Вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ талаб менамояд, ки ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар пешниҳод карда шаванд.
Аз паём
– Муҳтарам Нигина Анварӣ, мехостем суҳбатро дар атрофи фаъолияти меҳварии кумита - ҷалби сармоягузорон ва вазъи воқеии сармоягузорӣ дар кишвар бичархонем. Аввалан мегуфтед, ки имрӯз то чӣ андоза дар кишвар фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам аст?
– Пеш аз ҳама бояд ёдовар шавем, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини шуғли аҳолӣ, тараққиёти истеҳсолоти ватанӣ ва дар маҷмӯъ таъмини рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Бо дарки амиқи ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ эълон намуда, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро ҳамчун мақоми ваколатдор ҷиҳати ҷалби сармоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ таъсис додааст.
Айни замон аз ҷониби Кумита ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва содагардонии танзими фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ як силсила ислоҳоти муҳим гузаронда мешавад. Бо ташкили майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи баланд ислоҳот дар самти содагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, санҷишҳои фаъоли субъектҳои соҳибкорӣ, андозбандӣ, танзими расмиёти тиҷорати беруна, таъмини ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорону сармоягузорон, ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ гардида истодаанд. Ислоҳоти қонунгузории баамаломада имкон дод, ки пойгоҳи ҳуқуқии соҳа мукаммал гардад. Дар баробари ин, ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, бахши сохтмон, сайёҳӣ, суғурта, бозори қоғазҳои қиматнок, бахшҳои саноат ва рушди истеҳсолоти миллӣ, бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, бахши энергетика ва нақлиёт амалӣ мегарданд. Бо назардошти корҳои амалишудаву идомадошта метавон гуфт, ки ҳоло дар кишвар шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ фароҳам аст. Бо сарбаландӣ ва ифтихори беандоза ёдовар мешавам, ки комёбиҳои ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, ки Тоҷикистон солҳои 2010, 2011 ва 2015 се маротиба ба қатори 10 беҳтарин кишвари ислоҳотгари ҷаҳон дар самти иқтисод ворид гардид.
– Чанд дарсади буҷаи кишвар аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоя ғанӣ мегардад?
– Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ як қатор корхонаҳои хурду бузург таъсис дода шуданд, ки бо фаъолияти пурсамар дар ғанӣ гаштани буҷети давлат саҳм мегузоранд. Саҳми бахши хусусӣ дар тавлиди маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон сол ба сол афзуда, қариб 70 фоизро ташкил медиҳад. Имрӯз бахши хусусӣ 67 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро бо ҷойи кор ва 78 фоизи пардохтҳои андозиро ба буҷети давлат таъмин менамояд.
–Ҳамкориҳои Тоҷикистон дар бахши сармоя бо шарикони рушд - кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон чӣ гуна аст?
– Ҳоло бо шарикони рушд 69 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 2,8 миллиард доллари ИМА дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ дар асоси созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ амалӣ шуда истодааст. Соли 2016 бо ҷалби сармояи хориҷӣ 10 адад корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи „Хуаксин Семент“ (Б.Ғафуров), „Чжунгстай моҳир семент“ (Ёвон), „Комбинати металлургии Тоҷикистон“ (Ҳисор), корхонаи ғанигардонии маъдан ва металлурги „Пакрут“ (Ваҳдат), навбати дуюми маркази барқу гармидиҳии „Душанбе-2“, „Чунтай- Данғара-Синсилу текстил“, „Ху Чан Ғаюр Индастриал“ (Ёвон), корхонаи „Криолит“(Ёвон), корхонаи маъдантозакунии ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Чин ба истифода дода шудаанд.
–Таваҷҷуҳи бештари сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба кадом самт равона шудааст, кадом соҳаҳо авлавият доранд?
–Соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, туризм, бонкдорӣ, суғуртакунонӣ аз афзалияти бештаре бархӯрдоранд.
Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра фаъолият менамоянд. Сармоягузорон ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимию тандурустӣ, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин намудани онҳо низ саҳм мегузоранд.
Бинобар аҳамияти бузург доштани соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт имрӯз дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад.
Яке аз соҳаи афзалиятноки ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ бахши сайёҳӣ мебошад, ки барои рушди он тамоми чораҳо андешида мешаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ шудааст. Давоми 5 соли охир бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ меҳмонхонаҳои панҷситорадори „Ҳаят Реҷенси“, „Душанбе Сирена“, „Шератон“ мавриди истифода қарор гирифтанд. Сохтмони меҳмонхонаи сатҳи байналмилалии „Кемпински“ идома дорад.
Терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ бунёд гашт.
–Барои ҷалби бештари сармоягузорон барномаҳои вижае ҳам рӯи даст доред?
–Мо барномаи мукаммали рушди соҳаи энергетикаро рӯи даст дорем, ки татбиқи он ба сармоягузорӣ, аз ҷумла сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад. Дар доираи татбиқи ин барнома аллакай ба як қатор дастовардҳои назаррас низ ноил гардидем. Барои мисол, сохтмони се неругоҳи барқи обӣ: неругоҳҳои Роғун, Шӯроб ва Даштиҷум бо ҷалби умумии 6 млрд. доллари ИМА имконият медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 32 млрд. кВт. соат неруи барқ истеҳсол карда шавад. Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад, ки аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба он 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
–Соли 2017 аз ҳисоби сармоягузорон сохтмони корхонаҳои азим ё заводу фабрикаҳо ҳам ба назар гирифта шудаанд?
–Дар соли 2017 сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад, дар назар аст. Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат ба нақша гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатии зикршуда ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ ҳафтуним миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.
Моҳи ноябри соли 2016 таҷдиду барқарорсозии навбати аввали корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ аз ҶДММ „Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ“-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз шуд, ки навбати аввали он моҳи феврали соли 2018 ба истифода супурда мешавад.
–Оё мушкиле ҳам ҳаст, ки барои пешрафти соҳа монеъ эъҷод мекарда бошад?
-Чун ҷумҳурии мо ҳанӯз ҳам дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ қарор дорад, мушкилиҳо дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бинобар нокифоя будани таҷриба дар ин самт ба назар мерасанд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ талаб менамояд, ки ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар пешниҳод карда шаванд.
Бинобар ин, тибқи супориши Сарвари давлат ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд. Ҳамчунин, барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод хоҳанд шуд.
Тавре аз арзёбии мавқеи мамлакат дар ҳисоботи „Пешбурди соҳибкорӣ“-и Бонки Ҷаҳонӣ бармеояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ҷои 128-умро дар байни 190 мамлакати ҷаҳон ишғол менамояд. Бинобар ин, барои баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ идомаи мантиқии ислоҳот оид ба содагардонии расмиёти бақайдгири соҳибкорӣ, иҷозатдиҳӣ, пайвастшавӣ ба қувваи барқ, дастрасӣ ба қарз, андозбандӣ, тиҷорати беруна ва ҳалли масъалаи пардохтапзирии корхонаҳои соҳибкорӣ зарур мебошад.
Маҳз бо назардошти мушкилоти мавҷуда, аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба масъалаи баробар намудани андозбандӣ ба сатҳи мамлакатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамчунин таҳия ва ба роҳ мондани механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳо барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳамаҷониба пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Гулноза бобомуродова