Равзанаи ошноӣ:
Ному насаб – Зайдуллоева Савринисо Сайидалиевна.
Милод – 01.05. 1971.
Зодгоҳ – шаҳри Ваҳдат.
Оиладор – соҳиби ду фарзанд.
Шуғл – соҳибкор.
Аз ин рӯ, дар соҳаҳои гуногун шинохти бонувони муваффақ ва дастгирии эшон корест судманд ва манфиатовар. Зеро дар бисёре аз масоили муҳими рӯзгори имрӯза бонувон саҳиманд. Ва низ бояд иқрор шуд, ки ҳар иқдоми саодатофаранда, ҳар як дастоварди рӯзгор ва умуман фатҳи зинаҳои комгорӣ бе тардид падидаи навбатиест, ки дар партави мунаввари таассурот ва тараннуми соҳибистиқлолии мо ба зуҳур расидааст. Зеро Истиқлолият бо тақозои ҳаёт ва бо ҳадафи бартараф кардани маҳдудияти озодии иқтисодию сиёсиву фарҳангӣ, ки ҳавасмандии ҷомеаро ба ривоҷу шукуфонии мамлакат монеъ мегардид, ба воқеияти рӯшану раднопазир табдил дод ва ибтидои марҳалаи нави мардуми мо гашт, ки дар ин замина бонувони зиёде ба арсаҳои муайяни фанниву техникӣ дастёб гардиданд.
Савринисо Зайдуллоева, бонуест, ки 25 соли умри худро баҳри пешрафту шукуфоии кишвар ба харҷ додааст. Ва 7 сол боз ҳамчун соҳибкор вазифаи директори корхонаи қаннодии «Диёр»-ро ба зимма дорад. Ва имрӯз маҳсулоти ин коргоҳ ородиҳандаи хони мардум гардида, ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва Хатлон доман паҳн намудааст. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки «Диёр» намунаҳои хуштамъи шириниҳои дохилиеро пешкаши ҳамватанон мегардонад, ки мақбули мардум мебошанд. Ва зарур шумурдем, ки перомуни барномаи рӯзонаи ин бонуи муваффақ, ки чӣ гуна замони худро ба мудирият сарф мекунад ва корҳои зиёдеро дар тӯли 24 соат анҷом медиҳад, равшание андохта бошем.
Ҳоло барои омода намудани шириниҳои «Диёр» 15 нафар 18 навъи маҳсулот истеҳсол мекунад. Теъдоди кормандон кам ҳам бошад, онҳо фаъолияти пурсамареро анҷом медиҳанд. Бино ба қавли Савринисо: «Ман ба сахтӣ талош мекунам, ки тасвири назаррасеро бубинам дар ҳоле ки рақобат дар бозори меҳнат имрӯз тақозо мекунад, ки фаъол бошем. Ва чун бонувони муваффақи дигар кишварҳо дар пешрафти ҷомеа ҳисса гузорем. Ҳамаи мо зиндагӣ дар ин сайёраро ба як ҳадаф сипарӣ мекунем, то зиндагии ободу ороме дошта бошем. Ва ҳазорон бор шукр, ки дар кишвари ободу осуда ба сар мебарем».
Савринисо, ин бонуи соҳибкор, дар тӯли заҳмати бисёрсолаи худ ҳама кормандонашро сарҷамъу муттаҳид намуда, фаъолияташро густариш додааст. Ба иқрори худи ӯ: «Ниёзе нест барои муваффақ шудан мисле, ки як мард бошем, метавон зан буду ба ҳама он чи ки мехоҳем, дастёб гардем, яъне метавон зан бимонду мардона амал кард».
Воқеан, ин ҳама сифотро метавон дар фаъолияти ӯ ба мушоҳида гирифт. Ва имрӯз собит шудааст, ки дар ҳама гуна ҷомеа корфармои росткору ростгӯй ва пойбанди қонунро коргарон меписанданд. Вижагии корномаи Савринисо низ ҳамин росткориву муомилаи неки ӯст, ки коргаронаш аз чаҳор тарафи шаҳри Душанбе бо муҳаббати зиёд ба коргоҳашон меоянд. Ба қавли худи ӯ: «Дар таҷрибаҳои омӯхтаам, ки соле як ё ду маротиба ба хориҷ аз кишвар барои бозомӯзӣ меравам, борҳо шунидаам, ки мудири муваффақ саволи бисёре медиҳад ва гӯш мекунад ва боз ҳам гӯш медиҳад. Саволҳои хуб, гуфтугӯҳоеро оғоз мекунанд, ки дар сурати пурсида нашудан, мумкин аст аз даст бираванд. Вақте гӯш медиҳед, воқеан ҳам гӯш кардан лозим. Аз он чи мешунавед, мутааҷҷиб хоҳед шуд ва коркунони шумо аз ин ки ба онҳо гӯш медиҳед, бисёр розӣ ва хушнуд хоҳанд буд. Ва он чиро мешунавед, ба хотира бояд супурд. Ва ман ҳамин таҷрибаҳоро дар фаъолияти худ пиёда кардаам. Пайваста аз аҳволи хонаводаву вазъи саломатии коргарам хабар мегирам». Ин ҳама кордонии Савринисо аст, ки Фарзона Ҳақбердиева, корманди собиқадори ӯ, роҷеъ ба фаъолияти корфармояш мегӯяд: «Апаи Савринисо сахтгир бошанд ҳам, ҳаматарафа коргаронро дастгирӣ мекунанд. Барои мо, коргарон, шароити хуб, пеш аз ҳама, орому мусоид муҳайё сохтаанд, ки бо дили пур ба кор меоем ва бо дили гарм рӯз мегузаронем».
СЕ МАСЛИҲАТИ САВРИНИСО БА ҲАМКАСБОНИ ХУД
1. Кормандонатонро хуб бишносед. Зеро, агар қасд доред ба як сардори муваффақ табдил шавед, бояд коркунони худро ба хубӣ бишносед ва суҳбат кардан, яке аз беҳтарин равишҳои шинохти онон аст. Шумо метавонед бо онҳо наҳор хӯрда ва дар бораи мавзӯъҳои мавриди алоқаашон суҳбат кунед. Ҳар чӣ бештар ва беҳтар коркунони худро бишносед, беҳтар метавонед дастаи худро мукаммал созед.
2. Аз иштибоҳ кардани кормандонатон наҳаросед ва бигузоред иштибоҳ кунанд. Ба унвони ҳамчун сардор, Шумо масъули корҳои зердастони худ ҳастед ва ҳамин тавр масъули иштибоҳоти онҳо. Огоҳ бошед, ки кормандонатонро аз иштибоҳ кардан натарсонед. Дар ин сурат мумкин аст онҳо барои ҳар кори ҷузъӣ наздатон оянд ва корашонро бо Шумо маслиҳат кунанд. Зеро онон ниёз ба фикр кардан доранд ва барои ин кор ниёз ба ёд гирифтан доранд ва барои ёд гирифтан гоҳе иштибоҳ кардан лозим меояд.
3. Зердастони худро озод гузоред. Зеро ҳеҷ чизе бадтар аз доштани як зердасти хаста ва бидуни неру нест. Итминон ҳосил кунед, ки кормандонатонро ба фароғат мегузоред, то аз беҳтарин ва бештарин тавоноияшон истифода кунанд ва онҳо аз ин амали Шумо хушҳол хоҳанд шуд. Онҳоро маҷбур ба изофакорӣ накашед.
Абдуҷалили Амон