Танҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба воситаи гузаргоҳи гумрукии Кулма аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми бештар аз 11 ҳазор тонна молу маводи гуногун ворид гардид. Ба гуфтаи муовини аввали сардори раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ Абдураҳим Мирсайзод, маблағи молҳои воридшуда 22 миллион долларро ташкил дода, ҳаҷми гардиши мол ба замони то пандемия расид. Интизор меравад, ки бо васл гардидани крани борбардори магнитӣ, ки айни ҳол дастрас ва ба марз оварда шудааст, суръати боркашонии воситаҳои нақлиёт ва воридоти мол то се маротиба афзоиш пайдо кунад.
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ барои Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки ба воситаи роҳи нақлиётии автомобилии байналмилалӣ мустақиман ва бидуни мамониат бо Чин - калонтарин давлати содиркунандаи мол дар ҷаҳон муомилот кунад. Бо ин роҳ ба ҷумҳурӣ молу маводи ниёзи гуногун, аз ҷумла воситаҳои техникӣ, ки дар иншооти аҳамияти стратегӣ, ба мисли Роғун истифода мегарданд, ворид мешаванд. Ронанда Азизулло Табаров, аз шаҳри Ваҳдат, мегӯяд, ки вай барои боркашонӣ борҳо ба Чин аз тариқи масири Лахш - Саритош, ки аз ҳудуди Қирғизистон мегузарад, сафар карда буд. Вале роҳи мустақими автомобилгарди Душанбе – Хоруғ – Кулма, агарчи тулонитар аст, аз ҳар ҷиҳат бартарият дораду аксарияти ронандагон ва ширкатҳои тиҷоратии ватанӣ ин масирро барои интиқоли бор интихоб мекунанд. Мусоҳибам афзуд, ки солҳо боз дар ин масир барои як ширкати тиҷоратӣ бор мекашонаду шукргузор аст, ки бо ин васила ҳам ба мардум хизмат мерасонаду ҳам хонаводааш аз даромади хуб таъмин мебошад.
Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ ва меҳру дӯстӣ ташаббускори густариши муомилоти тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя гашт. Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҷалби сармоягузорону шарикони рушд роҳи байналмилалӣ, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Оғози сохтмони ин шоҳроҳи азимро ёд меорем. Дар мадди аввал сохтмони роҳи Кӯлоб - Дарвоз, ки бештар аз 20 сол идома дошту сокинон умед ва бовариро ба анҷом ёфтани ин роҳи ҳаётан муҳим аз даст дода буданд, аз сар гирифта шуд. Суханони Сарвари давлат: «Бо нохун ҳам бошад, ин роҳро месозем», илҳомбахши ҳамагон гардиданду коргарону мутахассисони зиёд довталабона ба сохтмони роҳ мерафтанд, сокинони деҳот бошанд, дар таъмини коргарон бо маводи ғизо саҳм мегузоштанд.
Моҳи январи соли 1999 нахустин мошинҳо ба воситаи роҳи Душанбе – Кӯлоб - Дарвоз ба Хоруғ расиданд ва аз оғози фаъолияти роҳи доимоамалкунандаи нақлиётӣ байни шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маркази ҷумҳурӣ башорат доданд. Ин ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сокинони вилоят буд. Зеро то ин дам бо фаро расидани сардиҳо ва боришоти барф дар ағбаи Хобу Рубот роҳ ба муддати чандин моҳ баста ва иртиботи нақлиётӣ бо маркази ҷумҳурӣ қатъ мегардиду бо кушодашавии роҳи нав сокинони вилоят аз бунбасти нақлиётӣ раҳоӣ ёфтанд.
Ҳукумати кишвар баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро бо идомаи сохтмони роҳҳо қадам ба қадам амалӣ мегардонд. Аз оғози фаъолияти ин роҳ чанд сол нагузашта, ба сохтмони роҳи байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иқдом шуд. Гурӯҳи мутахассисони роҳсоз аз маркази ҷумҳурӣ ба Мурғоб омада, дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи роҳро то ағбаи душворгузари Қулма омода намуданд. Идораи «Бадахшонроҳ» сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуди техникӣ ва танқисии молиявӣ ба сохтмони роҳ оғоз намуд. Коргарон ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, дар шароити иқлими душвори ин ҷо, ки бештари вақт ҳатто тобистон тундбоди сахт вазон аст, роҳ мекушоданд.
- Имкониятҳои давлатро дарк мекунем ва ба хотири ояндаи кишвару фарзандон бо маоши кам ҳам бошад, кор мекунем. Ин суханони яке аз коргарони роҳсози солдида, ки дар телевизиони маҳаллӣ садо дода, дар умум руҳияи роҳсозонро ифода мекард, намои ҳисси ватандӯстӣ ва заҳмати садоқатмандонаву боварӣ ба оянда буд. Кӣ медонист, сохтмони роҳ чанд сол тул мекашид, вале бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи имтиёзнок аз Бонки исломӣ дастрасу камбуди маоши коргарон ва таъминот бо техника бартараф гардида, роҳ дар муддаи кӯтоҳ сохта шуд. Моҳи майи соли 2004 убури мурури воситаҳои нақлиётии ду кишвар тавассути гузаргоҳи Қулма оғоз гардид.
Фаъолияти масири аҳамияти байналмилалӣ ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии сокинони вилоят таъсири мусбат гузошт. Гардиши мол тавассути ин гузаргоҳ ба пур намудани бозорҳои дохили кишвар бо молу маводи гуногуни ниёзи мардум мусоидат намуд.
Айни ҳол танҳо дар ноҳияи Мурғоб 16 ширкати сайёҳӣ расман фаъолият дорад, ки дар онҳо бештар аз 200 нафар сокини маҳаллӣ ба шуғл фаро гирифта шудааст. Дар маҳаллаи Якҷилваи ноҳия коргоҳи коркарди нуқра фаъол шуд, ки қадами нахустин дар роҳи саноатикунонии ноҳия маҳсуб мешавад. Дар ин корхона бештар аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо маоши хуб ва ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардид. Ноҳия аз сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо бой буда, ба 265 нафар иҷозатнома барои ҷамъоварии сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва дар чор маҳал иҷозатнома барои ҷамъоварии тиллои пошхӯрда дода шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия нуқтаи хариди сангҳои гаронбаҳо ва металлҳои нодир фаъолият дорад.
Воридот аз ҳисоби фаъолияти чорвопарварӣ, саноатӣ ва хизматрасонӣ манбаи асосии даромади дохилӣ ба буҷети ноҳияро ташкил медиҳанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар канори масири байналмилалӣ ошхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва нуқтаҳои зиёди фурӯши сӯзишворӣ арзи вуҷуд намуданд, ки соҳибонашон аз ҳисоби хизматрасониҳои гуногун ба ронандагону мусофирон суд ба даст меоранд.
Ба шарофати иртиботи нақлиётии мустақим бо Чин ва рушди саноати дохилӣ Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. Бунёди пулҳо бар фарози рӯди Панҷ имкон доданд, ки кишвари ҳамсояи Афғонистон аз Тоҷикистон семент ва аз Чин бо истифодаи транзит аз масири ҷумҳурӣ анвои гуногуни молу мавод ворид созад…
Кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон низ хоҳони истифодаи транзитӣ аз масири нақлиётии байналмилалӣ байни Тоҷикистону Чин гардид. Ӯзбекистон 2 ҳазор автомашинаҳои нави калонҳаҷми борбар ва булдозерҳоро тибқи қарордод бо Ҳукумати кишвар ба воситаи гузаргоҳи марзии Қулма ба қаламрави худ ворид месозад.
Тоҷикистон имрӯз ба кишвари транзитӣ барои кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Мурғоб