Зеро фаъолиаш дар дарсҳои адабиёту забон ва пинҳон доштани шеърнависиаш муаллими фанро умедвор карда буд, то шогирдаш пушти пешаи ӯ хоҳад рафт. Омӯзгори фанни мусиқӣ аз сурудхонию дафзанӣ ва саҳнаороиҳои Гулбаҳор ба ваҷд меомаду хулосааш ин буд, ки ӯ ҳатман роҳи ҳунарро пеш мегирад. Дар маҳфилу озмунҳо сари ҳар вақт ширкат дошт ва бо шашмақомхонӣ миёни ҳаммактабиён ном бароварда буд.
Ва ин интизориҳоро устоди фанни риёзӣ Назаров ҳам дошт. Ҳамеша дар вақти дарс дастболо буд, то андозае, ки баробари дар тахтаи синф навиштани мисол ё масъала Гулбаҳор ҳалли онро ба муаллим пешниҳод мекард.
– Ҳама интизориҳои устодони мактабро ҷавоби мусбат гирифтани хостгоронам аз ҷониби волидайнам ба истилоҳ «бар бод» дод. Ёд дорам, ки муаллимони мактаб чӣ қадар аз падарам илтиҷо мекарданд, то ба тамдиди таҳсилотам дар макотиби олӣ монеъ нашаванд, – мегӯяд Гулбаҳор.
Падар, ки истеъдоди фавқулодаи ҳозирҷавобии духтарашро зиёдтар аз дигарон эҳсос менамуд, дар як кунҷи дил аз тасмими гирифтааш нисбат ба оиладоршавии Гулбаҳор нороҳат буд. Вале дӯсти қадрдонаш ба нею нестонаш гӯш додан намехост. Гапаш якто буд: «То духтаратро ба келинӣ нагирам, аз пушти дарвозаат қадаме ба қафо намезанам…».
Қиблагоҳаш пеши хостгорон шарт гузошт, ки барои идома додани таҳсили Гулбаҳор монеъ нашаванд. Ӯ илоҷи «халосӣ» - ро аз хостгорони духтараш дар ин тасмим медид. Ба шарти гузоштаи падар хостгорон таслим гардиданд ва розӣ шуданд, то ваъдаи ба мактаби олӣ дохил кардани ӯро диҳанду аз он сар напечанд.
– Волидони шавҳарам ба ваъдаашон вафо карданд ва барои давом додани таҳсил маро дастгирӣ намуданд. Соли 1993 шомили факултаи муҳосибот ва аудити техникуми молияи ноҳияи Бохтар шудам ва ҳамзамон фаъолияти кориамро аз шуъбаи амалиётии «Агроинвестбонк» оғоз кардам. Баъдтар ба ҳайси муҳосиб чор сол дар бонки мазкур фаъолият бурдам. Бароям дар як замон ба тартиб овардани корҳои рӯзгордорӣ ва ҳам таҳсилу кор дар муассиса хеле мушкилӣ дошт. Кӯшиш мекардам, то дар ҷойи кор аз роҳбарият танбеҳ нагирам, дар хона бошад, хидмати хусуру хушдоманро шоиста ба ҷо орам. Оромӣ надоштам, ҳамеша дар ҳаракат будам, – иқрор меояд Гулбаҳор.
Гулбаҳор аслан ҳаваси бар дӯш гирифтани боз як масъулияти дигареро надошт, зеро гоҳе аз танқисиҳои рӯзгор лаб зери дандон мекарду босабру тоқат рӯзҳои ба қавле «осоишта» - ро интизор мешуд. Аммо чун барои ба кор қабул шудани мутахассисони ҷавон ба филиали дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи «Агроинвестбонк» гӯшбохабар гардид, ба истилоҳ «бахташ» - ро қасди озмудан кард. Ва дар озмун муваффақ шуду аз роҳи интихобкардааш пас нагашт. Ӯ чунин иброз медорад: «Сари танӯр то пухтани нон ва сари дегдон то омода шудани хӯроки шом чанд саҳифа китоб мехондам, ки омодагӣ ба дарсу имтиҳонот гирам. Замони ҷамъбасти давраи ҳисоботӣ ҳолате буд, ки кӯдаки хурдсоламро бо худ ба корхона бурдам ва то соати 10 - и шаб ҳуҷҷат таҳия кардам. Шабҳои бехобиро дар зери чароғи карасинӣ, ки барои тайёр намудани ҳисобот пушти сар мекардам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам. Зани шавҳардорро саҳл нест, ки мушкилбардӯш фидоии касб гардад, хусусан дар риштаи муҳосибот. Табиист, ки шавҳару фарзандон новобаста аз он ки зан-модар коргар аст, аз ӯ меҳрубонӣ, нигоҳубин ва муҳаббати самимиро интизор мебошанд. Агар ин чизҳоро бонуи хонадон ба онҳо муҳайё насозад, нишоне аз устувории оила нахоҳад монд».
– Кор дар муҳосибот нозукиҳои зиёд дорад ва хеле мушкил ҳам ҳаст, – мегӯяд мусоҳибам ва меафзояд:
– Муҳосибро рӯҳу асаби ором метавонад дар ин ришта муваффақ созад. Дар муҳосибот сифр ҳеҷ аст, вале бо илова гардидани як сифр ба ҳисобот ва ё баръакс, тамоми кори муҳосиб барабас меравад. Вале бо ҳама мушкилҳояш касбамро дӯст медорам. Агар гоҳе аз ноомадии кор рӯҳафтода шавам ҳам, вале ҳолатҳои дилхушкунандаро дар давоми фаъолиятам дар иҷрои вазифаам кам надидаам. Дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати боло бурдани мартабаи зан дар ҷомеа ва сазовор донистани роҳбарият бо мукофоту ифтихорномаҳо боиси болидарӯҳӣ ва дилгармӣ ба корам мешавад.
Гулбаҳор Худойдодзода соли 2002 ба риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дохил шуда, ин даргоҳро соли 2007 бомуваффақият хатм намуд. Баъди дарёфти таҳсилоти олӣ ба идораи молияи вилояти Хатлон сармутахассиси шуъбаи ҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит таъйин гардид. Ӯро аз соли 2009 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳайси мудири шуъбаи молия ва хоҷагии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъйин намуданд.
Шавқмандӣ ба касб ё ҳунареро Гулбаҳор Худойдодзода ирсӣ медонад. Ба андешаи ӯ ҳар соҳибҳунар ё пешаварро истеъдоди табиии ба истилоҳ «дар хунбуда» метавонад кумак расонад ва муваффақ шудан барои ин ашхос дар фаъолият осонтар аст. Ӯ шояд ин таҷрибаро дар хонаводаашон дарк кардааст, ки падар ва нуҳ хоҳару бародар ҳама дар самти иқтисод балад мебошанд ва айни замон фарзандаш Қурбон пешаи мазкурро касб намудааст.
Ӯ лаҳзае пас аз шикастани яхи хомӯшӣ бо табассуми малеҳ гирди лаб хотираи аҷиберо дар фарҷоми суҳбат ба ёд овард:
- Модарам чандон саводи ҳисоб карданро надоштанд. Пулшуморӣ шуғли писандидаам буд. Падарам молиячӣ буданд, ҳамин ҳиссиётамро шояд дарк мекарданд, ки аслан шумурдани маблағҳояшонро ба ман вомегузоштанд. Хазинадори падар будам…
Қутбияи Неъматулло