Имрӯз пиру барнои ноҳияи Шаҳритус Шаҳло Бурҳоноваро чун шахси фаъолу соҳибкори муваффақ мешиносанд. Ӯ бонуест, ки имрӯз бозори ноҳияро ба пуррагӣ бо либоси ягонаи мактабӣ, корӣ ва дигар анвои либосҳо таъмин месозад. Ба гоҳи суҳбат дар баробари дастовардҳош дар тиҷорат, аз мушкилиҳо дар ин самт, орзуҳои даврони кӯдакӣ ва муҳоҷирату шуғли дӯстдоштааш низ риштаи сухан кушод.
Бачагӣ
Дар ноҳияи Шаҳритус ба дунё омадаву камол ёфтааст. Дар мактаби миёна яке аз толибаҳои фаъол буду ҳеҷ як чорабинии муассиса беиштироки фаъоли ӯ намегузашт. Бо дониши хубу рафтори намунавиаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияро бо медали тилло ба итмом расонд.
Зиёд мехост, ки шомили донишгоҳ гардида, соҳибтахассус шавад. Вале зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Он замон кишварро ҷанги таҳмилии бародаркуш фаро гирифту орзуяш ба боди фано рафт. Падараш дар он лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос натавонист, ки ҷигарбандашро ба таҳсил фиристонад.
- Он рӯзҳо даҳшатеро мемонданд. Мардум дар ғами як дақиқа ва ё соате зинда мондан буд. Касе бовар надошт, ки аз як соат зиёд умр мебинад. Назди тиреза истода, садои тиру туфанг мешунидему оғуштаи хун гардидани пиру ҷавони деҳаро медидем. Ҳатто рӯзе шоҳиди он гаштам, ки нисфирӯзӣ ҳангоми тановули хӯрок, дар ҳавлиамон маводе таркид, - ёд меорад он рӯзҳорову ашк гулугираш менамояд…
Тиҷорати аввалин
Волидони Шаҳло ӯро бо ҷавоне фотиҳа намуданд. Шаҳло, ки аллакай айёми донишҷӯияшро аз даст дода буд, намехост, базми арӯсиаш низ барояш ормонӣ гардад. Ҷашни арӯсиашро бо базму сур дидан мехост. Бо ин ният ҳангоми сафар ба Ӯзбекистон ва хабаргирии пайвандон, барои худ либоси арӯсии замонавиро харид, вале ба муроди дил нарасид, фотиҳаро гардонданд.
Дар ин миён, яке аз дугонаҳояш ба шавҳар мебарояду аз ӯ хоҳиш менамояд, ки либоси арӯсии харидаашро ба ӯ бидиҳад, то дар рӯзи тӯяш ба бар гирад. Агарчи Шаҳло инро дар тани худ дидан мехост, пофишории дугонааш нагузошт, ки ба ӯ ҷавоби рад диҳад. Ба арзиши 100 доллари амрикоӣ онро ба иҷора медиҳад, ки аввалин либоси арӯсии замонавӣ дар ноҳия маҳсуб меёфт.
Кунун ҳар духтари ҷавоне, ки ба шавҳар мебаромад, орзуи ба бар намудани ин либоси арӯсиро менамуд. Ва ҳамин тариқ, бо иҷора додани куртаи арӯсӣ аввалин тиҷорати Шаҳло оғоз ёфт. Бо мурур тиҷораташ фарох гардида, то таъсис додани толори арӯсӣ расид, ки онро «Зебо» ном гузошт.
Дар баробари ноҳияи Шаҳритус теъдоди толорҳои арӯсиашро дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, Кӯлобу Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Рӯз ба рӯз тиҷораташ авҷ мегирифту ривоҷ. Мизоҷон либосҳои арӯсии замонавӣ дархост менамуданд. Ва худ мустақиман ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Украина рафта, либосҳоро ба табъи дили мизоҷон фармоиш медод. Фараҳманд аз он буд, ки роҳу равиши худро дар зиндагӣ пайдо намуд. Дар ин росто, бонувони зиёди хонашинро низ соҳиби шуғл кард.
Муҳоҷират
Ӯ ҳар лаҳзаи умрашро ба такмил додани тиҷорат мебахшид. Дар баробари толори арӯсӣ, кошонаҳои ҳуснро низ созмон дод.
Соли 1999, пас аз ба шавҳар баромадан, бо ҳамсараш ба шаҳри Волгогради Федератсияи Россия роҳ пеш гирифт. Дар ҳиҷрат ором наистод. Азбаски пухтупазро дӯст медошт, тасмим гирифт, ки коргоҳи таббохӣ созад.
- Аз хурдӣ ба ширинипазӣ шавқу ҳавас доштам ва замони мактабхонӣ ҳар гуна ғизоҳо омода менамудам, таъсиси чунин коргоҳ дар фикрам ҳамеша чарх мезад. Вақте дидам, ки дар шаҳри Волгоград талабот ба чунин навъи тиҷорат зиёд аст, тасмимамро дар амал татбиқ намудам, - бо хушнудӣ мегӯяд Шаҳлобону.
Баробари ба фаъолият пардохтани коргоҳ, 12 нафар муҳоҷири тоҷикро ба кор гирифт. Ҳамзамон, тиҷорати худро дар Тоҷикистон ҳамеша зери назорат қарор дошт.
Баробари бозгашт ба Ватан, муддати 10 сол дар шаҳри Душанбе фаъолияти толорҳои арӯсиашро равнақ бахшид.
«Зебо - 75»
Чун кори ӯ ба марҳилаи дигар баромад, дар андешаи таъсиси корхонаи дӯзандагӣ афтод. Зеро хуб медонист, ки бо фарох гаштани домани фаъолият савдо талаботи худро ба думбол хоҳад овард. Бо ин роҳ мехост бонувони хонашини ноҳияро низ бо шуғл фаро гирад.
Бо гирифтани маблағи қарзӣ аз бонк, соли 2015 коргоҳи дӯзандагии «Зебо - 75» - ро таъсис ва онро пурра ба талаботи нав созгор намуд. Занони зиёди хонашинро ба кор хонд, таъмини бозори марказии ноҳияро бо либосҳои мактабиву корӣ ба зимма гирифт.
Дар аввал бонувони коргоҳ 12 нафар буданд ва бо гузашти як сол адади онҳо ба 35 нафар расид. Кунун тамоми мактабҳои ноҳияи Шаҳритусро маҳз корхонаи ӯ бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин месозад. Соли аввали фаъолият беш аз 20 ҳазор либоси мактабӣ дӯхтаву омода гардид. Дар баробари мактабҳо муассисаҳои тиббиро ҳам бо либоси махсус таъмин менамуд.
Соли 2016, ҳини сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус, маҳсули дастранҷи бонувони коргоҳ ба намоиш гузошта шуд. Баъд аз маслиҳатҳои Президенти Тоҷикистон дар самти тиҷорат, Шаҳло боз ҳам баҳри рушди тиҷораташ саъю талош варзид.
Чун аз илми маркетинг, огаҳии комил дошт, бо назардошти талаботи бозор, роҳ сӯи мамолики Туркияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон гирифт. Бонуи кордону огаҳ аз муносиботи молӣ ва илми пешрафтаи замон, дар нахустин дидор бо ҳамтоёни худ дар ин кишварҳо шартномаҳои ҳамкориро тарҳ рехт. Аз он ҷо матоъҳои хушсифатро дастрас намуда, либосҳои шинаму замонавӣ медӯхтанд.
Алҳол 100 нафар занону духтарони деҳа дар коргоҳи мазкур фаъолият бурда, навъҳои гуногуни либосҳо, аз қабили мактабӣ ва тиббиву ҳарбиро тайёр мекунанд. 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус ва 5 чунин муассисаи ноҳияи Носири Хусравро ӯ бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин месозад, инчунин, тоҷирони бозорҳо аз корхонаи вай яклухт моли тайёр мегиранд.
-Дар баробари сифат, арзиши либосҳо низ нисбат ба нархи дигар бозорҳои шаҳру навоҳии мамлакат фарқ дошта, наздики 20 дарсад арзон мебошад. Ҳамчунин, бонувони коргоҳ бо маоши хуб таъмин буда, дар як мавсим вобаста ба фармоиши либос, як нафар имкон дорад, ки то 10 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст орад, - иброз медорад бо хушнудӣ ҳамсуҳбатам.
Ба қавли ӯ, дар тиҷорат, пеш аз ҳама, мебояд, ки нақшаи кории хуб тартиб дод, то мутобиқи он маблағ харҷ шавад. Зеро дуруст тақсим кардани маблағ дар соҳибкорӣ, яке аз талаботи асосӣ ва роҳи муваффақият аст.
Б. АБДУРАҲИМ,
ноҳияи Шаҳритус