- Гармхонаи лимонпарвариро се сол қабл аз ҳисоби пасандози хоҷагии деҳқониамон бунёд карда будем, - мегӯяд сарвари хоҷагии мазкур Саломат Файзалиева ва илова мекунад, - гарчанде парвариши дарахти лимӯ заҳмату харроҷоти зиёд металабад, аммо аз фурӯши ҳосили соли аввали ин меваи ситрусӣ метавон харроҷоташро барои чанд сол баровард.
Имсол ба тавсияи мутахассисон дар растаҳои озоди гармхонаи лимӯпарварӣ қаламчаи гулҳои ороишӣ низ шинонида истодаем. Тибқи пешбиниҳои шарикони гулпарварамон баъди як сол ҳар сотих қитъаи қаламчаи гулҳо то 50 ҳазор сомонӣ даромад меорад. Хушбахтона, дар амалисозии лоиҳаи рушди гулпарварӣ дар шароити гармхона ягон мушкилӣ надорем, зеро ки шахсан аз овони наврасӣ ба парвариши гулу буттаҳои ороишӣ шавқу рағбат дошта, аз нозукиҳои ин кор ба хубӣ огаҳӣ дорам.
Маҳз бо дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкории хурду миёна ва таъмини деҳқонон ба замин буд, ки даҳҳо ҳазор нафар сокинон, аз ҷумла, соҳибхоназанони деҳот ҷойи кору шуғлҳои даромаднок пайдо кардаанд. Хоҷагии деҳқонии «Саломат» аз 2,3 гектар замин иборат буда, саҳмдорон дар қитъаҳои дигари он картошкаву қулфинай, пиёзу дигар зироатҳои серхаридорро парвариш менамоянд. Хоҷагидорон тасмим доранд, ки бо дарёфти имкониятҳои иқтисодӣ масоҳати гармхонаҳоро зиёд карда, аз заминҳои худ дар тамоми давраҳои сол ҳосил бардоранд. Ба гуфтаи саҳмдори хоҷагӣ Дилафрӯз Файзалиева, гармхонаву дигар қитъаҳои корами онҳо манбаи даромади 35 нафар узви ин хонаводаи бузург аст.
- Сарварии хоҷагии деҳқонии моро хушдоманам ба уҳда дошта, корҳои кишоварзиро панҷ тан фарзандон бо ҳамсару кӯдакони худ иҷро мекунанд. Аз ҳисоби даромади софи замин ҳам рӯзгори хонаводаҳои худро таъмин менамоему ва ҳам соле як навъ нақлиёти хизматрасон харид мекунем.
Лимонпарварӣ як бахши муҳиму сердаромади хонаводаҳои Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Вахш арзёбӣ мегардад. Сокинони ин деҳот таҷрибаи лимӯпарвариро аз падарону бобоёни худ омӯхтаанд, ки эшон аз бунёдгузорони гармхонаҳои лимупарварӣ дар водии Вахш буданд.
- Ману ҳамсари шодравонам Бег Нурбадалов, аз аввалин саркорони истгоҳи лимупарварии собиқ хоҷагии «Ленинград» ба ҳисоб меравем, ки солҳои 80-уми асри гузашта ҳосили рекордии ин меваи ситрусиро ба даст овардаем, - ба хотир меорад Муслима Нурбадалова, як тан аз солмандони деҳоти мазкур ва мегӯяд:
- Баъди ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ҳамсарам, ки аз лимӯпарварони номдори водии Вахш буд, дар ҷойи харобу валангори собиқ истгоҳи лимупарварӣ хоҷагии деҳқонӣ таъсис дод, то парвариши ин меваи қимматбаҳоро дубора ба роҳ монад. Падари фарзандонам то лаҳзаҳои охири умр дар фикри эҳёи дубораи гармхонаҳои лимӯ буд.
Баъди вафот ҳамсар Муслима бо фарзандонаш ба хотири амалӣ намудани орзуву ормонҳои сарвари хонаводаашон гармхонаҳои азбайнрафтаи лимӯпарвариро дубора барқарор карда истодаанд. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Баҳори Бегзод» алъон аз 15-20 адад гармхонаҳои солҳои пешин, ки масоҳати умумиашон қариб ба як гектар мерасад, як гармхонаро сарсабзу ҳосилдеҳ гардонидаанд. Дар соли севвуми парвариши он аллакай ҳар навдарахт 8- 10 килограммӣ ҳосили мева дода истодааст. Онҳо умеду боварӣ доранд, ки дар солҳои оянд аз дастранҷи кори хеш даромади зиёд ба даст меоваранд.
Ба гуфтаи Муслима Нурбадалова агар нигоҳубини гармхонаи лимӯ дуруст ба роҳ монда шавад, аз як дарахти он то 100-120 килограмм ҳосил метавон гирифт. Лимупарварӣ дар ҳар давру замон аз сердаромадтарин бахши боғдорист, ба хусус, дар ҳамин давру замон, ки талабот ба ин меваи хуштамъ ва камёфт зиёд шуда истодааст.
- Солҳои пеш аслан лимӯро барои содирот ба бозорҳои хориҷ аз Тоҷикистон парвариш менамуданд. Аммо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мардум бо истифода аз коркарди ин мева омода намудани даҳҳо навъ шарбату мураббо аз меваи лимӯро омӯхтаанд. Аз ин лиҳоз, сол аз сол талаботи бозори дохилии кишвар ҳам ба меваи лимӯ зиёд шуда, парвариши ин меваи ситрусӣ соҳаи афзалиятноки хоҷагии қишлоқ боқӣ хоҳад монд, - мегӯяд Муслима Нурбадалова.
Аз суҳбат бо бонувони хоҷагидори ноҳияи Вахш бармеояд, ки барои рушди соҳаи лимӯпарварӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти меваҳои ситрусӣ хоҷагидорон ба сармоягузории мустақим ниёз доранд. Амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти рушди гармхонаҳои лимӯпарварӣ ва дастрасии бевоситаи боғпарварон ба маблағҳои қарзии камфоизу дарозмуддат имкон медиҳад, ки дар садҳо гектар заминҳои хоҷагию қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон гармхонаҳои парвариши ин меваи қимматбаҳоро ба роҳ монда, бо ин васила барои занону духтарони хонашин шароити кору шуғлҳои даромаднок фароҳам овард.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Вахш