Суҳбати ихтисосӣ бо муовини вазири молияи Тумҳурии Тоҷикистон Рукмина Сафарзода
- Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳамчун як сохтори салоҳиятдор бо вазифаю уҳдадориҳои мушаххас дар рушди низоми идоракунии молияи давлатӣ нақши созанда дорад. Алҳол, чӣ тадбирҳое дар ин раванд андешида шудаанд?
- Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафмандонаи Ҳукумати мамлакат, инчунин, амалисозии ислоҳот дар идораи молияи давлатӣ дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла андозу буҷет, заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияро таъмин намудааст. Ҳамчунин, дар ин давра қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, назорат ва аудити дохиливу берунӣ қабул гардидаанд. Бо истифода аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, дар низоми идораи молияи кишвар механизми пардохтҳои хазинадории муҷаҳҳаз бо барнома ва таҷҳизоти муосири иттилоотӣ ҷорӣ гардида, бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун ҷузъи таркибии сохтори молиявии кишвар ташаккул ёфта истодааст.
- Бештари хароҷоти буҷети давлатӣ ба кадом соҳаҳо равона мешавад?
- Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати кишвар дар соҳаи молияи давлатӣ, ҳаҷми даромади умумии буҷети давлатӣ мунтазам афзуда, дар соли 2021 ба 27,6 млрд. сомонӣ расонда шуд.
Дар ин раванд сохтори хароҷоти буҷети давлатӣ низ ба куллӣ тағйир ёфта, афзалият, пеш аз ҳама, ба таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маориф, тандурустӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути зиёд намудани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ ва дигар намудҳои кумакпулӣ ба оилаҳои ниёзманд, инчунин, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини амнияти давлат дода шуд. Махсус таъкид месозам, ки тақрибан 50 фоизи маблағҳои буҷети давлатӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.
- Ҷиҳати рушду нумуъ ва пешрафти сатҳи иқтисодии кишвар ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт нақши созанда дорад. Дар ин самт чӣ корҳое ба анҷом расида истодаанд?
- Ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар гаштани сатҳи зиндагии аҳолӣ имкон дод, ки хароҷоти буҷет дар баробари ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба самти рушди иқтисоди миллӣ низ равона шавад. Дар солҳои 2013 - 2020 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30,0 млрд. сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар ин давра, барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда, 143 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 21,4 млрд сомонӣ сармояи давлатӣ равона шудааст.
Дар 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар ҷумҳурӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд. Танҳо дар 7 соли охир дар кишвар 2092 коргоҳу корхонаҳо бо зиёда аз 49 ҳазор ҷойи кории иловагӣ сохта шудааст, ки ҳоло дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъолият карда истодаанд. Дар ин давра, сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар аз 81 фоиз то 27,0 фоиз коҳиш ёфта, дар назар аст, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 ба 15 фоиз расонда шавад. Ҳамин тавр, татбиқи ислоҳоти самаранок ва муҳимтар аз ҳама истиқлоли миллӣ, оромии комил ва сулҳу субот ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, муътадил гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини мунтазами рушди низоми молияи давлатӣ ва дар маҷмуъ, баланд шудани обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои воқеӣ гузошт, ки ин барои мо дастоварди бисёр ҳам беназир аст.
- Шумораи бонувони молиячӣ дар вазорат ба чӣ миқдор аст? Бонувон асосан дар кадом самти соҳа бештар фаъолтаранд?
- Дар мақомоти молияи кишвар 298 нафар, аз ҷумла дар дастгоҳи марказии Вазорати молияи ҷумҳурӣ 81 нафар бонувон ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият намуда, аз шумораи умумии занон 38 нафар дар сатҳи роҳбарикунанда фаъолият мебарад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат ин таҳияи ҳарсолаи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва таъмини иҷрои он дар давоми соли молиявӣ маҳсуб меёбад. Дар ин росто аз ҳар корманд масъулияти хеле баландро тақозо менамояд. Дар ин самт иштироки бонувон низ назаррас аст. Дар маҷмуъ, бонувони мақомоти молия дар ҳамаи шохаҳои вазорат фаъоланд.
- Ҷалби мутахассисон ва дастгирии онҳо ҷиҳати рушди ояндаи соҳа чӣ гуна аст?
- Кор дар соҳаи молия бағоят душвор аст. Бинобар ин, ҷалби мутахассисон ба ин соҳа тибқи тартиби муайяншуда тавассути озмун сурат мегирад. Дар натиҷа беҳтарин довталабон имкони фаъолият дар соҳаро пайдо мекунанд.
Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутахассисони соҳаи молия шароитҳои беҳтарин, аз қабили ба истифода додани бинои нави замонавӣ ҷавобгӯ ба тамоми талаботи байналмилалӣ, муҳайё гардид.
Дастгирии мутахассисон ҷиҳати рушди ояндаи соҳа, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаю таҷрибаи кории онҳо ва дар баробари ин ҳавасмандгардонӣ барои пешбурди фаъолият дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати сайқал додани донишу малака ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи молия Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки курсҳои такмили ихтисосро барои мутахассисон ба таври доимӣ ташкил менамояд.
Ҳамзамон, мутахассисони ҷавон тибқи квотаҳои дахлдор, барои такмили ихтисос ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар сафарбар мегарданд.
- Аксар бар он назаранд, ки дар ин ё он соҳа мутахассисон, бахусус дар самти кор бо технологияи навин намерасанд. Оё чунин мушкилӣ дар вазорат вуҷуд дорад?
- Дар сохтори вазорат Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ» таъсис дода шудааст, ки дар он мутахассисони ботаҷриба дар соҳаи технология фаъолият менамоянд. Коргоҳи мазкур дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар ҷумҳурӣ яке аз барномаҳои муосири иттилоотии амалиётҳои молиявиро ҷорӣ намуда, айни замон тамоми амалиётҳои молиявӣ тавассути ин барнома амалӣ гардида истодаанд.
- Ва ниҳоят, чӣ вазифаҳо дар самти татбиқи босамари идоракунии молияи давлатӣ дар назар аст?
- Дар баробари таъмини мунтазами рушди низоми молияи давлатӣ бо мақсади татбиқи босамари он, Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани раванди таҳия ва ташаккули буҷет, ҷорӣ намудани принсипҳои банақшагирии хароҷот аз рӯи натиҷа, хусусан буҷетикунонии барномавӣ, босифат таъмин намудани иҷрои нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва роҳандозӣ намудани меъёрҳои ҳисоботи байналмилалии молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст…
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО