06

Сентябр, 2025
Шанбе

06

Сентябр, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАХАССУСАШ БОНКДОРИСТ


САРДОРИ ХУБ

Дар фазои фарҳангӣ-тиҷоратӣ ва фановарии рӯзгори муосир метавон дар кишвар кадрҳои шоистаро ном гирифт. Яъне дар ҳама соҳот дар кишвар чеҳраҳои дурахшонеро дорем, ки ҳамчун насли нав бо қобилияту дарки фавқулодаи корбарияшон баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Ватан ҷиддан талош меварзанд. Хушбахтона, дар шароити имрӯза, ки масоили бонкӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим ва ҳамарӯзаи ҷомеа ба ҳисоб меравад, бонувони ҳирфаие рӯйи кор омадаанд. Зеро пешрафти ҷомеа бонкҳои дохилӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар густариши муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ фаъолияти онон дар қаламрави кишвари азизамон бисёр зарурӣ мебошанд.

Шаҳло Раҳимзода, сардори идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати раёсати «Амонатбонк», аз ҷумлаи чунин мутахассисонест, ки бо дониши касбӣ ва истеъдоди баланди корбарии худ дар ин самт байни ҳамкорон маҳбуб гардида, барои дар сатҳи баланд расондани соҳааш ҷиддан талош меварзад. Зеро «Амонатбонк» ҳамчун муассисаи молиявии давлатӣ татбиқкунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, ки таърихи зиёда аз 130 - сола дорад. Тавассути 75 филиал ва 509 маркази хизматрасонии «Амонатбонк», ки ҳатто дар дурдасттарин манотиқи ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ аз ҷониби зиёда аз 2800 нафар корманд пешниҳод карда мешаванд, ки дар ин миён 933 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.Дар миёни 933 нафар бону корномаву фаъолияти Шаҳло аз дигар кормандон ба куллӣ тафовут дорад. Хурду бузурги ин коргоҳ ба ӯ апаи Шаҳло гуфта муроҷиат мекунанд. Зеро қаҳрамони мо дар тӯли ҳабдаҳ соли фаъолияти бонкӣ таҷрибаи кории рангин дорад. Бо кормандону корафтодагон ва ҳатто таҷрибаомӯзон муносибаташ якранг аст, мегӯянд ҳамкоронаш. Ин ҳама омилҳо дар ниҳоди ӯ маскунанд, ки ҳатто аз дурдасттарин минтақаи кишвар ҳамкорон аз ӯ маслиҳат мепурсанд.

Аз хислатҳои инфиродии Шаҳло Раҳимзода метавон инро таъкид кард, ки фаъолияти ӯ хеле серпаҳлу буда, дар кафедраи сиёсатшиносии ДМТ ба ҳайси лаборанти кафедра корро оғоз намудааст. Муддати дар кафедра фаъолият намудан аз устодони ботаҷриба тарзи кор ва роҳбариро омӯхтааст. Ба пиндори ӯ, фаъолият дар соҳоти мухталиф ҷаззобияти худро дошта, ҷаҳонбинӣ ва паҳнои вусъати андешаи инсонро дучанд мегардонад. Зеро дар ҳар самти фаъолият масъулияти қавӣ доштан бо низоми муайян ва ҳамеша саргарми коре будан ба инсон неруи тоза мебахшад. Ба иқрори ӯ: «Аввалин таҷрибаи идориро дар қадамҳои нахустини фаъ­олиятам дар кафедраи сиёсатшиносии ДМТ омӯхтам, ки ба ҳар устод муносибати хубу якранг доштан кори осон нест».

Шаҳло муваффақияти худ­ро ҳамчун сардори комёб дар чанд омил мебинад – эътимод, ирода, дониш ва амал.

Ба гуфти ӯ: «Аввал, ҳар инсон бояд ба худ бовар дошта бошад, ки метавонад. Зеро инсон ба ҳар коре бо азми қавӣ ҳиммат бандад, муваффақ мешавад. Дувум, бо иродаи суст ҳатто бо таҷрибаи зиёд низ муваффақ гардидан ғайри имкон аст. Ҳамаи он чеҳраҳои муваффақеро, ки дар соҳаҳои пешрафта мешиносам, иродаи қавӣ доранд. Севум, агар ҳар фард дар соҳаи ҳуд ҳар рӯз чизи наве наомӯзад, аз рушд мемонад. Зеро бе дониш ҳеҷ коре дер давом намекунад. Агар ин се омил дар замири инсон бошаду амал набошад, суде нест. Аз ин хотир, ба ҳар азму талоши солим, амал мебояд».

Инсон метавонад бо як нафар бист сол дӯстӣ кунад ва он дӯст барояш як ғариба бошад. Ва боз метавонад бо як нафар бист дақиқа вақт гузаронад ва то охири умр фаромӯшаш накунад. (Орионо Фаллачи)

 

ТАРҒИБГАРИ МАЪРИФАТ

Шаҳло Раҳимзода бо тақозои пеша бо ҷомеа бис­ёр кор мекунад. Яъне пайваста талош мекунад, ки масъалаҳои муҳими бонкиро ба шаҳрвандон омӯзонад, то дар дохил ва хориҷ аз кишвар бе душворӣ ниёзи худро бароварда созанд. Тавре имрӯз ба ҳамагон маълум аст, масъалаи баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолии кишвар яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин самт низ «Амонатбонк» корҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст, ки Шаҳло чун як тан аз масъулини кордони муассиса сари ин мавзуъ фаъолияти густурда мебарад. Ба гуфтаи ӯ: «Барои баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон ҳаматарафа чораҳо меандешем, ки ин барои ҷомеаи мо бисёр муфид аст».

 

КАДБОНУИ ХОНА

Ба қавли Ҳофиз:

Яке теғ донад задан рӯзи кор,

Якеро қаламзан кунад рӯзгор.

Ҳарчанд рӯзгор ӯро ба самти касби ифтихорманд ва сермасъулият бурд, аз расму тамаддуни куҳан низ қафо намонд. Зеро дар тамаддуни куҳани мо мақом ва нақши модарӣ аз муҳимтарин хислатҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, муваффақияти дигари Шаҳло доштани оилаи солим ва фарзандони оқил аст, ки вақти ёфтаашро ба тарбияву таълими фарзандонаш сарф мекунад. Ба қавли худи ӯ: «Зан-модар дар баробари кор, масъулияти муҳимеро низ дар хона ҳамчун модар ба зимма дорад. Зеро барои солим нигоҳдории фарзандон, яке аз омилҳои тарбияти дурусти модар сари вақт ба онҳо хӯрок омода намудан аст».

Шаҳло бар ин назар аст, ки: «Ҳарчанд ба мо, бонувон, хитоб мекунанд, ки бонувони коргар аз пухтупаз дуранд, ғалат аст. Зеро бонувон асири ғазои ҷисм набуда, балки аҳли ғизои рӯҳанд. Яъне барои ба ҳама чиз даст ёфтан вақт ҳаст. Танҳо ба ҷои сафарҳои зиёд ё ба меҳмонӣ рафтан машғул шудан ба китоб, ба ҷои тамошои силсилафилмҳо, гӯш фаро додан ба мусиқии рӯҳнавоз ва ба ҷои ҳарф задан бо телефон каме ба варзиш машғул шудан, ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳама орзуҳоямон дастёб гардем». Албатта, ин ҳама афкорро худи Шаҳло дар зиндагӣ амалӣ мегардонад, ки ба ин бозёфтҳо ноил гардидааст.

Абдуҷалили АМОН


Идеалаш дар зиндагӣ: – Дар зиндагӣ идеали асосии ман падару модарам мебошанд. Аз падар қавииродагӣ ва аз модару хушдоманам барои расидан ба мақсад, заҳмат кашидан ва сабр карданро омӯхтам. Дуои ҳамешагии онҳо дар зиндагӣ роҳнамои ман аст.

Идеалаш дар фаъолияти идорӣ: – Бонувони муваффақе, ки дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзанда доранд, ба мисли Озода Раҳмон, Хайринисо Юсуфӣ, Гулнора Ҳасанзода ва Махфират Хидирзода.

Ҳадаф: – Ҳамвора кӯшишу талош мекунам, то як заррае ҳам бошад, чун ин бонувони азизи кишвар, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди босубот ва шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон ҳиссае аз худ афзоям. Ва рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ташаккули низоми қарздиҳии корхонаҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шароити нави хоҷагидорӣ» бо муваффақият ҳимоя бикунам.

 

:.  Иқтисод 31.05.2017 04:55 1965

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz