Таассурот аз сафаре ба шаҳраки кӯҳканон
Зарнисор, ин шаҳраки кӯҳканон, ки пештар Олтинтопкан ном дошт, соли 1949, яъне, 70 соли пеш дар заминаи комбинати сурбу руҳ бунёд шуд ва яке аз шаҳракҳои пешрафтаи саноатӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо баъди се - чаҳор соли фурӯпошии шуравӣ ба харобазор табдил ёфт. Конҳо аз кор монданду коргарон ба муҳоҷират рафтанд. Русзабонҳо аз ояндаи ин шаҳрак умед канда, ба ватани бобоӣ рӯ овард, ҳатто баъзе хонаводаҳои тоҷик низ шаҳракро тарк карданд. Мардуми шаҳру ноҳияҳои атроф биноҳои ободи шаҳракро бо нархи ночиз харида, масолеҳи бинокории онҳоро мекашонданд, амволи конҳо талаву тороҷ гардид. Ҳанӯз баъзе биноҳои харобу нимканда, ки дар ин ё он гӯшаи ин шаҳрак боқӣ мондаанд, аз он солҳои навмедию маъюсӣ шаҳодат медиҳанд. Аммо зери кӯҳҳо маъданҳои зиёди камназире хуфта буданд ва шаҳрак гадоеро мемонд, ки дар болои кӯзаи тилло нишаста, илоҷи боз кардани онро намеёфт.
ТАСМИМИ ДУРБИНОНА
Баъди ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидани миллати тоҷик пояҳои давлати тозаистиқлол мустаҳкам мегардиданд. Бо расидани фурсати муносиб ҳукумат барои эҳёи саноати маъдани кӯҳӣ, аз нав обод кардани шаҳракҳое ба мисли Консой, Табошар (Истиқлол), Олтинтопкан (Зарнисори ҳозира) иқдомҳои ҷиддӣ рӯи даст гирифт.
6 июни соли 2007 ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» таъсис ёфт, ки ба уҳдааш бурдани корҳои иктишофию геологӣ, истихроҷ, коркард ва гудозиши сурбу руҳ гузошта шуд. Ширкат дар муддати кӯтоҳ ба яке аз коргоҳҳои муваффақ табдил ёфт ва сабабгори эҳёи шаҳрак гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба кори ширкат таваҷҷуҳи хоса доранд, зимни яке аз сафарҳояшон соли 2009 пешниҳод намуданд, ки номи шаҳрак (тобеи шаҳри Гулистон) Зарнисор шавад. Ин пешниҳод пазируфта шуд ва хурду калон мекӯшанд, ки шаҳракашон сазовори ин номи зебо бошад.
Таъсиси ширкат, пеш аз ҳама, масъалаи мубрами рӯз – бо кор таъмин намудани аҳолиро ҳал кард. Азбаски аксари мардум солҳои тулонӣ дар конҳои замони шуравӣ заҳмат мекашиданд, таҷриба ва малакаи хуб доштанд, ба кор ҷалб гардиданд. Оҳиста - оҳиста биноҳои куҳнаву фарсуда ва нимвайрона тармиму таъмир шуда, симои шаҳрак дилкаш гардид. Махсусан, бинои асосии ширкат, ки ба таври замонавӣ бунёд шудааст, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Чанде пеш ба Зарнисор сафари дурӯза доштам ва бори дигар бовар ҳосил кардам, ки тасмими таъсиси ин коргоҳи муштарак ниҳоят дурусту саривақтӣ будааст. Алҳол дар ширкат 2258 нафар тоҷикистониён ва қариб ҳазор нафар хитойиҳо аҳлона меҳнат мекунанд.
Бо бисёр коргарону мутахассисон вохӯрдам, ки аз гӯшаву канори мамлакат – шуруъ аз Душанбе, то Бадахшону Хатлон, аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд, дар ин ҷо заҳмат мекашидаанд. Онҳоро, пеш аз ҳама, маоши хуб ва шароити мусоиди кору истироҳат ба ин ширкату ба ин шаҳрак ҷалб кардааст.
БЕҲТАРИН АНДОЗСУПОРАНДА ВА ЭҲСОНКОР
- Ширкат соли гузашта қариб 3 миллиард сомонӣ даромад гирифт, ки аз ин 1,7 миллиарди он фоида мебошад, - гуфт зимни суҳбат муҳосиб Бирокия Азизова. – Табиист, ки ҳамаи уҳдадориҳои андозро пурра ба сомон расондем. Умуман, тули чаҳор соли охир пайваста «Ҷоиза барои беҳтарин андозсупоранда» дар ҷумҳурӣ насиби ширкати мо мегардад.
Ба қавли раиси шаҳраки Зарнисор - Шаҳло Шарифова маъмурияти Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрак ва шаҳри Гулистон доимо саҳм мегузорад.
- Дар шаҳрак се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст. Чанде пеш боми МТМУ №10 - ро, ки тамоман фарсуда шуда буд, ширкат пурра нав кард. Аз ҳисоби ширкат таъмири асосии ошёнаи якуми МТМУ №6 анҷом ёфт ва ба таъмири ошёнаи дуюм ҳам сар кардем. Ҳозир бо маъмурияти ширкат дар хусуси сохтани бинои нави мактаби №15 гуфтушунид бурда истодаем, - мегӯяд раиси шаҳрак. – Тавре мебинед, роҳҳои дохили шаҳрак валангоранд. Хушбахтона, роҳбарияти ширкат тасмим гирифт, ки 17 километр роҳҳои дохили Зарнисорро мумфарш созанд. Дасти хайри ширкат ба солхӯрдагон, ниёзмандон, беморон, ятимон ҳам мерасад.
САҲМИ БОНУВОН
Вақте ба бинои маъмурии ширкат ворид шудем, моро бонуи чеҳракушоде пазироӣ намуд, бо ному насаби Нодира Холова, ки масъули қабулгоҳ будааст. Аз суҳбат маълум шуд, ки ӯ зодаи Зарнисор буда, забонҳои хитойӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекиро медонистааст ва тарҷумонӣ ҳам мекардааст.
- Дар ширкати мо 295 нафар бону дар вазифаҳои гуногун фаъолият дорад ва дар пешрафту комёбиҳои коргоҳ саҳиманд. - гуфт Муҳаббат зимни суҳбат. – Хушбахтона, фаъолияти хуби маро ба назар гирифта, ширкат тасмим гирифт, ки барои такмили забони хитойӣ як сол ройгон ба Чин фиристад.
Дар ҳақиқат, бонувон дар ширкат хеле фаъоланд. Дар фабрикаи ғанигардонӣ ҳам кор мекунанду дар ошхона ҳам, дар бахшҳои муҳосибию иқтисодӣ, тарҷумонӣ, тиббию беҳдоштӣ низ аксар бонувон фаъол мебошанд.
- Муҳосибон Минера Утабова, Мунаввара Тоҳирова, иқтисоддон Бирокия Азизова, коргузор-тарҷумон Наргиса Суҳробова, тарҷумон Нодира Холова, сарошпаз Зайнура Мавлонова, табиби танзимгар Гулноз Офоқова ва даҳҳо бонувони соҳибкасбро ном бурдан мумкин аст, ки баробари иҷрои вазифаи хизматӣ дар ҳаёти ҷамъиятии коргоҳ ва шаҳрак фаъолона ширкат меварзанд, - мегӯяд котиби ҷамоати шаҳрак Ғозибой Яҳёзода. – Кумитаи иттифоқи касабаи ширкат, ки раисаш Ҳоҷимуҳаммад Салимзода аст, нисбат ба бонувони корманд таваҷҷуҳи хос дорад ва барои беҳтар кардани шароити кор ва истироҳат, ҳавасмандии онҳо доимо ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд