Сари мавзӯъ чанд маслиҳати муҳимро пешкаши хонанда мегардонем:
1. Мардон бояд нақшаҳояшонро бо ҳамсар муҳокима кунанд.
Ҳамроҳ бо шавҳаратон нақшаи молиявии худро тартиб диҳед. Нақшае, ки ҳадди ақал се моҳро дар бар гирад. Нақша бояд оид ба даромад, хароҷот, дороӣ, қарзҳои оилавӣ ва мақсадҳои умумии шумо дар оянда бошад. Муҳокимаи муштараки нақшаҳои оянда муносибат ва ҳолати молиявии шуморо қавитар мегардонад.
2. Нақшаи молиявӣ тартиб диҳед.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 45 фоизи эҳтимолияти расидан ба ҳадафҳо ин вобаста аст ба он ки шумо ҳадафҳои худро пешакӣ тарҳрезӣ карда бошед. Ин ҳангом шумо бештар дарк мекунед, ки чӣ мехоҳед. Хусусияти дигари навишта кардани мақсад дар рӯйи қоғаз ва ё дилхоҳ ҷойи дигар дар он аст, ки шумо ҳар гоҳе онро аз назар мегузаронед, барои амалӣ шуданаш ба таври ҷиддӣ мекӯшед, на ба мисле, ки нишинеду орзу намоед.
3. Бигзор идора кардани даромади шуморо касе бар дӯш гирад, ки менеҷери хуб бошад, на нафаре, ки маблағи бештар ҷамъоварӣ менамояд.
Фикрҳои бад ва нобарориҳоро аз саратон дур намоед! Агар шумо зани сарфакор ҳастеду маблағи рӯзгорро сарфакорона истифода мебаред, он замон марди хонадон низ ба шумо боварии бештар ҳосил менамояд. Ва шуморо ба ҳайси «бонки молиявӣ» қабул карда, пасандозҳояшро месупорад. Дар сурати ғайр, шавҳаратон ин масъулиятро бар зимма мегирад. Фаромӯш накунед, ки барои як нафар дар баробари кор карда маблағ ёфтан, пасандоз намудани он борест гарон. Ҳадди ақал, барои кӯмак намудан, шумо пардохти коммуналӣ, телефон ва иҷрои дигар вазифаҳои молиявии оддиро ба сомон расонед. Кӯшед то зани сарфакору иқтисоддон бошед.
4. Яке аз ҳадафҳои шумо бояд пасандоз барои «рӯзи мабодо» бошад.
"Захира барои рӯзи мабодо" бояд аз 3 то 6 моҳи даромади оилаатонро ташкил диҳад. Пас аз он ки маблағи заруриро ҷамъоварӣ намудед, 15 дарсади маошатонро барои амалӣ гардонидани нақшаҳои ояндтаатон захира намоед. Аз қабили, харидорӣ намудани ашёи нави рӯзгор, барои забономӯзии фарзандонатон ва ё барои сайру сайёҳат бо оила.
5. Ба якдигар озодӣ диҳед!
Ҳеҷ кас дӯст намедорад вақте ӯро назорат менамоянд. На мардон ва на занон! Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳеҷ гуна назорат бояд вуҷуд надошта бошад. Дар назар бояд дошт, ки маблағ ҳисобро дӯст медорад. Бояд як ҳиссаи муайяни маблағ миёни шумову шавҳаратон вуҷуд дошта бошад. Бар замми ин, як миқдор маблағе низ бояд бошад, ки ба ҳардуи шумо таъллуқ дошта бошад, яъне маблағи «мо» бошад. Танҳо бо маслиҳати якдигар аз ин маблағ шумо ҳангоми харидҳои бузург истифода намоед. Дар ин сурат тамоми корҳои шумо аз рӯйи нақша амалӣ гардида, маблағро метавонед сарфа намоед.
Таҳияи
Бунафша Раҳмонова