯ дар фикри роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои тиҷоратӣ мешавад. Ҳамин тариқ, лоиҳаеро таҳти унвони «Мебел барои оила» пиёда менамояд ва баъд аз он ки таваҷҷуҳи мардум бештар мегардад, ширкати мебели «Айрленд»-ро таъсис медиҳад.
Мэг Уитмен
Дороияш: $2,1 миллиард доллари ИМА
Мэг Уитман чун CEO-и муваффақ дар ширкати Hewlett Packard маъруф буд ва баъд аз тақсимоти ширкат дар соли 2015, ӯ сарварии Hewlett Packard Enterprise, ки сервер ва нармафзорҳоро мефурӯхт, бар дӯш гирифт. Мэг инчунин дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ширкатҳои Hasbro ва Walt Disney фаъолият намудааст. Ҳамчунин сардори сомонаи eBay низ дониста мешуд. Ӯ дороиии ин сомонаро аз $ 5 миллион дар соли 1998 то ба 8 миллиард доллар дар соли 2008 расонид, то замоне ки тарки ин вазифа намуд.
Тони Ко
Дороияш: $260 миллион доллари ИМА
Тони Ко замоне аз Кореяи Шимолӣ ба ИМА омад, ки 13 сол дошт. Баъд аз итмоми дарсҳо ӯ ба волидонаш, ки дар анбор фаъолият менамуданд, кӯмак мерасонд. Соли 1999, вақте ки Тони Ко ба 25-солагӣ қадам ниҳод, бештар диққаташро фарқияти нархи маводҳои косметикӣ аз бозор ва дорухонаҳо ҷалб намуд. Бо саҳм доштан дар тиҷорати оилавӣ, Ко бо савдогарони яклухт ва чаканаи ҷаҳонӣ робитаи зич дошт ва ин боис гардиду Тони Ко маводҳои косметикии худро бо бренди классикии NYX – бо нархи дастрас ба фурӯш баровард. Соли аввал Ко аз фурӯши ин намуди маводҳо 4 миллион доллари амрикоӣ фоида ба даст овард. Соли 2014, ӯ бренди мазкурро ба ширкати L'Oréal фурӯхт, ки арзиши ширкат он замон 500 миллион долларро ташкил медод. Баҳори соли 2016, Ко маркаи айнакҳои ҳимояткунанда аз офтобро таҳти бренди Perverse Sunglasses ихтисос дод, ки як ҷуфти он аз 40 то 60 доллар арзиш дорад.
Катрина Лейк
Дороияш: $120 миллион доллар
Катрина Лейк- бунёдгузори «Stitch Fix» мебошад. Ширкати мазкур фурӯши онлайнии либосҳоро барои мизоҷон ба роҳ мондааст. Дар ин росто, барои интихоби либос низ маслиҳатҳо медиҳад. Соли гузашта, ба ширкат аз фурӯши либосҳо 250 миллион доллар фоида ба даст омадааст. Ҳарчанд Лейк бо 250 миллион доллар ба рӯйхати доротарин ва машҳуртарин занҳои дунё ворид нагардидааст, аммо ӯро ҳамчун зан-сарватманде мешиносанд, ки бо заҳматҳои худ, бидуни ягон восита маблағ ба даст овардааст. Дар наздиктарин фурсат ба рӯйхати 60 нафар занони сарватманд дар ҷаҳон шомил хоҳад шуд.
Дороти Ҳерман
Дороияш: $270 миллион доллари ИМА
Дороти Ҳерман, молики бузургтарин ширкати амволи ғайриманқул дар Ню-Йорки Амрико Douglas Elliman мебошад, ки дар як сол ин ширкат ба маблағи 22 миллиард доллар хонаҳоро ба фурӯш мегузорад ва аз ин 600 миллион доллар фоида ба даст меорад. Зиёда аз 6 ҳазор нафар дар 85 коргоҳи ин ширкат кору фаъолият менамоянд. Вақте ки Дороти 10-сола буд, ӯ бо волидони худ ба садамаи автомобилӣ дучор мегардад, ки дар натиҷа модараш фавтида, падараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардорад. Худи Доротиро аз мошин берун кардаанд. Дар 19 солагӣ ӯ алакай модар мешавад ва сар аз солҳои 80-ум дар ширкати амволи ғайриманқули «Merrill Lynch» дар Лонг-Айленде фаъолияташро оғоз менамояд. Солҳои 90-ум алакай қисме аз моликияти ширкат ба худи Дороти Ҳермен гузаронида шуд.
Лиз Элтинг
Дороияш: $390 миллион доллари ИМА
Лиз Элтинг-яке аз роҳбарони ширкати TransPerfect мебошад, ки ҳамчун ниҳоди тарҷумонӣ маҳсуб меёбад. Даромади солонаи ширкат 505 миллион долларро ташкил медиҳад. Коргоҳҳои ин ширкат анқариб дар 90 шаҳри дунё ҷойгиранд. Лиз Элтинг ин ширкатро соли 1992 бо ҳамроҳии ҳамсабақаш- Фил Шов, ки як замон дӯстписараш буд, таъсис додаанд. Имрӯз коргоҳи мазкур дар шаҳри Ню-Йорк маскун гардидааст, ки зиёда аз 4000 коргар дорад.
Таҳияи Бунафшаи Абдураҳим