Ана, ҳамин эҳсоси кунҷкобӣ муҳаббаташро ба соҳаи иқтисод афзун мекард. Барои мукаммал гаштани дониш бештар фанҳои дақиқро меомӯхт, бо омӯзгорон саволу ҷавоб мекарду дар гирифтани посухҳо ба пурсишҳояш истодагарӣ зоҳир менамуд.
Пас аз хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ тасмим гирифт, то баҳри амалӣ гаштани орзуҳояш ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (пештара Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин) супорад. Падар, ки худ соҳибмаърифат буд ва барои донишандӯзии фарзандон ҳамеша иқдом менамуд, аз интихоби Моҳира шод шуд ва фотиҳааш дод, то дар ин ҷода муваффақ гардад. Соли 1988 давраи донишҷӯӣ ба поён расиду Моҳира Нарзуллоева барои оғоз намудани фаъолияти касбӣ ба ҳайси мутахассиси шуъбаи муҳосиботи Идораи молияи шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард.
- Рӯзи 1-сентябр аз рӯзҳое буданд, ки ман аз замони хурдӣ бесаброна интизораш мешудам ва хуш истиқбол мекардам. Субҳи ин рӯзи бароям муборакро соли 1988 бо дили «ғамгин» пешвоз гирифтам. Танҳо хотираҳои давраи кӯдакӣ ва ҷавонӣ дар он лаҳзаҳо маро ҳамдам буданду бас. 5 - сентябри ҳамон сол нахустин рӯзи кориам буд, ки то имрӯз фаромӯш накардаам. Миёни кормандони бо синну сол гуногун дар як ҳуҷраи корӣ, ки ҳама саргарми ифои вазифаи худ буданд ва якбора баҳсҳову мунозираҳо сари масъалаҳои корӣ бармехесту дар ин авзоъ ман худро дар издиҳоме медидам. Хуллас, он ҳама дарс буданд, барои мане, ки акнун ба кор оғоз кардааму ниёз барои пайдо кардани маҳорати касбӣ доштам, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Воқеан, кори собиқадорони идораи мазкур барояш мактабе буд, ки Моҳира дар он чун оҳан обутоб ёфт ва дар ҷодааш соҳибкасб гардид. Аз сахтгириҳои сармуҳосиби вақтии Департаменти молияи шаҳри Душанбе Раиса Юлдошева, ки ӯро устод дар пешааш мешуморад, миннатпазирона ёдоварӣ намуда, чунин гуфт:
- Вақте аз Раиса Юлдошева роҷеъ ба масъалаи корӣ суол мекардам, қабл аз ҷавоб додан чунин мегуфт: «Ту мактаби олиро хондаӣ…» Ва баъдан посух ба саволам медод. Аз ин сахтгириҳо рӯҳафтода намешудам, баръакс, кӯшиш менамудам, то минбаъд дар байни ҳамкорон худро фаъол нишон диҳам. Акнун дарк кардам, ки ҳама он натиҷаҳои сахтгириҳои меҳрубононаи Раиса Юлдошева ва дигар устодонам буданд, ки нозукиҳои соҳаро омӯхтам ва дастуру усули корбариашонро дар амал татбиқ намудан дорам. То ҳанӯз ба азми сайқал хӯрдани донишам ҳамеша дар такопӯ ҳастам.
Дар ҷодааш муваффақ ҳам шуд, ба истилоҳ имтиҳонаш ҳам намуданд, ки бад – ин васила ҳирфаӣ буданашро собит намуд. Чӣ тавр? Боре Раиса Юлдошева ва муовинаш ба рухсатии меҳнатӣ рафтанд ва кори шуъба ба пуррагӣ ба дӯши Моҳира уфтод. Ӯ медонист, ки бо ғалат шудани як рақам кораш ба тамом ғалат шавад. Аз ин лиҳоз, сайъ менамуд, то ба иштибоҳ роҳ надиҳад. Ҳуҷҷатҳоро ҳамагӣ омода карду ба сардор пешниҳод намуд. Кори ба анҷом расонидааш қобили қабули роҳбарият гардид ва кормандон саривақт бо маош таъмин гардиданд. Ӯро соли 1991 ба вазифаи сармуҳосиби шуъбаи молияи ноҳияи И. Сомонӣ (пештара ноҳияи Октябр) таъйин карданд. Баъдан соли 1997 сардории шуъбаи хазинадори ноҳияи мазкурро ба уҳдааш вогузоштанд.
- Вақте аз ҷониби роҳбарият маро барои гирифтани унвони Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, хурсандиамро ҳадду канор набуд. Аз қадршиносиашон миннатдор будам ва ифтихор доштам, ки сазовори боварии атрофиён ҳастам, - бо хушнудӣ он лаҳзаҳоро ёд мекунад Моҳира Нарзуллоева.
Бале, беҳтарин подош барои шахс ин қадрдонӣ шудани меҳнат ва заҳмати инсон мебошад. Моҳира Нарзуллоева айни ҳол ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи бақайдгирии хароҷотҳо ва маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллии Раёсати хазинадори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе фаъолияташ дорад. Ӯ хушҳол аст, ки то имрӯз чун устодонаш дар самти фаъолият шогирдони зиёдеро кор меомӯзонад ва байни онҳо соҳибэҳтирому муътабар гаштааст. Таҷрибаи андӯхтаи 27-солааш дар ин ҷода Моҳира Нарзуллоеваро дар ҳалқаи ҳамкорон соҳибэҳтирому иззатманд кардааст ва имрӯз мутахассисони ҷавон аз ӯ ҳамчун шахси кордону соҳибкасб маслиҳат мепурсанд ва бо ӯ машварат меороянд.
Аноҳито Неъматуллоева