Тиҷорат натавон кард бо моли дигарон…
Солҳои пеш дар бозори Хоруғ фақат тиҷорати теъдоди ангуштшумори савдогарони ӯзбек аз шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон гардон буд. Сокинони маҳаллӣ кори идораву муассисаҳо ва саҳрою хоҷагиҳоро бартар медонистанд, вожаи «савдогар» муодили фиребгар, қаллоб ва гаронфурӯш буд, то ҷое, ки ҳатто ашхоси бекор аз тиҷорат ва бозорнишинӣ ор мекарданд, зеро намехостанд, ки лақаби «савдогар» ба исми покашон бичаспад.
Баъди аз байн рафтани таъминоти мутамарказ ва роиҷ гаштани иқтисоди бозаргонӣ муносибат ба тиҷорат низ дар ин қаламрав тағйир ёфт. Аллакай дар нимаи солҳои 1990 бинои пӯшидаи бозор, ки ҳамагӣ чанд сол пеш бо 700 ҷой барои фурӯш сохта шуда буд, барои хоҳишмандони машғул шудан ба тиҷорат, ки теъдоди зиёдашон акнун сокинони маҳаллӣ буданд, тангӣ мекард. Мавҷи аввали тоҷирон аксаран онҳое буданд, ки василаи даромадашонро дар хариду фурӯши мол медиданд ва ба ин мақсад чун кашшофони пайроҳаҳои нахустини тиҷорат ба марказҳои наздиктарину калонтарини саноатӣ- шаҳрҳои Душанбе ва Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон рӯ меоварданд. Бозор ғанӣ шуд, вале нархҳои моли воридотӣ баръакс боло мерафтанду ҳар як тоҷир кӯшиш мекард, душвории роҳ ва хароҷоти зиёди онро аз ҳисоби киссаи харидор пур намояд. Арзон харидану гарон фурӯхтан одат шуд. Роҳи осонтари даромад одамони касбу кори гуногунро ҷалб намуд ва пас аз соле «чунин ба назар мерасид, ки сокинони шаҳру деҳот ҳама савдогар шудаанду аз харидор касе намонда».
Некбахтсултону шавҳараш Сабзалӣ бо фарзандонашон дар ин рӯзҳо дар қатори гурезагони дохилӣ дар бинои мактаб-интернати Баррӯшон мезистанду волидон дар андеша буданд, ки чӣ тавр рӯзгорашонро пеш баранд.
Ба шарофати меваи фаровони туту зардолу сокинони ноҳия танқисии маводи ғизоро камтар эҳсос мекарданд ва саховатмандона халта-халта тутмавизро ба гурезагони дохилӣ ва афроде, ки аз маҳалҳои дурдаст ба ин ҷо меомаданд, медоданд. Мева фаровон буд, вале халтаи тут қадри халтаи гандумро пайдо карда буд. Некбахтсултон дар барчидану хушк намудани меваи дар боғҳо фаровон рехта ба хешовандони шавҳар мадад мекарду шунидаҳояшро аз солмандон дар сифати ин меваи биҳиштӣ, ки мегуфтанд дар солҳои қаҳтӣ ба сифати нони дуюм онҳоро аз марг наҷот бахшидааст, амалан медид.
Ин аст, ки вақте дар хонавода масъалаи машғул шудан ба тиҷорат ба миён омад, Некбахтсултон иқдом намуд, то ба ҷойи хариду фурӯши моли истеҳсоли дигарон ба коркарди ганҷи боғҳои биҳиштосои маҳал, ки бештараш аз нарасидани неруи корӣ ва ҳавасмандии моддӣ зери по мемонад, кор бигирад.
Ӯро хислати ирсии аз қиблагоҳ меросбурдааш, ки солҳои сарвари хоҷагӣ ва директори мактаб будан бо ташаббусҳои зиёди навоваронааш дар қалби мардуми маҳал роҳ ёфта буд, таҳрик намуд. Ҳамчунин, таҷрибаи фабрикаи қаннодии «Ширин», ки пас аз хатми омӯзишгоҳи кооперативӣ ба ин ҷо ба кор омада буду таҳти сарпарастии устоди сахтгиру меҳрубон Саида Миразорова нозукиҳои ташкили истеҳсол ва фурӯши маҳсулотро омӯхт, мададрасон шуд, ки «ҳар ташаббуси хурдро оғози муваффақияти бузург» меномид.
Равнақи бозори тутмавиз
-Тиҷоратро аз он шурӯъ намудем, ки чун шавҳарам ронанда буд, бар ивази маводи сӯхти нақлиётӣ тутро аз мардум харид менамудему ба маҳалҳои дурдасти вилоят, ки мева дар он ҷо намерӯид, мебурдем ва ба гӯшт иваз мекардем. Аз бозори шаҳр собун, намак ва дигар моли ниёзи аввалияи мардумро дарёфт намуда, ба деҳот меовардем ва боз бо тут табодули мол менамудем. Бо истиқрори сулҳу ваҳдат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар дасти мардум пул пайдо шуд. Барои тиҷоратамон низ дигар кашола кардани халтаҳои хурду калон дар бозорҳо номувофиқ омада буд. Пешрафти иқтисодӣ талаб мекард, ки намуд ва сифати молро ба завқи мизоҷон мутобиқ созем,- нақл мекунад Некбахтсултон.
Соҳибкор бо ҷалби чанд тан бонувони қобилу кордони маҳаллӣ корхонаи хурди «Ганҷи Бадахшон»-ро таъсис дод. Бастаҳо барои мол бо нишонӣ ва тамғаи корхона дар маркази ҷумҳурӣ фармоиш дода шуда, тут ва намудҳои дигари меваҷот дар ҳаҷми аз 250 то 400 грамм ба таври дастӣ дар онҳо ҷо мешуданд.
Барномаи ҷонибдории рушди манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон дар доираи дастгирии соҳибкорӣ ба маблағи 12 ҳазору 970 сомонӣ барои корхона таҷҳизоти банду басти мол ва ба хотири осонкунии ҳисобу китоб компютеру принтер дастрас намуд. Акнун солона то 10 ҳазор баста меваи хушк ба бозор бароварда мешавад.
-Асосан меваи тути хушкро ба фурӯш мебарорем, зеро меваи тути маҳаллӣ сифати баланд ва дар тамоми ҷумҳурӣ харидори зиёд дорад. Мизоҷон хусусияти шифобахшии тутро дар таҷриба озмудаанд ва зиёд онро истеъмол мекунанд.Тут барои паст намудани фишори хун, ба иллати гурда давои беҳтарин дониста шудааст. Онҳое, ки маризии қанд доранд, аз ғизои ширин парҳез мекунанд, вале истеъмоли тут ба саломатиашон зарар намеорад. Олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир хусусияти нодири меваи тутро исбот намуданд, ки аз қанд ва ангиштоб ғанӣ буда, пурра дар бунёни инсон ҳазм мешавад,- ба ҷиҳати сифат меситояд маҳсулоташро соҳибкор.
Ӯ тасмим дорад, ки дар баробари коркарди меваи хушк дар ояндаи наздик истеҳсоли шарбати тутро ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли солонаи меваро ба 35 тонна расонад. Аммо захираи меваи тут дар Ҷамоати деҳоти ба номи Назаршо Додихудоев то 90 ва дар тамоми ноҳия бештар аз 350 тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷониби соҳибкор ба боғдорон 75 чодари махсус барои хушк кардани мева тақсим шуд.
Зиндагӣ собит сохт, ки Некбахтсултон дар интихобаш дар мавриди машғул шудан ба коркарди сарвати табиии маҳал хато накард. Буҳрони молиявӣ ва боло рафтани қурби асъори хориҷӣ ба соҳибкорони зиёде, ки ба хариду фурӯши моли воридотӣ машғуланд, зарба зада, баъзеашон муфлис ва дучори мушкилот гардиданд. Аммо фаъолияти «Ганҷи Бадахшон» аз равнақ боз намонд, зеро нарху навои меваҷоти боғҳои ҳосилрези биҳиштосои кишвар ба пасту баландшавии асъори хориҷӣ вобастагӣ надоранд. Вақтҳои охир соҳибкорони чинӣ тутмавизро бисёр мехаранд, зеро дар кишвари ҳамсоя аз он доруву дармон ва спирти аълосифат тайёр мекунанду меваи аз лиҳози экологӣ тоза ва босифати маҳаллӣ қурби асъор пайдо менамояд.
- Мегӯянд, ки ганҷ беранҷ нест. Фоида аз ҷамъоварӣ то ба бозор баровардани мева дар аввал андак аст. Вале ба роҳ мондани коркарди саноатӣ ва содироти он заҳматталаб бошад ҳам фоидаи зиёд меорад. Меваҳои шаҳдбори парваришнамудаи ҷумҳуриамон беназиранд ва мо, соҳибкорон, бояд аз ин имконият самаранок истифода барему дар коркарди саноатиашон саҳми бештар гузорем, - изҳор медорад бонуи соҳибкор.
Ш. Мирзоҷалол,
ноҳияи Рӯшон