Деҳаи Рарз бо табиати афсункору обу ҳавои накҳатомезаш яке аз мавзеъҳои хушманзараи ноҳияи Айнӣ ва водии Зарафшон ба ҳисоб меравад. Шояд табиати афсонавӣ ва насими рӯҳбахши дарёи пуртуғёни Зарафшон дар замири мардуми ин диёр ҳанӯз аз овони хурдсолӣ муҳаббат ба шеъру сухану одамият ва нексириштиро ҷо карда, ки аз як деҳаи хурди кӯҳистон садҳо арбобони илму фарҳанг, муҳандисон, табибон, шоирону нависандагон, соҳибкорон, омӯзгорон ба воя расидаву имрӯз дар Тоҷикистон ва берун аз он бо дониши мукаммалу таҷрибаи хеш номбардори ватананд. Дар шаҳри Новосибирск дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби тоҷикони фаъоли минтақаи Сибир баргузор гардид, бо Моҳбону Маҳкамова шинос гардидам. Аниқтараш моро Муҳаммадӣ Давлатов, ки ҳамчун намояндаи таҷрибадору корозмудаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки дар Русия солиёни зиёд ифои вазифа намудааст, шинос кард. Моҳбону ва бародари бузургаш Раҳимҷон Маҳкамов аз он шоданд, ки метавонанд дар миёни дигар миллатҳо худро бо расму оину парчаму идҳои миллӣ чун миллати пешрафтаву соҳибтамаддун ошно созанд. Баъди чанд моҳ мо боз бо ҳам вохӯрдем ва ба қаҳвахонае, ки „Тоҷикистон“ ном дошту аввалин муассисаш Моҳбонуву шавҳараш буданд, даромада, сари як пиёла чои кабуди тоҷикӣ суҳбатамон тасфид. „14 сол аст, ки дар Новосибирск ба сар мебарем. Хеле мехостам духтур шавам, зеро ин орзуи худаму волидонам низ буд. Мактаби рақами 3-и деҳаи Рарзро бо баҳои аъло хатм карда, ба коллеҷи тиббии рақами 1- и Душанбе дохил гардидам. Соли 1994 баъди хатми коллеҷ мехостам ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавам, аммо ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи умедҳоямро барбод дод“, –гуфт Моҳбону сарашро ҷунбондаву каме оҳи сабук кашида. –Чун айёми мушкиливу даргириҳо буд, бо хости волидонам ба шавҳар баромадаму ба Қӯрғонтеппа кӯчидам. Соли 2003 бо ҳамроҳии шавҳарам ва писарчаам Фирдавсҷон ба Новосибирск омадем“.
Ӯ ба ман менигараду бо табассум мегӯяд: „Шумо, рӯзноманигорон, як саволи маъмул доред, ки оё душвор набуд дар мулки дигар бо кӯдаки сари дасту дур аз ёру диёр. Душвор буд, вале моро волидонамон чунон тарбия дода буданд, ки ҳеҷ гоҳ аз душвориҳо натарсем, рӯҳафтода нашавем, зеро шайтон ноумед аст, банда ҳамеша ба умед зинда аст. Мо дар оила 9 нафар будем. Падари меҳрубону насиҳатгарамон Исмоил Маҳкамов, ки умре муҳандиси фаъолу пешқадам ва вакили вилоятӣ буданд, моро бо меҳр ба воя расонданд, бо нони ҳалол.То ҳоло ёди овони кӯдакиву рӯи шоҳсуфа, гирди як дастархон чамъ омаданҳоямону хӯрокҳои бо муҳаббат пухтаи модари оқилаву рӯзгордидаамон Шаҳрибону Маҳкамова (хӯроки дӯстдоштаам оши палову фасли дӯстдоштаам тобистон аст ва табассум мекунад, шояд барои он, ки ҳам дар зодгоҳам ва ҳам дар Новосибирск фасли тобистон хеле кӯтоҳ аст), насиҳатҳои судманди падари раҳнамоямон пеши рӯ меоянду дилам гум мезанад. Ба ёди остони хонаи падар, ба ёди як пора нони гарми модар, ба ёди беғамиҳои овони кӯдакӣ, ба ёди як силаи дастони аз меҳнат шахшӯли модари меҳрубонам. Солҳои дар Қӯрғонтеппа зистанам, дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав, дар бахши забонҳои хориҷӣ таҳсил кардам.Чи тавре ки Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, барои ҳар яки мо донистани забони хориҷӣ ногузир аст. Имрӯз, ки ба ҳайси сарвари ширкат фаъолият дорам, дар аснои кор бо намояндагони бисёре аз миллатҳо ҳамкорӣ дорем ва шукр мегӯяму хушбахт аз онам, ки забони англисиро аз худ кардаам, ки дар пешрафти корамон аҳамияти калон дорад. Дар Новосибирск курси махсуси муҳосибиро хатм кардам ва инак 8 сол аст, ки ба ҳайси директори ширкати „ДФД“ фаъолият дорам. Ширкати мо асосан ба марказҳои бузурги савдои Новосибирск маводи хӯрока ва инчунин меваҳои хушку тари Тоҷикистони азизро дастрас мекунад, зеро онҳо аз ҷиҳати таъму лаззат ва тозагии экологӣ назир надоранд ва талабот ба онҳо хеле зиёд аст. Мо аз ёру диёр дурем, вале ягон лаҳза бе ёди Тоҷикистони ба ҷон баробарамон нестем. Гарчанде фарзандонам -Фирдавсҷону Анжели дар мактаб бо забони русӣ мехонанд, мо ҳамеша дар хонадон бо лафзи ширину поку ноби тоҷикӣ, ки забони шеъру ғазал мебошад, суҳбат мекунем. Шояд Шумо мушоҳида кардед, ман хеле ва хеле бо тоҷик буданам ифтихор дорам ва ин ҷо бисёриҳо тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибтамаддун медонанду эҳтироми бузург доранд. Дар зани тоҷик устувориву сарбаландиву бурдбориву вафодориву забономӯзиву касбомӯзиро меписандам. Агар модар таълимдидаву бомаърифат бошад, метавонад фарзандони бомаърифату ободкори ҷомеаро тарбия карда ба воя расонад. Падар бо рафтору кирдори некаш метавонад намунаи ибрати фарзандон бошад. Ба андешаи ман, беҳтарин тарбия ин тарбияи шарқиёна ё ба қавле тоҷикона аст, ки дар он эҳтироми бузургсолорон дар мадди аввал меистад. Аз модари бузургам ҳунари чеварию кадбонугиро, инсондӯстиро омӯхтаам, аз падари масъулиятшиносам меҳнатдӯстиву аз мушкилиҳои рӯзгор наҳаросидану пешрав буданро омӯхтаам.
Имрӯз панҷ хоҳару бародар дар Новосибирскем, вале ҳамеша қалби мо бо Тоҷикистони азиз аст ва мо тасмим дорем дар Ватан бо расидани аввалин фурсат ягон корхонаи коркарди меваю сабзавотро барои истеҳсоли шарбатҳои табиии Тоҷикистон роҳандозӣ кунем, зеро талабот ба меваҳои шаҳдбори Тоҷикистони азиз, ба шарбатҳои табиии ватаниамон, ки ба қавле витамини аслӣ ҳастанду аз обу хоки муқаддасу гуҳарбезу шифобахши диёри офтобиву сарчашмаи обҳои мусаффо нумӯъ гирифтаанд, хеле дар ин ҷо зиёд аст.
Мо суҳбаткунон ба автомашинаи худрави Моҳбону мешинем ва роҳ ба сӯи коргоҳи ӯ мегирем. Дар деворҳои ҳуҷраи кории барҳавояшон расмҳои кӯлу дарёҳои нуқрафоми Ватан, манзараҳое, ки табиати зебои Тоҷикистонро таҷассум мекарданд ва сӯзаниҳои тоҷиконаи водии Хатлону Зарафшон диққати касро ба худ ҷалб мекарданд.
Дар ҷевон ифтихорномаву мукофотҳои зиёде, аз қабили нишони „Роҳбари беҳтарини сол“, „Ғолиби озмун“, „Беҳтарин модар“ ва дигар мукофотҳо бо тартиби муайян чида шуда буданд, ки ҳамаи онҳо гувоҳи кордониву масъулиятшиносии Моҳбону Маҳкамова ҳастанд. Дар баробари фарзандонам Фирдавсу Анжели духтарчаи русеро, ки баъди се моҳи таваллудаш модараш Марина ба бемории саратон печид, бо номи Василиса тарбия дорам.Зеро модараш пайваста барои муолиҷа дар хориҷ аст ва вақте ба аёдати духтараш меояд, шод аст, ки Василиса бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанаду тарбияи тоҷикона гирифта истодааст. Хушбахтам, ки бо ҳамроҳии шавҳарам фарзандонамонро тарбияи тоҷикона дода истодаем, писарам ҳамчун гӯштингир ва шоҳмотбози беҳтарин ғолиби чандин мусобиқаҳои калон асту ифтихор дорад, ки тоҷик асту мехоҳад чун ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик дастболо гардад.
Донаҳои боқимондаи марворидҳои суханро бо ин бонуи сарбаланди тоҷик, ки тавонистааст бо донишу кордониву тарбияи хубаш дар минтақаи Сибир мавқеъ ёбад, ба риштаи меҳр ҷо мекунаму ифтихоре ноаён қалбамро лабрез мекунад, ки шояд дар рӯи дунё кам бошад бонувоне ба мисли бонувони асили тоҷик, ки бо вуҷуди бо амри тақдир дур будан аз ёру диёр маҳз аз рӯи меҳру садоқату тарбияи волидони накуном, аз рӯи эҳтирому пос нигоҳ доштани забони поки тоҷикӣ дар он дуриҳои дур ҳам кохе сохтаанд, ки обу гили тоҷикона дорад, ҳавои тоҷикона дорад, муҳаббату покизагиву зеборӯзгории тоҷикона дорад.
Садбарг БОҚИЕВА,
Душанбе-Новосибирск.