Ба иттилои раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар 286 корхонаи хурду миёна ва ширкатҳои ҳудуди вилоят дар давоми соли гузашта ҳаҷми корҳои иҷрошуда 128 миллион сомониро ташкил дода, ба буҷети давлат 22 миллион сомонӣ андоз ворид гардидааст. Вале, тавре аз омори расмӣ бармеояд, бештари ин корхонаҳо ва ширкатҳо асосан ҶДММ-ҳое ҳастанд, ки дар соҳаи хариду фурӯш ва хизматрасонӣ тахассус дошта, корхонаҳои истеҳсолӣ 42-то ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳангоме ки сухан дар бораи занони соҳибкори муваффақ дар истеҳсолот меравад, аз бонувони ангуштшумор, ба мисли Нигина Ватанбекова, сарвари ҶДММ „Авитсенна“, Маърифат Неъматова, сарвари корхонаи дӯзандагии „Меҳри модар“, Некбахтсултон Давлатмамадова, сарвари ҶДММ „Нури бахт“, Баҳор Мародалиева, сарвари ҶДММ „Табиати сабз“, Марҳаматнисо Атобекова, сарвари ҶДММ „Нисо“ ва чанд тани дигар аз бонувоне, ки бо сехҳои хурди дӯзандагӣ ва бофандагӣ дар ноҳияҳо фаъолият доранд, ном мебаранд.
– Олами набототи Бадахшон бою рангин буда, зиёда аз 240 намуд рустаниҳои шифоӣ дар ин ҷо мерӯянд.Табиат на танҳо бо зебоӣ ва рангҳои дилрабову бӯйи хушу муаттари хеш илҳомбахши инсон аст, балки дар ҳар гиёҳи рӯйи замин асрори шифобахш ниҳон буда, вазифаи инсон кашфи ин асрор ва ба нафъи хеш истифода бурдан аз он аст, –мегӯяд роҳбари ҶДММ „Авитсенна“ Нигина Ватанбекова.
Ба мақсади тайёр намудани доруворӣ аз сарватҳои табиӣ ин бонуи кордон корхона таъсис дода, айни ҳол аз рустаниҳо ва меваҷот 42 намуд даво ба мизоҷон пешкаш менамояд. Дар оғози фаъолият ҳамагӣ 4 намуд доруворӣ аз рустаниҳои шифоии Бадахшон истеҳсол мешуд. Вале мардум ҳар чӣ бештар фоидаи доруи аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахшро дарк намуда, ба атои табиат рӯ меоваранд ва вобаста ба афзоиши талабот корхона истеҳсоли намудҳои маҳсулотро афзоиш ва бозорашро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он густариш дод. Дар сардиҳои моҳи январ ва аввали феврал бо хурӯҷи бемориҳои зуком ва шамолхӯрӣ дидан мумкин буд, ки мизоҷон асосан доруи аз ширинбия ва алоэи бо асал омехта, ки дар „Авитсенна“ тайёр мешавад, истифода мебурданд. Бонувон ҳамеша ҷавон ва зебо будан мехоҳанду ба хотири ранг намудану пардоздиҳии рӯйю дастонашон ба малҳамҳои молиданӣ ниёз дошта, пулро дареғ намедоранд. Корхонаи Нигина аз гиёҳҳои шифоӣ тайёр намудани малҳамҳои гуногунро ба роҳ мондааст, ки ҳам ба ҳусн ва зебоии бонувон ҷило мебахшанду ҳам ба саломатиашон фоидаоваранд.
Нигина ҳанӯз кам будани корхонаҳои истеҳсолиро дар вилоят ба мушкилоти дарёфти қарзи имтиёзноки бонкӣ ва маҳдуд будани бозору дар бисёр маврид рақобатпазир набудани мол дар баробари маҳсулоти воридотӣ марбут медонад. Соли гузашта аз фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 5 нафар соҳибкор ба мақсади рушди истеҳсолот ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дарёфт намуд. Аз аввали ташкилшавии фонд 18 лоиҳа ба маблағи 8, 9 миллион сомонӣ дар вилоят дастгирӣ гардида, соҳибкор чунин мешуморад, ки таъсиси филиали он ба дастгирии ҳар чӣ бештари соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.
Грантҳо бояд мақсаднок истифода шаванд
Ба мақсади дастгирии занони соҳибкор ва бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин намудани онҳо дар давоми 7 соли охир аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35 соҳибкорзан ба маблағи бештар аз 900 ҳазор сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо гардиданд. Аммо тавре дар мулоқоти раиси вилоят бо соҳибкорон зикр шуд, мақомоти тафтишотӣ ошкор сохтанд, ки на ҳамаи грантҳо мувофиқ ба мақсадҳои дар лоиҳа нишондодашуда истифода гардида, чунин ҳолатҳо дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шуданд. Дар як-ду маврид ба номи занони соҳибкори вилоят афроде грант гирифтанд, ки умуман дар қайди ҷойи истиқомат, яъне дар ҳудуди вилоят набудаанд. Пурзӯр гардидани назорат аз рафти истифодаи мақсадноки грантҳо ба он мусоидат кард, ки истифодаи мақсадноки грантҳо таъмин ва садҳо бонувони хонашин корёб шаванд.
Бе назардошти ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо дар вилоят бештар аз 20 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Ба гуфти мутахассиси раёсати амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ Манзура Барзудҷиева дар шароити рушди боғдорӣ ва зироаткорӣ дар Бадахшон барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияи замонавӣ шароити хуб мавҷуд аст. Аммо айни ҳол танҳо 0, 3 фоизи меваҷот ва 0, 5 фоизи сабзавоти дар ҳудуди вилоят истеҳсолшаванда коркард мешаванд. Вақтҳои охир бо ёрии фонди дастгирии соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди вилоят рӯ ба афзоиш овардааст.
Бренди тоҷикӣ дар қуттии истеҳсоли чинӣ
Соҳибкор Баҳор Мародалиева, ки фаъолияташро бо пешниҳод намудани хокаи тутмавиз дар бастаҳо ба мизоҷон оғоз намуда, маҳсулоти хушсифаташ содирот ҳам мешавад, айни ҳол ба тайёр намудани шарбати холис аз мева ва сабзавоти ҷойдорӣ тахассус пайдо карда, бо бренди „Табиати сабз“ ба бозор роҳ меҷӯяд. Ба гуфти соҳибкор, барои ҷалби харидор дар баробари сифат намуди зоҳирии мол муҳим буда, дар ҷумҳурӣ имконияти бо фармоиши соҳибкор дарёфт намудани қуттии хушсифат ва арзони полиэтиленӣ барои шарбат душвор аст. Ин аст, ки ӯ мисли соҳибкорони дигар маҷбур мешавад қуттиҳоро дар шаҳри Урумчии Чин фармоиш диҳад, ки ҳам сифати баланд доранду ҳам арзонанд. Соҳибкорон маҷбуранд бо роҳи даврӣ ба воситаи хатсайри Душанбе-Урумчӣ бо масрафи зиёд ба Чин сафар кунанд.
Ба гуфти Манзура Барзудҷиева, мутахассиси раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, аксар бизнес-лоиҳаҳое, ки ба мақсади дарёфти грант ба раёсат пешниҳод мешаванд, ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ марбут буда, рушди соҳибкории истеҳсолӣ корчаллонӣ, ташаббус ва назари фарохтар мехоҳад. Солҳои охир корхонаҳои хурди истеҳсоли хишт аз семент, коркарди чӯб ва аз варақи тунука тайёр намудани тунукаи андоза ва ҳаҷму шакли гуногун таъсис ёфтанд, вале имконияти соҳибкории истеҳсолии хурд ҳанӯз пурра истифода намешавад. Барои мисол, ҳанӯз ҳам соҳибкорон тонна-тонна мехи андозаи гуногунро ворид месозанд, ҳол он ки дар кишвари ҳамҷавор ин мехро бо истифода аз таҷҳизоти ҳаҷман хурд як нафар соҳибкор дар шароити хона истеҳсол менамояд ва чаро нафаре аз соҳибкоронамон иқдом намекунад, ки чунин таҷҳизотро ба вилоят ворид ва истеҳсоли мехро ба роҳ монад.
Соҳибкорони маҳаллӣ барои рушди истеҳсолот ба дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳояшон аз ҷониби давлат ва истифодабарандагони мол ниёз доранд. Ба гуфтаи масъулини ҶДММ „Шири кӯҳистон „ онҳо бо масрафи маблағи зиёд ва фароҳам сохтани шароит ба истеҳоли маҳсулоти ширии ҷавобгӯ ба талаботи стандарт пардохтанд. Вале воридоти маҳсулоти ширии пастсифат ва арзони кишварҳои ҳамҷавор ба бозорҳои шаҳру вилоят тиҷораташонро рақобатнопазир гардондааст. Таври мисол, мутахассисони соҳаи беҳдоштии вилоят дар нашрияҳои маҳаллӣ борҳо дар бораи шири „Таранг“, ки дар қуттиҳо ба харидорон пешкаш мегардаду бинобар дар таркибаш ҷой доштани моддаҳои хатарноки кимиёӣ солҳо вайрон намешавад ва ба саломатӣ зараровар аст, навиштанд, аммо ин маҳсулот ҳамоно аз марз мегузараду дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон озодона ба фурӯш бароварда мешавад.
Нигина Ватанбекова тасмим гирифтаст, ки дар баробари тайёр намудани маҳсулоти доруворӣ аз рустаниҳои шифоии Бадахшон рӯзҳои наздик истеҳсоли сӯзан барои доругузарониро дар корхонааш ба роҳ монад. Ба гуфти ин бонуи ташаббускору созанда сохтани мошинолоту таҷҳизоти дигари мураккаб ҳанӯз вақти зиёд мехоҳаду соҳибкорони маҳаллӣ бояд аз истеҳсоли меху сӯзан сар кунанд ва барои дар бозори дохилӣ мавқеи устувор пайдо намудану муваффақ шудан бо масъулияту боварӣ ва саъю талоши зиёд амал намоянд, зеро ҳамаи корҳои бузург аз ташаббусҳои хурд оғоз мегиранд.
М. Ҷалол